Санаи нашр:
Санаи эътиборнокӣ: 1 майи соли 2018
Шартномаи хизматрасониҳои Microsoft
Махфияти шумоМахфияти шумо1_YourPrivacy
Фишурда

1. Махфияти шумо. Махфияти шумо барои мо муҳим аст. Лутфан, Баёнияи махфияти Microsoft ("Баёнияи махфият")-ро хонед, зеро он навъҳои иттилоотеро, ки мо аз шумо ва дастгоҳҳои шумо ҷамъ мекунем ("Иттилоот"), тарзи истифодашавии иттилооти шумо аз ҷониби мо ва асосҳои қонунии коркарди иттилооти шумо аз ҷониби моро тасвир меамояд. Инчунин Баёнияи махфият тарзи истифодашавии муҳтавои шумо аз ҷониби Microsoft-ро тасвир мекунад, яъне, иртиботи шумо бо дигаронро; нашрҳоеро, ки аз ҷониби шумо ба Microsoft тавассути Хизматрасониҳо пешниҳод карда шудаанд; инчунин файлҳо, суратҳо, ҳуҷҷатҳо, аудио, корҳои рақамӣ, пахшҳои мустақим ва видеоҳоеро, ки шумо тавассути Хизматрасониҳо бор мекунед, нигоҳ медоред, пахш ё мубодила менамоед ("Муҳтавои шумо"). Дар ҷое, ки коркардкунӣ дар асоси розигӣ ва дар чорчӯбаи муқарраршудаи қонун бошад, бо розӣ шудан бо ин Шартҳо, шумо барои ҷамъоварӣ, истифода ва ифшои Муҳтаво ва Иттилооти худ аз ҷониби Microsoft тавре, ки дар Баёнияи махфият тасвир карда шудааст, розӣ мешавед. Дар баъзе ҳолатҳо мо ба шумо огоҳии алоҳидаро пешниҳод мекунем ва ба Баёнияи махфият истинод карда, розигии шуморо дархост мекунем.

Матни пурра
Мӯҳтавои шумоМӯҳтавои шумо2_yourContent
Фишурда

2. Мӯҳтавои шумо. Аксар Хидматҳои шумо имкон медиҳанд, ки Мӯҳтавои худро ҳифз ё мубодила кунед ё аз дигарон мавод гиред. Мо даъвои моликияти мӯҳтавои шуморо надорем. Мӯҳтавои шумо Мӯҳтавои шумо боқӣ мемонад ва шумо барои он масъул ҳастед.

  • а. Вақте ки шумо муҳтавои худро бо дигарон мубодила мекунед, шумо мефаҳмед, ки онҳо метавонанд, дар асоси умумиҷаҳонӣ, муҳтавои шуморо бе ҷуброн кардани шумо истифода баранд, захира кунанд, сабт намоянд, аз нав истеҳсол кунанд, пахш намоянд, интиқол диҳанд, мубодила ва намоиш диҳанд (ва дар HealthVault нест кунанд). Агар шумо нахоҳед, ки дигарон ингуна имконро дошта бошанд, Хидматҳоро истифода набаред ё Мӯҳтавои худро мубодила накунед. Шумо изҳор медоред ва кафолат медиҳед, ки дар муддати ин Шартҳо шумо барои муҳтавои худ, ки дар ё тавассути Хизматрасониҳо бор, захира ё мубодила шудааст ҳамаи ҳуқуқҳои заруриро доред (ва пайдо мекунед) ва ҷамоварӣ, истифода ва нигоҳдории муҳтавои шумо ягон қонун ё ҳуқуқҳои дигаронро вайрон намекунанд. Microsoft Мӯҳтавои шумоор соҳибият, назорат, тасдиқ намекунад, барои он пардохт намекунад, онро тасвиб намекунад ё ба таври дигар барои он масъул нест ва барои Мӯҳтавои шумо ё маводи боркарда, ҳифзшуда ё мубодилашудаи дигарон тавасстуи Хидматҳо ҷавобгар буда наметавонад.
  • b. То ҳадди зарурӣ барои пешниҳоди Хидматҳо ба шумо ва дигарон, бо мақсади муҳофизати шумо ва Хидматҳо ва такмил додани маҳсулотва хидматҳои Microsoft, шумо ба Microsoft иҷозтномаи умумиҷаҳонии ройгони моликияти зеҳниро барои истифодаи Мӯҳтавои шумо, масалан барои нусхабардорӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, шаклдигаркунӣ, намоиш ва паҳнкунӣ тавассути абзори алоқа, медиҳед. Агар шумо Мӯҳтавои худро дар он қитъаҳои Хидмат нашр кунед, ки он бидуни маҳдудият дар онлайн дастрас шавад, Мӯҳтавои шумо метавонад дар намоишҳо ё мавод барои таблиғи Хидмат зоҳир шавад. Баъзе Хидматҳо тавассути таблиғ дастгирӣ карда мешаванд. Унсурҳои идоракунии тарзи шахсисозии таблиғоти Microsoft дар саҳифаи Амният ва махфияти вебсайти идоракунии ҳисобҳои Microsoft дастрасанд. Мо он чизҳоеро, ки шумо дар почтаи электронӣ, чат, зангҳои видеоӣ ё почтаи овзӣ мегӯед ё ҳуҷҷатҳо, суртаҳо ё файлҳои шахсии шуморо барои равона кардани таблиғ ба шумо истифода намеӣарем. Сиёсатҳои таблиғотии мо ботафсил дар Баёнияи махфият шарҳ дода шудаанд.
Матни пурра
Қоидаи рафторҚоидаи рафтор3_codeOfConduct
Фишурда

3. Қоидаи рафтор.

  • a. Бо розӣ шудан ба ин Шартҳо шумо розӣ мешавед, ки ҳангоми истифодаи Хидматҳ қоидаҳои зеринро риоя мекунед:
    • i. Ягон кори ғайриқонунӣ накунед.
    • ii. Ба ягон фаъолияте, ки кӯдаконро истисмор мекунад, ба онҳо зиён мерасонад ё таҳдиди зиён расонидан дорад, даст назанед.
    • iii. Спам нафиристед. Спам паёмҳои электронии гурӯҳӣ, интишорҳо, дархостҳои тамос, SMS (паёмҳои матнӣ) ё паёмҳои фаврии номатлуб ё дархостнашуда мебошад.
    • iv. Барои мубодила кардани муҳтаво ё маводи номувофиқ (аз ҷумла, масалан, бараҳнагӣ, беҳаёӣ, порнография, алфози қабеҳ, саҳнаҳои зӯроварӣ ё фаъолияти криминалӣ) ё муҳтавои худ ё маводе, ки мувофиқи қонунҳои маҳаллӣ ё қоидаҳо намебошанд, Хизматрасониҳоро ошкоро намоиш надиҳед ё истифода набаред.
    • v. Бо фаъолияте машғул нашавед, ки фиребгарона, нодуруст ё гумроҳкунанда (масалан, бо баҳонаҳои бардурӯғ пул пурсидан, касе дигарро тақлид кардан, барои бисёр кардани шумораи пахш истифода бурдани Хизматрасониҳо ё таъсир расондани дараҷабандиҳо, рейтингҳо ё шарҳҳо) ё туҳматангез ё буҳтонӣ мебошад.
    • vi. Ягон маҳдудияти дастрасӣ ё мавҷудияти Хидматҳоро сарфи назар накунед.
    • vii. Ба фаъолияте, ки барои шумо, Хидматҳо ё дигарон зиёновар аст (масалан, интиқоли вирусҳо, таъқиб, нашр кардани муҳтавои террористӣ, фиристодани нутқи бадбинона ё тақвияти хушунат нисбати дигарон) даст назанед.
    • viii. Ҳуқуқҳои дигаронро поймол накунед (мас., мубодилаи беиҷозати мусиқии дорои ҳуқуқи муаллифӣ ё маводи дигари дорои ҳуқуқи муаллифӣ, бозфурӯхтан ё ба таври дигар паҳн кардани харитаҳо ё суратҳои Bing).
    • ix. Ба фаъолияте, ки махфият ё ҳуқуқҳои муҳофизати иттилооти дигаронро вайрон мекунад, даст назанед.
    • x. Ба дигарон дар вайронкунии ин қоидаҳо кӯмак нарасонед.
  • b. Иҷро. Агар шумо ин Шартҳоро вайрон кунед, пас мо метавонем, бо салоҳдиди худ, пешниҳод кардани Хизматрасониҳоро ба шумо қатъ намоем ё мо метавонем ҳисоби Microsoft-и шуморо барҳам диҳем. Инчунин мо метавонем бурдарасонии иртиботро (ба монанди номаи электронӣ, мубодилаи файл ё паёмнависии фаврӣ) ба ё аз Хизматрасониҳо бо мақсади татбиқ кардани ин шартҳо манъ кунем ё бо ҳар сабаб мо метавонем муҳтавои шуморо нест ё барои нашр кардан рад кунем. Ҳангоми таҳқиқ кардани вайронкуниҳои ин Шартҳо, Microsoft ҳуқуқ дорад, ки бо мақсади ҳал кардани мушкил Мӯҳтавои шуморо омӯзад ва шумо зимнан ба ингуна омӯзиш иҷозат медиҳед. Вале, мо тамоми Хидматро назорат карда наметавонем ва ингуна кӯшиш намекунем.
  • c. Тааллуқ ба Хидматҳои Xbox. Барои маълумот оиди тарзи тааллуқ доштани ин Қоидаи рафтор ба Xbox Live, Бозиҳо барои Windows Live ва бозиҳои Microsoft Studios, барномаҳо, хидматҳо ва муҳтавои аз ҷониби Microsoft пешниҳод мешуда, инҷо зер кунед. Вайронкунии Кодекси рафтор тавассути Хизматрасониҳои Xbox (ки дар қисмати 13 (а)(i) мауайян карда шудааст) метавонад боиси боздошт ё манъи иштирок дар Хизматрасониҳои Xbox гардад, аз ҷумла маҳрум кардан аз иҷозатномаҳои муҳтаво, вақти Узвияти тиллоии Xbox ва тавозунҳои ҳисоби Microsoft-и бо ҳисоб алоқаманд.
Матни пурра
Истифодаи Хидматҳо ва ДастгирӣИстифодаи Хидматҳо ва Дастгирӣ4_usingTheServicesSupport
Фишурда

4. Истифодаи Хидматҳо ва Дастгирӣ.

  • а. Ҳисоби Microsoft. Барои дастрасӣ ба аксар Хидматҳо ба шумо ҳисоби Microsoft лозим мешавад. Ҳисоби Microsoft ба шумо имкон медиҳад, ки ба маҳсулот, вебсайтҳо ва хидматҳои Microsoft ва баъзе шарикони Microsoft ворид шавед.
    • i. Эҷод кардани ҳисоб. Тавассути обуна шудан ба таври онлайн шумо ҳисоби Microsoft-ро эҷод карда метавонед. Ҳангоми обуна шудан ба ҳисоби Microsoft шумо розӣ мешавед, ки ҳар гуна маълумоти қалбакӣ, нодуруст ё гумроҳкунандаро истифода намебаред. Дар баъзе ҳолатҳо, ягон шахси сеюм, аз қабили провайдери хидмати интернет, метавонад барои шумо ҳисоби Microsoft таъин кунад. Агар шумо ҳисоби Microsoft-и худро аз ягон шахси сеюм гирифта бошед, он шахси сеюм метавонад дар мавриди ҳисоби шумо ҳуқуқҳои иловагӣ, аз қабили қобилияти дастрас шудан ба ё нест кардани ҳисоби Microsoft дошта бошад. Лутфан, шартҳои иловагии шахси сеюмро омӯзед, зеро Microsoft дар мавриди ин шартҳои иловагӣ масъулият надорад. Агар ҳисоби Microsoft-ро аз номи шахси дигар, аз қабили корхона ё корфармои худ, эҷод кунед, шумо изҳор медоред, ки дорои ваколати ба зиммаи он шахс гузоштани ин Шартҳо ҳастед. Шумо маълумоти корбари ҳисоби Microsoft-и худро ба корбар ё ниҳоди дигар интиқол дода наметавонед. Барои муҳофизати ҳисоби худ, маълумоти ҳисоб ва пароли худро махфӣ нигоҳ доред. Шумо барои тамоми амалҳое, ки дар ҳисоби Microsoft-и шумо рух медиҳанд, масъул мебошед.
    • ii. Истифодаи ҳисоб. Барои фаъол доштани ҳисоби Microsoft шумо бояд онро истифода баред. Ин маънои онро дорад, ки барои фаъол нигоҳ доштани ҳисоби Microsoft ва Хидматҳои марбут, шумо бояд на камтар аз як маротиба дар муддати панҷ сол ворид шавед, агар барои қисмати пардохтии Хидматҳо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Агар шумо дар дмуддат ворид нашавед, мо ҳисоби Microsoft-и шуморо ғайрифаъол меҳисобем ва онро барои шумо мебандем. Барои дидани оқибатҳои бастани ҳисоби Microsoft, лутфан ба фасли 4 (а)(iv)(2) нигаред. Шумо бояд дар муддати як сол на камтар аз як маротиба ба паёмдони даромади Outlook.com ва OneDrive-и худ (алоҳида) ворид шавед, вагарна мо паёмдони даромади Outlook.com ва OneDrive-и шуморо бандем. Барои нигоҳ доштани барчаспи бозингар, ки бо ҳисоби Microsoft-и шумо алоқаманд аст, шумо бояд ба Хизматрасониҳои Xbox ҳадди ақал дар панҷ сол як маротиба ворид шавед. Агар мо ба таври асоснок шубҳа намоем, ки ҳисоби Microsoft-и шумо аз ҷониби тарафи сеюм фиребкорона истифода шуда истодааст (масалан, дар натиҷаи вайрон шудани амнияти ҳисоб), Microsoft метавонад ҳисоби шуморо то барқарор карда тавонистани моликияти шумо боздорад. Дар асоси моҳияти чунин тақаллуб, ба метавонад лозим ояд, ки дастрасиро ба қисм ё тамоми Муҳтавои шумо ғайрифаъол кунем. Агар шумо ҳангоми дастрас кардани ҳисоби Microsoft-и худ ба мушкилӣ дучор шавед, ин вебсайтро аз назар гузаронед: https://go.microsoft.com/fwlink/?LinkId=238656.
    • iii. Кӯдакон ва ҳисобҳо. Бо истифодаи Хидматҳо, шумо изҳор мекунед, ки шумо дар маҳалли иқомати худ ба синни «балоғат» ё «масъулияти ҳуқуқӣ» расидаед ё барои ба зимма гирифтани уҳдадорӣ тибқи ин Шартҳо розигии боэътибори волид ё сарпарасти қонунирро доред. Агар шумо надонед, ки ба синни балоғат ё "масъулияти қонунӣ" дар ҷои истиқомататон расидаед ё не, ё ин қисматро нафаҳмед, лутфан, пеш аз эҷод кардани ҳисоби Microsoft аз волидонатон ё сарпарасти қонуниатон кумак ё розигӣ пурсед. Агар шумо волидайн ё сарпарасти ҳуқуқии ноболиғе, ки ҳисоби Microsoft эҷод мекунад, бошед, пас шумо ва ноболиғ ин Шартҳоро қабул мекунед ва розӣ мешавед, ки бо онҳо ӯҳдадор шавед ва барои тамоми истифодаи ҳисоби Microsoft ё Хизматрасониҳо масъул ҳастед, аз ҷумла барои харидҳо, хоҳ ҳисоби ноболиғ ҳозир кушода бошад, хоҳ дертар эҷод карда мешавад.
    • iv. Бастани ҳисоби шумо.
      • 1. Шумо метавонед Хизматрасониҳои мушаххасро бекор кунед ё дар вақти дилхоҳ ва бо ҳар гуна сабаб ҳисоби Microsoft-ро барҳам диҳед. Барои бастани ҳисоби Microsoft, лутфан аз https://go.microsoft.com/fwlink/p/?linkid=618278 боздид кунед. Вақте ки шумо аз мо дархости бастани ҳисоби Microsoft-ро мекунед, бо назардошти аз қароратон даст кашидани шумо, мо онро дар муддати 60 рӯз ба ҳолати боздошташуда мегузорем. Пас аз он давраи 60-рӯза, ҳисоби Microsoft-и шумо баста мешавад. Лутфан, барои тавзеҳи он, ки ҳангоми барҳам додани ҳисоби Microsoft-и шумо чӣ рух медиҳад, дар поён ба қисмати 4(a)(iv)(2) нигаред. Дубора ворид шудан дари он давраи 60-рӯза, ҳисоби Microsoft-и шуморо аз нав фаъол мекунад.
      • 2. Агар ҳисоби Microsoft-и шумо барҳам дода шавад (хоҳ аз тарафи шумо, хоҳ аз тарафи мо), якчанд ҳолат ба вуҷуд меояд. Якум, ҳуқуқи шумо барои истифода бурдани ҳисоби Microsoft барои дастрасӣ пайдо кардан ба Хизматрасониҳо фавран қатъ мегардад. Дуюм, мо Иттилоот ё Розигии шуморо, ки бо ҳисоби Microsoft-и шумо алоқаманд мебошад, нест мекунем ё ба таври дигар онро аз шумо ва ҳисоби Microsoft-и шумо ҷудо мекунем (агар қонун аз мо талаб накунад, ки онро нигоҳ дорем, ё онро ба шумо ё тарафи сеюме, ки аз ҷониби шумо муайян карда шудааст, интиқол диҳем). Шумо бояд як нақшаи нусхагирии эҳтиётии мунтазам дошта бошед, зеро пас аз баста шудани ҳисоб Microsoft Мӯҳтаво ва иттиллоти шуморо барқарор карда наметавонад. Сеюм, шумо метавонед дастрасӣ ба маҳсулотеро, ки харидорӣ намудаед, аз даст диҳед.
  • b. Ҳисобҳои корӣ ё мактабӣ. Шумо метавонед ба баъзе хидматҳои Microsoft бо суроғаи почтаи корӣ ё мактабӣ ворид шавед. Агар шумо чунин амал кунед, пас шумо розӣ мешавед, ки соҳиби домени бо суроғаи почтаи электронии шумо алоқаманд метавонад ҳисоби шуморо назорат ва идора намояд, инчунин ба Иттилооти шумо, аз ҷумла муҳтавоҳои иртибот ва файлҳои шумо датсрасӣ пайдо намояд ва онҳоро коркард кунад ва дар сурати таҳти хатар қарор гирифтани Иттилоот, Microsoft метавонад соҳиби доменро хабардор намояд. Иловатан, шумо розӣ мешавед, ки истифодаи хизматрасониҳои Microsoft метавонад таҳти шартномаҳои Microsoft, ки бо шумо ё ташкилоти шумо дорад, қарор гирад ва шояд ин Шартҳо татбиқ карда нашаванд Агар шумо аллакай ҳисоби Microsoft дошта бошед ва шумо суроғаи почтаи электронии алоҳидаи корӣ ё мактабиро барои дастрасӣ пайдо кардан ба Хизматрасониҳои фарогирифтаи тибқи ин Шартҳо истифода баред, пас барои идома додани дастрасӣ ба чунин Хизматрасониҳо аз шумо дархост карда мешавад, ки суроғаи почтаи электронии бо ҳисоби Microsoft-и худ алоқамандро навсозӣ намоед.
  • с. Таҷҳизоти иловагӣ/Нақшаҳои иттилоотӣ. Барои истифодаи аксар Хидматҳо, ба шумо пайвастшавӣ ба интернет ва/ё нақшаи иттилоотӣ/мобилӣ зарур мешавад. Инчунин, ба шумо таҷҳизоти иловагӣ, ба монанди гӯшмонак, камера ё микрофон лозим шуданаш мумкин аст. Шумо барои пешниҳоди ҳамаи пайвастшавиҳо, нақшаҳо ва таҷҳизоти зарурӣ барои истифода намудани Хизматрасониҳо ва пардохти маблағҳое, ки аз ҷониби провайдер(он)и пайвастшавиҳо, нақшаҳо ва таҷҳизоти шумо ситонида мешаванд, масъул мебошед. Он маблағҳо бар иловаи ҳамагуна маблағҳое, ки ба мо барои Хидматҳо пардохт мекунед ситонида мешаванд ва ҳеҷ яке аз он маблағҳоро ҷуброн намекунанд. Аз провайдер(ҳо)и худ оид ба татбиқ шудани ингуна пардохтҳои эҳтиолӣ барои шумо пурсед.
  • d. Огоҳиҳои хидмат. Вақте ки ба мо зарур шавад, ки дар бораи Хизматрсоние, ки шумо истифода мебаред чизеро ба шумо гуем, мо ба шумо огоҳиҳои Хизматрасониро ирсол мекунем. Дар робита бо ҳисоби Microsoft-и худ, агар шумо ба мо суроғаи почтаи электронӣ ё рақами телефони худро дода бошед, пас мо метавонем ба шумо огоҳиҳои Хизматрасониро тавассути почтаи электронӣ ё SMS (паёми матнӣ) ирсол намоем, аз ҷумла барои тасдиқ кардани шахсияти шумо қабл аз ба қайд гирифтани рақами телефони мобилии шумо. Инчунин мо метавонем ба шумо огоҳиҳои Хизматрасониро ба дигар воситаҳо ирсол намоем (масалан, тариқи паёмҳои дохилии маҳсулот). Ҳангоми гирифтани огоҳиҳо тавассути SMS шояд пардохтҳо барои иттилоот ё паёмнависӣ татбиқ шаванд.
  • e. Дастгирӣ. Дастгирии муштариён барои баъзе Хизматрасониҳо дар support.microsoft.com дастрас аст. Баъзе Хизматрасониҳо метавонанд дастгирии муштариёни алоҳида ё иловагиро пешниҳод намоянд, ки таҳти шартҳои дар www.microsoft.com/support-service-agreement дастрас, қарор доранд, агар ба таври дигар мушаххас карда нашуда бошад. Дастгирӣ метавонад барои версияҳои пешнамоишӣ ё бетаи хусусиятҳо ё Хизматрасониҳо дастрас набошад. Хидматҳо метавонанд бо нармафзор ва ё хидматҳои пешниҳоднамудаи шахсони сеюм мутобиқ набошанд ва шумо барои ошно шудан бо талаботи мутобиқат масъул ҳастед.
  • f. Қатъ кардани Хизматрасониҳои шумо Агар Хизматрасониҳои шумо бекор карда шаванд (хоҳ аз ҷониби шумо, хоҳ аз ҷониби мо) якум ҳуқуқи шумо барои дастрасӣ пайдо кардан ба Хизматрасониҳо фавран қатъ карда мешаванд ва иҷозатномаи шумо доир ба нармафзори Хизматрасониҳо ба охир мерасад. Дуюм, мо Иттилоот ё Розигии шуморо, ки бо Хизматрасонии шумо алоқаманд мебошад, нест мекунем ё ба таври дигар онро аз шумо ва ҳисоби Microsoft-и шумо ҷудо мекунем (агар қонун аз мо талаб накунад, ки онро нигоҳ дорем, ё онро ба шумо ё тарафи сеюме, ки аз ҷониби шумо муайян карда шудааст, интиқол диҳем). Дар натиҷа шумо метавонед дигар ба ҳар гуна Хизматрасониҳо (ё Муҳтавои шумо, ки дар он Хизматрасониҳо нигоҳ медоред) дастрасӣ пайдо накунед. Шумо бояд нақшаи нусхаи эҳтиётии муқаррарӣ дошта бошед. Сеюм, шумо метавонед дастрасӣ ба маҳсулотеро, ки харидорӣ намудаед, аз даст диҳед. Агар шумо ҳисоби Microsoft-и худро барҳам дода бошед ва ҳисоби дигаре надошта бошед, ки ба Хизматрасониҳо дастрасӣ пайдо карда тавонад, пас Хизматрасониҳои шумо фавран бекор карда мешаванд.
Матни пурра
Истифодаи барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюмИстифодаи барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм5_usingThird-PartyAppsAndServices
Фишурда

5. Истифодаи барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм. Хизматрасониҳо метавонанд ба шумо имконият диҳанд, ки ба маҳсулот, хизматрасониҳо, вебсайтҳо, пайвандҳо, муҳтаво, мавод, бозиҳо, маҳоратҳо, ҳамгироиҳо, барнома-роботҳо ё барномаҳои тарафҳои сеюми мустақил (ширкатҳо ё одамоне, ки Microsoft намебошанд) ("Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм") дастрасӣ пайдо ё онҳоро харидорӣ намоед. Аксари Хизматрасониҳои мо низ ба шумо ёрӣ медиҳанд, ки барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюмро ёбед, ба онҳо дархост кунед ё бо онҳо ҳамкорӣ намоед ё муҳтаво ва ё иттилооти худро мубодила кунед ва шумо мефаҳмед, ки шумо ба Хизматрасониҳои мо дастур дода истодаед, то ки ба шумо барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюмро пешниҳод намоянд. Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм низ метавонанд ба шумо имкон диҳанд, ки муҳтаво ё иттилооти худро бо ношир, провайдер ё оператори барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм ҳифз кунед. Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм метавонанд ба шумо сиёсати махфиятро пешниҳод намоянд ё аз шумо талаб кунанд, ки пеш аз насб ё истифодаи барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм шартҳои иловагиро қабул кунед. Барои шартҳои иловагӣ барои барномаҳо тавассути Office Store, Дӯкони Xbox ё Дӯкони Windows ба боби 13 (b) нигаред. Пеш аз харидорӣ, истифода ё пайваст кардани ҳисоби Microsoft-и худ ба ҳар гуна Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм шумо бояд ҳар гуна шартҳо ва сиёсатҳои махфияти иловагиро аз назар гузаронед. Ягон шартҳои иловагӣ ин Шартҳоро тағйир намедиҳанд. Microsoft дар доираи Барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм ба шумо барои ягон моликияти зеҳнӣ иҷозатнома намедиҳад. Шумо розӣ мешавед, ки тамоми хавф ва масъулиятеро, ки аз истифодаи ин Барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм бармеоянд ба зимма мегиред ва Microsoft барои ҳамагуна мушкилоте, ки аз истифодаи онҳо бармеоянд, масъул нест. Microsoft дар назди шумо барои маълумот ё хизматрасониҳое, ки аз ҷониби барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм пешниҳод мешаванд, масъул ё ҷавобгар нест.

Матни пурра
Дастрасии хидматДастрасии хидмат6_serviceAvailability
Фишурда

6. Дастрасии хидмат.

  • a. Хидматҳо, Барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм ва ё мавод ё маҳсулоти тавассути Хидматҳо пешкашшаванда метавонанд баъзан дастнорас бошанд, ба қадри маҳдуд пешниҳод карда шаванд ё вобаста аз минтақа ва дастгоҳи шумо фарқ кунанд. Агар шумо ҷойгиршавии бо ҳисоби Microsoft марбути худро иваз кунед, шояд ба шумо аз нав ба даст овардани мавод ва барномаҳое, ки дар минтақаи пешина барои шумо дастрас буданд ва пардохт шуда буданд, лозим шавад. Шумо розӣ мешавед, ки мавод ё Хидматҳоеро, ки ғайриқонунӣ ҳастанд ё иҷозатнома барои истифода дар кишваре, ки шумо аз онҷо мавод ё Хидматҳоро дастрас ё истифода мекунед, надоранд, дастрас ва истифода намекунед ё бо мақсади дастрас ё истифода кардани чунин мавод ё Хидматҳо ҷойгиршавӣ ё шахсияти худро пинҳон ё тақаллуб намекунед.
  • b. Мо мекӯшем, Хидматҳоро дар ҳолати корӣ нигоҳ дорем; вале, ҳамаи хизматрасониҳои онлайнӣ баъзан қатъ ва бурида мешаванд ва Microsoft барои ягон қатъшавӣ ё зиёни эҳтимолии ба шумо расида масъул нест. Дар сурати қатъ шудан, шояд шумо Мӯҳтаво ё Иттилооти ҳифзкардаи худро ихроҷ карда натвонед. Мо ба шумо тавсия медиҳем, и Муҳтаво ва Иттилооти худро, ки дар Хизматрасониҳо ё Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм нигоҳ медоред, нусхаи эҳтиётиашонро ба таври мунтазам эҷод кунед.
Матни пурра
Навсозиҳои Хидматҳо ва Нармафзор ва тағйирот ба ин ШартҳоНавсозиҳои Хидматҳо ва Нармафзор ва тағйирот ба ин Шартҳо7_updatesToTheServicesOrSoftwareAndChangesToTheseTerms
Фишурда

7. Навсозиҳои Хидматҳо ва Нармафзор ва тағйирот ба ин Шартҳо.

  • a. Мо метавонем ин Шартҳоро дар вақти дилхоҳ тағйир диҳем ва мо ба шумо мегӯем, ки кай ин корро мекунем. Истифодаи Хидматҳо пас аз эътибор пайдо кардани тағйирот маънои онро дорад, ки шумо ба шартҳои нав розӣ ҳастед. Агар шумо бо шартҳои нав розӣ набошед, пас шумо бояд истифодаи Хизматрасониҳоро қатъ кунед, ҳисоби Microsoft-и худро барҳам диҳед ва агар шумо волидайн ё сарпараст бошед, ба ноболиғи худ ёрӣ расонда ҳисоби Microsoft-и ӯро барҳам диҳед.
  • b. Баъзан барои идома додани истифодаи Хидматҳо ба шумо навсозиҳои нармафзор лозим мешаванд. Мо метавонем версияи нармафзори шуморо тафтиш кунем ва навсозиҳои нармафзор ё тағйироти конфигуратсия боргирӣ кунем. b. Инчунин аз шумо барои идома додани истифодаи Хидматҳо навсозии нармафзор талаб карда мешавад. Чунин навсозиҳо бояд ба ин Шартҳо мутобиқ бошанд, агар шартҳои дигар навсозиҳоро ҳамроҳӣ накунанд, ки дар ин ҳолат бояд он шартҳои дигар татбиқ шаванд. Microsoft ӯҳдадор нест, ки ҳар гуна навсозиҳоро дастрас намояд ва кафолат намедиҳад, ки мо версияи системаи нармафзор, барномаҳо, муҳтаво ё дигар маҳсулотро, ки шумо харидорӣ намудаед ё иҷозатномаҳояшонро гирифтаед, дастгирӣ мекунем. Чунин навсозиҳо метавонанд бо нармафзор ё хидматҳои тарафи сеюм мутобиқ набошанд. Шумо метавонед ризоияти худ ба навсозиҳои нармафзори ояндаро дар вақти дилхоҳ бо насб кардани нармафзор бозхонед.
  • c. Илова бар ин, шояд баъзан ба мо хориҷ кардан ё тағйир додани хусусиятҳо ё функсияҳои Хидмат ё қатъ намудани таъмини Хидмат ё дастрасӣ ба Барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм дар якҷоягӣ лозим ояд. Ба истиснои дараҷаи талабнамудаи қонунҳои дахлдор, мо барои пешниҳод кардани боргирии такрорӣ ё ивази ягон мавод, Молҳои рақамӣ (дар фасли 13 (k) муқаррар карда шудааст) ё барномаҳои қаблан харидоришударо уҳдадор намебошем. Мо метавонем Хизматрасониҳо ё хусусиятҳои онҳоро бо версияи пешнамоишӣ ё бета нашр намоем, ки метавонанд ба таври дуруст кор накунанд ё бо ҳамин тариқ версияи ниҳоӣ метавонад кор кунад.
  • d. То ин ки шумо маводи бо идоракунии ҳуқуқҳои рақамӣ муҳофизатшударо (ИҲР) истифода бурда тавонед, ба монанди мусиқӣ, бозиҳо, филмҳо, китобҳо, ва бештар, нармафзори ИҲР метавонад ба таври худкор бо сервери ҳуқуқҳои онлайн дар тамос шавад ва навсозиҳои ИҲР-ро боргирӣ намояд.
Матни пурра
Иҷозатномаи нармафзорИҷозатномаи нармафзор8_softwareLicense
Фишурда

8. Иҷозатномаи нармафзор. Агар бо шартномаи иҷозатномавии алоҳидаи Microsoft ҳамроҳӣ карда нашавад (масалан, агар шумо барномаи Microsoft-ро истифода бурда истода бошед, ки бо Windows ҳамроҳ карда шуда бошад ва ҷузъи он бошад, пас Шартҳои иҷозатномавии нармафзорҳои Microsoft барои системаи омили Windows чунин нармафзорро танзим менамоянд), пас ҳар гуна нармафзоре, ки аз ҷониби мо ба шумо ҳамчун як ҷузъи Хизматрасониҳо пешниҳод карда мешавад, таҳти ин Шартҳо қарор мегирад. Барномаҳое, ки тавассути Office Store, Windows Store ва Xbox Store харидаорӣ карда мешаванд таҳти қисмати 13 (b) дар поён қарор доранд.

  • a. Агар шумо ба ин Шартҳо мутобиқат кунед, мо ба шумо ҳуқуқи насб кардан ва истифода бурдани як нусхаи нармафзорро дар як дастгоҳ дар асоси умумиҷаҳонӣ барои истифода аз ҷониби танҳо як шахс дар як вақт ҳамчун қисми истифодаи Хидматҳо аз ҷониби шумо медиҳем. Дар баъзе дастгоҳҳо чунин нармафзор метавонад барои истифодаи шахсӣ, ғайритиҷоратии Хизмарасониҳо қаблан насб шуда бошад. Нармафзор ё вебсайте, ки қисми Хидматҳост, метавонад дорои рамзи тарафи сеюм бошад. Барои ҳамаи скриптҳо ё рамзи тарафи сеюм, ки дар нармафзор пайванд дода шудаанд ё истинод карда шудаанд, ба шумо аз ҷониби тарафҳои сеюме иҷозатнома дода мешаванд, ки молики чунин рамз ҳастанд, на аз ҷониби Microsoft. Огоҳиҳо, агар бошанд, барои рамзи тарафи сеюм танҳо барои маълумоти шумо шомил карда мешаванд.
  • b. Ба нармафзор иҷзатнома дода мешавад, он фурӯхта намешавад, ва Microsoft дорои ҳамаи ҳуқуқҳо ба нармафзоре мебошад, ки мустақиман аз ҷониби Microsoft дода нашудааст, хоҳ ба таври назардоштӣ, маҳрумяит ва хоҳ ба таври дигар. Ин иҷозатнома ба шумо ҳеҷгуна ҳуқуқ намедиҳад ва шумо ҳақ надоред, ки:
    • i. давр зада гузаштани чораҳои муҳофизати технологӣ дар Хидматҳо нармафзор ё дар робита бо онҳо;
    • ii. ба қисмҳо ҷудо кардан, таҷзия кардан, берамз кардан, шикастан, тақлид кардан, истисмор кардан ё аз нав тарҳрезӣ кардани ҳамагуна нармафзор ё ягон ҷбҳаи дигари Хидматҳое, ки ба Хидматҳо шомил шудааст ё тавассути онҳо дастрас аст, ба ҷуз аз ва танҳо то ҳадди мустақиман иҷозатдодаи қонуни ҳуқуқи муаллифии татбиқшаванда;
    • iii. ҷудо кардани ҷузъҳои нармафзор ё Хидматҳо барои истифода дар дастгоҳҳои гуногун;
    • iv. нашр кардан, нусха гирифта, иҷора додан, ба лизинг додан, фурӯхтан, содирот кардан, воридот кардан, пааҳн кардан ё қарз додани нармафзор ё Хидматҳо, агар Microsoft ба шумо мустақиман иҷозати чунин карданро надиҳад;
    • v. интиқол додани нармафзор, ягон иҷозатномаи нармафзор ё ягон ҳуқуқи дастра кардан ё истифодаи Хидматҳо;
    • vi. истифода бурдани Хидматҳо бо ягон тарзи иҷозатнашуда, ки метавонад ба истифодаи онҳо аз ҷониби каси дигаре ё дарёфт кардани дастрасӣ ба ягон хидмат, иттилоот, ҳисоб ё шабака халал расонад;
    • vii. имконпазир кардани дастрасӣ ба Хидматҳо ё тағйир додани ягон дастгоҳи тасвибкардаи Microsoft (мас., Xbox One, Xbox 360, Microsoft Surface ва ғ.) аз ҷониби барномаҳои тасвибнашудаи тарафи сеюм.
Матни пурра
Шартҳои пардохтШартҳои пардохт9_paymentTerms
Фишурда

9. Шартҳои пардохт. Агар шумо ягон Хидматро харед, он гоҳ ин шартҳои пардохт дар мавриди шумо амал мекунанд ва шумо бо онҳо розӣ мешавед.

  • a. Пардохтҳо. Агар ягон пардохти бо қисме аз Хидматҳо алоқаманд мавуд бошад, шумо розӣ мешавед, ки онро бо асъори нишондодашуда пардохт кунед. Нархи барои Хидматҳо зикршуда бе назардошти ҳамаи андозҳо ва фарқияти мубодилаи асъор аст, агар таври дигар зикр нашуда бошад. Ҳамаи нархҳо барои маҳсулоти Skype андозҳои татбиқшавандаро дарбар мегиранд, агар ба таври дигар зикр нашуда бошад. Пардохти чунин андозҳо ва пардохтҳо масъулияти истисноии шумост. Skype дар асоси суроғаи ҷои истиқомат, ки бо маълумоти биллингӣ алоқаманд аст, андозҳоро ҳисоб мекунад. Шумо барои таъмин намудани суроғаи ҷорӣ ва дурустии он масъул мебошед. Ба истиснои маҳсулоти Skype андозҳо дар асоси ҷойгиршавии шумо ҳангоми бақайдгирии ҳисоби Microsoft ҳисоб карда мешавад агар қонуни маҳаллӣ асоси дигареро барои ҳисобкунӣ талаб накунад. Агар мо аз шумо пардохти пурра ва саривақтӣ нагирем, метавонем Хидматҳоро боздорем ё қатъ кунем. Боздоштан ё бекор кардани Хидматҳо барои напардохтан метавонад боиси аз даст рафтани дастрасӣ в истифодаи ҳисоби шумо ва мӯҳтавои он гардад. Пайвастшавӣ ба Интернет тавассути шабакаи корпоративӣ ё дигар шабакаи хусусӣ ҷойгиршавии шуморо пинҳон мекунад, ки боиси пардохтҳое мегардад, ки аз пардохтҳои намоиш додашудаи ҷойгиршавии аслии шумо фарқ мекунанд. Вобаста аз макони шумо, баъзе амалиёт метавонад истифодаи асъори хориҷӣ талаб кунад ё дар кишвари дигар коркард карда шавад. Бонки шумо метавонад барои чунин хизматрасониҳо дар мавриди истифода шудани корти дебети ё қарзӣ маблағи иловагӣ ситонад. Барои маълумоти бештар гирифтан, ба бонки худ муроҷиат кунед.
  • b. Суратҳисоби шумо. Барои пардохт кардан барои Хидмат, аз шумо дархост карда мешавад, ки дар вақти сабти ном кардан дар Хидмат усули пардохтеро нишон диҳед. Шумо метавонед ба маълуомти биллингӣ ва усули пардохт датсрасӣ пайдо кунед ва онҳоро дар вебсайти идоракунии ҳисоби Microsoft ва аз они Skype-ро тавассути ворид шудан ба портали ҳисоби худ дар https://skype.com/go/myaccount тағйир диҳед. Илова бар ин, шумо розӣ мешавед, ки ба Microsoft иҷозати истифодаи ҳамагуна маълумоти ҳисоб оид ба усули пардохти интихобкардаи худро аз ҷониби бонки эмитент ё шабакаи пардохт диҳед. Шумо розӣ мешавед, ки ҳисоб ва маълумоти дигари худро дарҳол нав кунед, аз ҷумла суроғаи почтаи электронӣ ва тафсилоти усули пардохт, то мо тавонем амалиёти шуморо иҷро кунем ва дар мавриди лозимӣ дар робита бо амалиёти шумо бо шумо дар тамос шавем. Тағйироти ба суратҳисоби шумо воридкардашуда ба пардохтҳои ба суратҳисоби шумо пешниҳодкардаи мо то он даме ки мо нисбати тағйирот дар ҳисоби шумо амали оқилона иҷро накунем, таъсир намерасонанд.
  • c. Пешниҳоди ҳисоб. Бо пешниҳод намудани усули пардохт ба Microsoft шумо (i) ифода мекунед, ки барои истифода бурдани усули пардохти пешниҳодкардаатон ваколатдор мебошед ва ҳамагуна маълумоти пардохт, ки шумо пешниҳод мекунед, дуруст ва саҳеҳ мебошад; (ii) ба Microsoft иҷозат медиҳед, ки усули пардохти шуморо истифода бурда, барои Хизматрасониҳо ё муҳтавои дастрас аз шумо маблағ ситонад; ва (iii) ба Microsoft иҷозат медиҳед, ки барои ҳар гуна хусусияти пулакии Хизматрасониҳо, ки шумо ба он ҳангоми қувваи қонунӣ доштани ин Шартҳо обуна мешавед ё истифода мебаред, аз шумо маблағ ситонад. Мо метавонем ба шумо ҳисоб пешниҳод намоем (a) пешакӣ; (b) дар лаҳзаи харид; (c) чанде пас аз харид; ё (d) ё ба таври мунтазам барои Хидматҳои обунавӣ. Инчунин, мо метавонем аз шумо то маблағи тасдиқкардаатон пардохт ситонем ва мо шуморо дар бораи ҳамагуна тағйироти маблағи ситонидашаванда барои Хидматҳои обунавии мунтазам огоҳ менамоем. Мо метавонем ба шумо барои зиёда аз як давраи пешниҳоди ҳисоб ба маблағҳои қаблан коркард нашуда ҳисоб пешниҳод кунем.
  • d. Пардохтҳои мунтазам. Вақте ки шумо Хизматрасониҳоро дар асоси обунашавӣ харидорӣ мекунед (масалан, ҳар моҳ, ҳар 3 моҳ ё ҳар сол), шумо розӣ мешавед, ки ба пардохтҳои такрорӣ иҷозат диҳед ва пардохтҳо ба Microsoft бо усул ва фосилаҳои такрорие, ки шумо розӣ шудед, то он даме ки обуна ба Хизматрасонӣ аз ҷониби шумо ё Microsoft қатъ карда нашавад, анҷом дода мешаванд. Бо иҷозат додани пардохтҳои такрорӣ, шумо ба Microsoft иҷозат медиҳед, ки чунин пардохтҳоро ҳамчун пардохтҳои дебетии электронӣ ё интиқоли маблағҳо ё ҳамчун супоришномаҳои электронӣ аз ҳисоби таъйиншудаи шумо (барои Палатаи худкори ҳисоббаробаркунӣ ё пардохтҳои монанд) ё ҳамчун пардохтҳо ба ҳисоби таъйиншудаи шумо (барои кортҳои қарзӣ ё пардохтҳои монанд) (дар якҷоягӣ, "Пардохтҳои электронӣ") коркард намояд. Умуман, пардохтҳои обуна пеш аз давраи обунаи татбиқшаванда ситонида мешаванд. Агар ҳар гуна пардохт пардохт нашуда баргардонида шавад ё агар ҳар гуна корти қарзӣ ё амалиёти монанд рад ё инкор карда шавад, пас Microsoft ё провайдерони хизматрасониҳои он ҳуқуқ доранд, ки ҳар гуна моли баргардонидашаванда, рад ё маблағҳои нокофиро ҷамъ намоянд ва ҳар гуна чунин пардохтро ҳамчун Пардохти электронӣ коркард кунанд.
  • e. Таҷдиди худкор. Агар тибқи қонуни татбиқшаванда таҷдиди худкор иҷозат дода шавад, пас шумо метавонед таҷдидкунии худкорро дар охири давраи муайяни хизматрасонӣ барои Хизматрасониҳо интихоб кунед. Қабл аз ҳар гуна таҷдиди Хизматрасониҳо барои мӯҳлати нав мо шуморо тавассути почтаи электронӣ ё ба таври дигари маъқул хотиррасон мекунем ва тибқи фасли 9(k) шуморо аз ҳар гуна тағйироти нарх огоҳ менамоем. Агар шумо мувофиқи дастурҳои дар поён овардашуда Хидматҳоро бекор накарда бошед, баъд аз он, ки мо шуморо оиди таҷдиди худкори Хидматҳо хотиррасон мекунем, мо метавонем Хидматҳои шуморо дар охири давраи ҷории хизматрасонӣ таҷдид кунем ва аз шумо барои давраи таҷдидшаванда бо нархи ҷорӣ маблағ ситонем. Инчунин, мо ба шумо хотиррасон менамоем, ки мо барои таҷдиди Хидмат бо усули пардохти интихобкардаатон ба шумо ҳисоб пешниҳод мекунем, хоҳ он дар санаи таҷдид сабт шуда бошад ё баъдтар пешниҳод карда шавад. Инчунин, мо ба шумо дастур медиҳем, ки чӣ тавр Хидматҳоро бекор карда метавонед. Шумо бояд Хидматҳоро то санаи таҷдид бекор кунед, то ки барои таҷдиид ба шумо ҳисоб пешниҳод карда нашавад.
  • f. Ҳисоботи онлайн ва хатоҳо. Microsoft ба шумо ҳисоботи онлайни пешниҳоди ҳисобро дар Вебсайти идоракунии ҳисоби Microsoft пешкаш менамояд, ки шумо метавонед дар онҷо ҳисоботи худро бинед ва чоп кунед. Барои Skype, шумо метавонед ба ҳисоботи онлайни худ тавассути ворид шудан ба ҳисоби худ дар www.skype.com дастрасӣ пайдо кунед. Ин ягон ҳисоботи пешниҳоди ҳисоб аст, ки мо медиҳем. Агар мо дар ҳисоби шумо хатое кунем, шумо бояд дар давоми 90 рӯз пас аз бори аввал ошкор шудани хато дар ҳисоб ба мо хабар диҳед. Он гоҳ, мо маблағро зуд тафтиш мекунем. Агар қонунгузорӣ акси ҳолро талаб накунад, агар шумо дар ин давра хабар надиҳед, шумо моро аз ҳамаи масъулиятҳо ва даъвоҳо оид ба зиён, ки дар натиҷаи хато ба амал меоянд, озод менамоед ва мо уҳдадор нестем, ки хаторо ислоҳ кунем ё маблағро баргардонем. Агар Microsoft ягон хатои пешниҳоди ҳисобро ошкор намояд, он дар давоми 90 рӯз ислоҳ карда мешавад. Ин сиёсат ба ягон ҳуқуқҳои қонунии амалкунанда таъсир намерасонад.
  • g. Сиёсати бозгардонидани маблағҳо. Агар қонун ё пешниҳоди мушаххаси Хидмат чизи дигарро пешбинӣ накунад, ҳамаи харидҳо ниҳоиянд ва маблағашон барградонидашаванда нест. Агар ба ақидаи шумо Microsoft аз шумо хато пардохт ситонида бошад, шумо бояд дар давоми 90 рӯз пас аз ин бо мо тамос гиред. Агар қонунгузорӣ акси ҳолро талаб накунад, баъди гузаштани 90 рӯз ягон маблағ баргардонида намешавад. Мо ҳақ дорем, ки бо салоҳияти истисноии худ маблағҳо ё кредитҳоро баргардонем. Агар мо маблағеро баргардонем ё кредит пешниҳод кунем, мо ҳеҷгуна ӯҳдадорӣ надорем, ки чунин баргардонишро дар оянда ҳам кунем. Ин сиёсати баргардонидани маблағ ба ягон ҳуқуқҳои қонунии амалкунанда таъсир намерасонад. Барои оиди баргардонидани маблағ маълумоти бештар гирифтан, мавзуи кӯмаки моро аз назар гузаронед. Агар шумо дар Тайван зиндагонӣ кунед, дар хотир доред, ки мувофиқи қонуни Тайван оиди муҳофизати муштариён ва қонунгузории мувофиқи он, ҳамаи харидҳои марбут ба муҳтавои рақамии дар шакли ғайримоддӣ пешниҳодшуда ва/ё хизматрасониҳои онлайн интиҳоӣ буда, агар чунин муҳтаво ё хизматрасониҳо ба таври онлайн пешниҳод карда шаванд, маблағи онҳо баргардонида намешавад. Шумо барои талаб кардани ягон гуна давраи андешиданӣ ё баргардонии маблағ ҳуқуқ надоред.
  • h. Бекор кардани Хидматҳо. Шумо метавонед ягон Хидматро дар вақти дилхоҳ, бо огоҳӣ ё бе огоҳӣ бекор кунед. Барои Хидматеро бекор кардан ва баргардонидани маблағи онро дархост кардан (агар шумо барои ин ҳуқуқ дошта бошед), ба вебсайти идоракунии ҳисобҳои Microsoft гузаред. Барои Skype, лутфан Шакли бароришро бо истифода аз маълумоти дар инҷо пешниҳодшуда пур кунед. Шумо бояд баргашта пешниҳодеро, ки Хизматрасониҳоро шарҳ медиҳад, истинод кунед, зеро (i) шумо метавонед ҳангоми бекоркунӣ бозпардохт нагиред; (ii) шумо шояд ӯҳдадор карда шавед, ки маблағҳои бекоркуниро пардохт намоед; (iii) шумо шояд ӯҳдадор карда шавед, ки ҳамаи маблағҳоеро, ки барои Хизматрасониҳо ба ҳисоби биллингии шумо пардохт карда шудаанд, қабл аз санаи бекоркунӣ пардохт намоед; ва (iv) шумо метавонед дастрасӣ ба ва истифодаи ҳисоби худро ҳангоми бекор кардани Хизматрасониҳо аз даст диҳед; ё, агар шумо дар Тайван зиндагӣ кунед, (v) шумо метавонед бозпардохтро дар ҳаҷми баробар ба маблағи истифоданашуда барои Хизматрасоние, ки шумо пардохт кардаед, дар вақти бекоркунӣ гиред. Мо Иттилооти шуморо тавре, ки дар боло дар қисмати 4 тасвир карда шудааст, коркард мекунем. Агар шумо бекор намоед, пас дастрасии шумо ба Хизматарсониҳо дар охири давраи ҷории Хизматрасонии шумо қатъ мегардад ё агар мо ба ҳисоби шумо дар асоси даврӣ ҳисоб пешниҳод намоем, пас дар охири даврае, ки шумо бекор кардед.
  • i. Пешниҳодҳои давраи озмоишӣ. Агар шумо дар ягон пешниҳоди давраи озмоиш иштирок кунед, шумо бяод Хидмат(ҳо)и озмоиширо дар охири давраи озмоиш бекор кунед, то хароҷоти навро пешгирӣ кунед, ба шарте ки ба таври дигар огоҳ накунед. Агар шумо Хидмат(ҳо)и озмоиширо дар охири дасраи озмоиш бекор накунед. мо метавонм аз шумо барои Хидмат(ҳо) пардохт ситонем.
  • j. Пешниҳодҳои таблиғӣ. Дар ҳар чанд вақт, Microsoft метавонад Хидматҳоро барои як давраи озмоиш ройгон пешниҳод кунад. Агар Microsoft муайян намояд (бо салоҳдиди асосноки худ), ки шумо шартҳои пешниҳодро сӯиистифода карда истодаед, пас Microsoft ҳуқуқ дорад, ки аз шумо барои чунин Хизматрасониҳо маблағ ситонад (бо арзиши муқаррарӣ).
  • k. Тағйирёбии нархҳо. Мо метавонем нархи Хизматрасониҳоро ҳар вақт тағйир диҳем ва агар шумо пардохти такрорӣ дошта бошед, пас мо ба шумо тавассути почтаи электронӣ ё ба таври дигар, ҳадди ақал 15 рӯз пеш аз тағйироти нарх хабар медиҳем. Агар шумо бо тағйири нарх розӣ нашавед, бояд пеш аз ҷорӣ шудани тағири нарх Хидматҳоро бекор ва истифодаи онҳоро қатъ кунед. Агар ягон давраи мушаххас бошад ва нархи пешниҳоди Хидмати шумо, он нарх барои ҳамон давраи мушаххас амал мекунад.
  • l. Пардохтҳо ба шумо. Агар мо аз шумо пардохт қарздор бошем, шумо розӣ мешавед, ки ба мо барои расонидани пардохт ба шумо маълумоти саривақтӣ ва саҳеҳ пешниҳод кунед. Шумо барои ҳамагуна андозҳо ва пардохтҳои дар натиҷаи ин пардохт ба шумо ба амал омада масъул ҳастед. Инчунин, шумо бояд ҳамаи шартҳои дигареро, ки мо ба ҳуқуқи шумо ба ягон пардохт муқаррар менамоем, риоя кунед. Агар шумо ягон пардохтро нодуруст гиред, мо метавонемо онро баргардонем ё аз шумо баргардонидани онро талаб намоем. Шумо бояд ба мо дар ин масъала кӯмак расонед. Инчунин, мо метавонем пардохти шуморо бе огоҳӣ бо мақсади ҷуброн кардани пардохти изофии пешина кам кунем.
  • m. Кортҳои тӯҳфагӣ. Кафорат ва истифодаи кортҳои тӯҳфагиро (ба ҷуз аз кортҳои тӯҳфагии Skype) Шартҳои корти тӯҳфагии Microsoft танзим мекунад. Маълумот дар бораи кортҳои тӯҳфагии Skype дар Саҳифаи кӯмак и Skype дастрас аст.
  • n. Усули пардохти ҳисоби бонкӣ. Шумо метавонед ҳисоби бонкии мувофиқро бо ҳисоби Microsoft-и худ ба қайд гиред, то ки онро ҳамчун як усули пардохт истифода баред. Ҳисобҳои бонкии мувофиқ ҳисобҳоеро дар бар мегиранд, ки дар муассисаҳои молиявие мебошанд, ки вурудҳои дебетии мустақимро қабул карда метавонанд (масалан, муассисаи молиявии ШМА, ки вурудҳои палатаи худкори ҳисоббаробаркуниро дастгирӣ мекунад ("АСН"), муассисаи молиявии аврупоӣ, ки Минтақаи пардохтҳои ягонаи евроро дастгирӣ мекунад ("SEPA") ё "iDEAL" дар Ҳолланд). Инчунин шартҳое татбиқ карда мешаванд, ки шумо бо онҳо ҳангоми илова кардани ҳисоби бонкии худ ҳамчун усули пардохт дар ҳисоби Microsoft-и худ розӣ шудед. Шумо изҳор медоред ва кафолат медиҳед, ки ҳисоби бонкии шумо ба номи шумо ба қайд гирифта шудааст ё шумо ваколат доред, ки ин ҳисоби бонкиро ҳамчун усули пардохт ба қайд гирифта ва истифода бурда метавонед. Ҳисоби бонкии худро ҳамчун усули пардохт ба қайд гирифта ё интихоб карда, шумо ба Microsoft (ё намояндаҳои он) иҷозат медиҳед, то ки барои маблағи умумии харид ё обуна як ё якчанд дебетро аз ҳисоби бонкии шумо (мувофиқи шартҳои хизматрасонии обунаи шумо) оғоз намояд (ва агар зарур бошад, ба ҳисоби бонкии шумо барои ислоҳ кардани хатоҳо, додани бозпардохт ё мақсади монанд як ё якчанд қарзро оғоз намояд), инчунин шумо ба муассисаи молиявие, ки дар он ҳисоби бонкӣ доред, иҷозат медиҳед, то ки чунин дебетҳоро нигоҳ дорад ё чунин қарзҳоро қабул намояд. Шумо мефаҳмед, ки ин иҷозат то он вақте, ки шумо маълумоти ҳисоби бонкии худро аз ҳисоби Microsoft-и худ нест накунед дорандаи қувваи пурраи ҳуқуқӣ боқӣ мемонад. Агар шумо боварӣ дошта бошед, ки аз шумо саҳван маблағ ситониданд, пас зуд бо маркази дастгирии муштариён, ки дар боло дар фасли 4(е) баён шудааст, дар тамос шавед. Инчунин қонунҳои татбиқшавандаи кишвари шумо метавонанд ҷавобгарии шуморо барои ҳар гуна амалиётҳои фиребгарона, хато ё беиҷозат аз ҳисоби бонкии шумо маҳдуд намоянд. Ҳисоби бонкии худро ҳамчун усули пардохт ба қайд гирифта ё интихоб карда, шумо эътироф мекунед, ки ин Шартҳоро хондед, фаҳмидед ва бо онҳо розӣ ҳастед.
Матни пурра
Мақоми шартномавӣ, интихоби ҳуқуқи татбиқшаванда ва ҷои ҳалли баҳсҳоМақоми шартномавӣ, интихоби ҳуқуқи татбиқшаванда ва ҷои ҳалли баҳсҳо10_11_contractingEntityChoiceOfLaw
Фишурда

10. Мақоми шартномавӣ, интихоби ҳуқуқи татбиқшаванда ва ҷои ҳалли баҳсҳо. Барои истифодаи ройгон ва пулакии шумо аз Хизматрасониҳои истеъмолии брендии Skype, ки шумо бо он шартнома баста истодаед, ҳар гуна истинодҳо ба "Microsoft" дар ин Шартҳо маънои Skype Communications S.à.r.l, 23-ро дорад – 29 Rives de Clausen, L-2165 Luxembourg. Дар мавриди истифодаи Хидматҳои ройгон ё пардохтии истеъмолкунандаи бренди Skype, тафсири Шартҳои мазкур ва даъвоҳо оид ба вайронкунии онҳо, новобаста аз принсипи ихтилофи қонунҳо, тибқи қонунгузории Люксембург танзим карда мешаванд. Ҳамагуна даъвоҳои дигар тибқи қонунҳои музофот ё кишваре, ки шумо дар онҷо иқомат мекунед, танзим карда мешаванд (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ). Агар шумо тавассути эҷод кардани ҳисоби Skype шартҳоро қабул кунед, шумо ва мо бечунучаро ба юрисдиксия ва макони баррасии бидуни истиснои судҳои Люксембург дар мавриди ҳама баҳсҳое, ки аз ин Шартҳо ё дар робита бо онҳо ё Хидматҳои истеъмолкунандаи бренди Skype ба амал меоянд, розӣ мешавем. Дар мавриди ҳама Хидматҳои дигар, агар шумо тавассути эҷод кардани ҳисоби Microsoft ё истифодаи ягон Хидмати дигар ин Шартҳоро қабул кунед, мақоме, ки шумо бо он шартнома мебандед, ҳуқуқи танзимкунанда ва макони ҳалли баҳсҳо дар зер оварда шудаанд:

  • a. Канада. Агар шумо дар Канада истиқомат кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад), шумо бо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, ИМА шартнома мебандед. Тафсири Шартҳои мазкур, даъвоҳо оид ба вайронкунии онҳо ва ҳама даъвоҳои дигар (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ), новобаста аз принсипи ихтилофи қонунҳо, тибқи қонунгузории музофоте, ки шумо дар онҷо истиқомат мекунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо мебошад) танзим карда мешаванд. Шумо ва мо бечунучаро ба юрисдиксия ва макони баррасии бидуни истиснои судҳои Онтарио дар мавриди ҳама баҳсҳое, ки аз ин Шартҳо ё дар робита бо онҳо ё Хидматҳо ба амал меоянд, розӣ мешавем.
  • b. Америкаи Шимолӣ ё Ҷанубӣ, берун аз Иёлоти Муттаҳида ва Канада. Агар шумо дар Америкаи Шимолӣ ё Ҷанубӣ, берун аз Иёлоти Муттаҳида ва Канада истиқомат кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад), шумо бо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, ИМА шартнома мебандед. Тафсири Шартҳои мазкур ва даъвоҳо оид ба вайронкунии онҳо, новобаста аз принсипи ихтилофи қонунҳо, тибқи қонунгузории иёлати Вашингтон танзим карда мешаванд. Ҳамагуна даъвоҳои дигар тибқи қонунҳои кишваре, ки мо Хидматҳои шуморо ба он равона месозем, танзим карда мешаванд (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ).
  • c. Шарқи Миёна ё Африка. Агар шумо дар Шарқи Миёна ё Африка истиқомат кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад) ва агар қисматҳои ройгони Хидматҳоро истифода баред (аз қабили Bing ва MSN), шумо бо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, ИМА шартнома мебандед. Агар шумо барои истифодаи қисме аз Хидматҳо пардохт карда бошед, пас бо Microsoft Ireland Operations Limited, One Microsoft Place, South County Business Park, Leopardstown, Dublin 18, Ирландия шартнома мебандед. Дар мавриди истифодаи Хидматҳои ройгон ва пардохтӣ, тафсири Шартҳои мазкур ва даъвоҳо оид ба вайронкунии онҳо, новобаста аз принсипи ихтилофи қонунҳо, тибқи қонунгузории Ирландия танзим карда мешаванд. Ҳамагуна даъвоҳои дигар тибқи қонунҳои кишваре, ки мо Хидматҳои шуморо ба он равона месозем, танзим карда мешаванд (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ). Шумо ва мо бечунучаро ба юрисдиксия ва макони баррасии бидуни истиснои судҳои Ирландия дар мавриди ҳама баҳсҳое, ки аз ин Шартҳо ё дар робита бо онҳо ё Хидматҳо ба амал меоянд, розӣ мешавем.
  • d. Осиё ё минтақаи Уқёнуси Ором, ба шарте кишвари шумо дар зер мушаххасан зикр нашуда бошад. Агар шумо (ё агар тиҷорат, ҷойгиршавии саридораи шумо) дар Осиё (ба истиснои Хитой, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея ё Тайван) ё дар қисмати ҷануби Уқёнуси Ором бошед ва қисмҳои ройгони Хизматрасониро истифода бурда истода бошед (ба монанди Bing ва MSN), пас шумо бо Microsoft Corporation шартнома баста истодаед, ки дар One Microsoft Way, Редмонд, WA 98052, ИМА ҷойгир аст. Агар шумо барои истифодаи қисми Хизматрасониҳо маблағ пардохт карда бошед ё аз Outlook.com-и ройгон дар Сингапур ё Гонг Конг истифода бурда истода бошед, пас шумо бо ширкати Microsoft оид ба Фурӯши минтақавӣ шартнома баста истодаед, ки ширкате мебошад, бо филиалҳои худ дар Сингапур ва Гонг Конг, ки тибқи қонунгузории штати Невадаи ИМА ташкил карда шудааст ва ҷойгиршавии саридорааш дар Александра Роуд 438B, #04-09/12, бинои В, Александра Тенопарк, Сингапур, 119968 мебошад; агар шумо (ё агар тиҷорат, ҷойгиршавии саридораи шумо) дар Австралия бошед, пас шумо бо Microsoft Pty Ltd шартнома баста истодаед, ки дар Эппинг Роуд 1, Норт Райд, NSW 2113, Австралия қарор дорад ва агар шумо (ё агар тиҷорат, ҷойгиршавии саридораи шумо) дар Зеландияи Нав бошед, пас шумо бо Microsoft New Zealand Limited шартнома баста истодаед, ки дар ошёнаи 5, хиёбони Виадакт Ҳарбор 22, кӯчаи Саймондс индекси почтааш 8070, Аукленд, 1150 Зеландияи Нав қарор дорад. Дар мавриди истифодаи Хизматрасониҳои ройгон ва пулакӣ, тафсири Шартҳои мазкур ва даъвоҳо оид ба вайронкунии онҳо, новобаста аз принсипи ихтилофи қонунҳо, тибқи қонунгузории штати Вашингтон танзим карда мешаванд. Ҳамагуна даъвоҳои дигар тибқи қонунҳои кишваре, ки мо Хидматҳои шуморо ба он равона месозем, танзим карда мешаванд (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ). Ҳамагуна баҳсе, ки аз Шартҳои мазкур ё Хидматҳо, ба ҷуз аз Skype, ё дар робита бо онҳо ба амал меоянд, аз ҷумла ҳамагуна масъала роҷеъ ба мавҷудият, эътибор ё қатъи амали онҳо, ба Маркази арбитражи байналмилалии Сингапур (SIAC), ки қоидаҳои он ба таври истинод ба ин модда шомилшуда маҳсуб меёбанд, пешниҳод ва ба таври ниҳоӣ ҳал карда мешаванд. Трибунал аз як ҳаками аз ҷониби Президенти SIAC таъйиншуда иборат мешавад. Забони арбитраж забони англисӣ мешавад. Қарори ҳакам ниҳоӣ, ҳатмӣ ва баҳснопазир аст ва он метавонад дар кишвар ё минтақаи дилхоҳ ҳамчун асос барои қарори суд истифода шавад.
  • e. Япония. Агар шумо дар Япония истиқомат кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад) ва агар қисматҳои ройгони Хидматҳоро истифода баред (аз қабили Bing ва MSN), шумо бо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, ИМА шартнома мебандед. Агар шумо барои истифодаи қисме аз Хидматҳо пардохт карда бошед, пас бо Japan Co., Ltd (MSKK), Shinagawa Grand Central Tower, 2-16-3 Konan Minato-ku, Tokyo 108-0075 шартнома мебандед. Дар мавриди истифодаи Хидматҳои ройгон ва пардохтӣ, Шартҳои мазкур ва ҳамагуна масъалаҳое, ки аз онҳо ё Хидматҳо бармеоянд ё бо онҳо марбут ҳастанд, тибқи қонунгузории Япония танзим карда мешаванд. Шумо ва мо бечунучаро ба юрисдиксия ва макони баррасии аслии бидуни истиснои суди музофоти Токио дар мавриди ҳама баҳсҳое, ки аз ин Шартҳо ё дар робита бо онҳо ё Хидматҳо ба амал меоянд, розӣ мешавем.
  • f. Ҷумҳурии Корея. Агар шумо дар Ҷумҳурии Корея истиқомат кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад) ва агар қисматҳои ройгони Хидматҳоро истифода баред (аз қабили Bing ва MSN), шумо бо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, ИМА шартнома мебандед. Агар шумо барои истифодаи қисме аз Хидматҳо пардохт карда бошед, пас бо Microsoft Korea, Inc., 11th Floor, Tower A, K-Twin Tower, Jongro 1 gil 50, Jongro-gu, Seoul, Republic of Korea, 110-150 шартнома мебандед. Дар мавриди истифодаи Хидматҳои ройгон ва пардохтӣ, Шартҳои мазкур ва ҳамагуна масъалаҳое, ки аз онҳо ё Хидматҳо бармеоянд ё бо онҳо марбут ҳастанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Корея танзим карда мешаванд. Шумо ва мо бечунучаро ба юрисдиксия ва макони баррасии аслии бидуни истиснои суди ноҳияи Марказии Сеул дар мавриди ҳама баҳсҳое, ки аз ин Шартҳо ё дар робита бо онҳо ё Хидматҳо ба амал меоянд, розӣ мешавем.
  • g. Тайван. Агар шумо дар Тайван истиқомат кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад) ва агар қисматҳои ройгони Хидматҳоро истифода баред (аз қабили Bing ва MSN), шумо бо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, ИМА шартнома мебандед. Агар шумо барои истифодаи қисме аз Хидматҳо пардохт карда бошед, пас бо Microsoft Taiwan Corp., 18F, No. 68, Sec. 5, Zhongxiao E. Rd., Xinyi District, Taipei 11065, Taiwan шартнома мебандед. Дар мавриди истифодаи Хидматҳои ройгон ва пардохтӣ, Шартҳои мазкур ва ҳамагуна масъалаҳое, ки аз онҳо ё Хидматҳо бармеоянд ё бо онҳо марбут ҳастанд, тибқи қонунгузории Тайван танзим карда мешаванд. Барои ҷузъиёти бештар оид ба Microsoft Taiwan Corp., лутфан, аз вебсайти пешкашнамудаи Вазорати корҳои иқтисодии Ҷумҳурии Хитой боздид кунед. Шумо ва мо, то ҳадди аксари иҷозатдодаи қонунҳои Тайван, бечунучаро суди музофотии Тайпейро ҳамчун инстансияи якум таъйин менамоем, ки дорои юрисдиксия дар мавриди ҳама баҳсҳое мебошад, ки аз ин Шартҳо ё дар робита бо онҳо ё Хидматҳо ба амал меоянд.

Қонунҳои маҳаллии шумо оид ба истеъмолкунандагон метавонанд талаб кунанд, ки ҳалли баҳсҳоро баъзе қонунҳои маҳаллӣ танзим кунанд ё ба шумо ҳуқуқ диҳанд, ки баҳсҳоро дар мақоми дигар, новобаста аз ин шартҳо, ҳал кунед. Дар ин сурат, муқаррароти қисми 10 оид интихоби ҳуқуқи татбиқшаванда ва макони баррасӣ, то ҳадди иҷозатдодаи қонунҳои маҳаллӣ оид ба истеъмолкунандагон, татбиқ мешаванд.

Матни пурра
КафолатҳоКафолатҳо12_Warranties
Фишурда

11. Кафолатҳо.

  • a. MICROSOFT ВА ШАРИКОН, БОЗФУРӮШАНДАГОН, ПАҲНКУНАНДАГОН ВА ТАЪМИНКУНАНДАГОНИ ОНҲО ДАР МАВРИДИ ИСТИФОДАИ ХИДМАТҲО АЗ ҶОНИБИ ШУМО ЯГОН КАФОЛАТИ МУСТАҚИМ Ё НОМУСТАҚИМ, ЗАМОНАТҲО Ё ШАРТҲО ПЕШНИҲОД НАМЕКУНАНД. ШУМО ДАРК МЕНАМОЕД, КИ ХАВФИ ИСТИФОДАИ ХИДМАТҲО БАР ДӮШИ ШУМОСТ ВА МО ХИДМАТҲОРО БА ТРИҚИ «ТАВРЕ КИ ҲАСТ» «БО ҲАМАИ НУҚСОНҲО» ВА «АЗ РӮИ МАВҶУДИЯТ» ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ. MICROSOFT ДУРУСТӢ Ё САРИВАҚТИИ ХИЗМАТРАСОНИҲОРО КАФОЛАТ НАМЕДИҲАД. ШУМО МЕТАВОНЕД ТИБҚИ ҚОНУНИ МАҲАЛЛИИ ХУД ҲУҚУҚҲОИ МУАЙЯН ДОШТА БОШАД. ҲЕҶ ЧИЗ ДАР ИН ШАРТҲО БА ОН ҲУҚУҚҲО ТАЪСИР НАМЕРАСОНАД, АГАР ОНҲО ТАТБИҚШАВАНДА БОШАНД. ШУМО ЪТИРОФ МЕКУНЕД, КИ КОМПЮТЕР ВА СИСТЕМАҲОИ ТЕЛЕКОММУНИКАТСИОНӢ АЗ НУҚСОН ХОЛӢ НЕСТАНД ВА БАЪЗАН ДАВРАҲОИ КОРНОШОЯМӢ БА АМАЛ МЕОЯНД. МО КАФОЛАТ НАМЕДИҲЕМ, КИ ХИДМАТҲО МУТТАСИЛБ САРИВАҚТӢ, АМН, БИДУНИ ХАТОҲО МЕШАВАНД Ё АЗ БАЙН РАФТАНИ МӮҲТАВО БА АМАЛ НАМЕОЯД, ИНЧУНИНБ, МО ПАЙВАСТАГӢ БО ШАБАКАҲОИ КОМПЮТЕРӢ Ё ИНТИҚОЛ АЗ ОНҲОРО КАФОЛАТ НАМЕДИҲЕМ.
  • b. ТО ҲАДДИ ИҶОЗАТДОДАИ ҚОНУНИ МАҲАЛЛИИ ШУМО, МО ҲАМАГУНА КАФОЛАТҲОИ ҒАЙРИМУСТАҚИМ, АЗ ҶУМЛА ҚОБИЛИЯТИ БА ФУРӮШ РАФТАН, СИФАТИ ҚАНОАТБАХШ, МУВОФИҚАТ БАРОИ МАҚСАДИ МУАЙЯН, ИСТЕҲСОЛИ БОСИФАТ Ё ВАЙРОН НАКАРДАНИ ҲУҚУҚҲОИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИРО ИСТИСНО МЕНАМОЕМ.
  • c. Барои истеъмолкунандагоне, ки дар Австралия истиқомат мекунанд: Молҳои мо дорои кафолатҳое ҳастанд, ки тибқи Қонуни Австралия дар бораи истеъмолкунандагон татбиқ шуда наметавонанд. Шумо ҳаққи ивазкунӣ ё бозпас гирифтани маблағ барои шикасти калон ё ҷуброн барои ҳамагуна талафот ё хисороти дигари ба таври одилона пешбинишавандаро доред. Агар молҳо дорои сифати қобили қабул набошанд ё агар шикаст шикасти назаррас маҳсуб наёбад, шумо инчунин ҳақ доред, ки молҳоро бароятон таъмир ё иваз кунанд.
  • d. Барои истеъмолкунандагоне, ки дар Зеландияи Нав истиқомат мекунанд, шумо метавонед тибқи Қонуни Зеландияи нав дар бораи кафолатҳои истеъмолкунанда ҳуқуқҳои қонунӣ дошта бошед ва ҳеҷ чиз дар ин Шартҳо ба он ҳуқуқҳо таъсир намерасонад.
Матни пурра
Маҳдудсозии масъулиятМаҳдудсозии масъулият13_limitationOfLiability
Фишурда

12. Маҳдудсозии масъулият.

  • a. Агар шумо барои рӯёнидани маблағ барои зарарҳо ягон асос дошта бошед (аз ҷумла вайронкунии ин Шартҳо), дар чорчӯбаи муқарраршудаи қонуни татбиқшаванда, шумо розӣ ҳастед, ки роҳи ҳалли истисноии шумо ин гирифтани ҷуброн аст, ки аз Microsoft ё ҳар гуна филиалҳо, харидафурӯшҳо, паҳнкунандагон, таҳвилгарони барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм ва фурӯшандагон барои зарарҳои бевосита то андозаи маблағи баробар ба пардохти Хизматрасониҳои шумо барои моҳе, ки дар давоми он талаф ё вайронкунӣ ба вуқуъ омадааст (ё то 10 доллари ШМА агар Хизматрасониҳо ройгон бошанд), рӯёнида мешавад.
  • b. То дараҷаи бо қонунгузори дахлдор муқарраршуда, шумо наметавонед ҳамагуна (i) хисорот ё зиёнҳои ғайримустақим; (ii) аз даст рафтани фоидаҳои воқеӣ ё пешбинишуда (хоҳ мустақим ва хоҳ ғайримустақим); (iii) аз даст рафтани даромади воқеӣ ё пешбинишуда (хоҳ мустақим ва хоҳ ғайримустақим); (iv) аз даст рафтани шартнома ё тиҷорат ё хисорот ё зиёнҳое, ки аз истифодаи Хидматҳо аз ҷониби шумо дар ҳайсияти ғайришахсӣ бармеоянд; (v) хисорот ё зиёнҳои барқасд, ғайримустақим, тасодуфӣ ва ҷазоӣ; ва (vi) то ҳадди иҷозатдодаи қонун, хисорот ё зиёнҳои мустақимро, ки аз меъёрҳои дар банди 12(а) дар боло зикршуда бештаранд, барқарор намоед. Ин маҳдудиятҳо ва истисноҳо дар сурате амал мекунанд, ки агар ин василаи ҷуброн зиёнҳои шуморо пурра ҷуброн накунад ё ҳадафи асосии худро иҷро накунад ё мо эҳтимолияти хисоротро медонистем ё бояд медонистем. Ба ҳадди аксаре, ки қонун иҷозат додааст, ин маҳдудиятҳо ва истисноҳо дар мавриди ҳама ҳолтаҳои марбут ба ин Шартҳо, Хидматҳо ё нармафзори марбут ба Хидматҳо амал мекунанд.
  • c. Microsoft барои ҳамагуна ҳолатҳои иҷро накардан ё таъхир дар иҷро накардани уҳдадориҳои худ тибқи ин Шартҳо ҷавобгар ё масъул нест, ба дараҷае, ки ингуна адами иҷро ё таъхир аз сабаби ҳалатҳои берун аз назорати оқилонаи Microsoft ба амал омада бошад (аз қабили баҳсҳои меҳнатӣ, офатҳои табиӣ, ҷанг ё фаъолияти террористӣ, хиороти барқасдона, садамаҳо ё риояи ҳамагуна қонунҳои амалкунанда ё қарорҳои ҳукумат). Microsoft саъй хоҳад кард, ки таъсироти ҳар кадоме аз ингуна ҳодисаҳоро то ҳадди аққал коҳиш диҳад ва он уҳдадориҳоеро, ки таъсир надидаанд, иҷро кунад.
Матни пурра
Шартҳои ба Хидмат хосШартҳои ба Хидмат хос14_service-SpecificTerms
Фишурда

13. Шартҳои ба Хидмат хос. Шартҳои пеш аз қисми 13 ва пас аз он овардашуда дар маҷмуъ нисбати ҳамаи Хидматҳо амал мекунанд. Ин қисм шартҳои ба хидмат хосро бар изофаи шартҳои умумӣ дарбар мегирад. Агар ягон ихтилоф бо шартҳои умумӣ вуҷуд дошта бошад, пас ин шартҳои махсуси хизматрасонӣ танзим мекунанд.

Матни пурра
Бозиҳо ва барномаҳои Xbox Live ва Microsoft StudiosБозиҳо ва барномаҳои Xbox Live ва Microsoft Studios14a_XboxLive
Фишурда
  • a. Бозиҳо ва барномаҳои Xbox Live ва Microsoft Studios.
    • i. Истифодаи ғайритиҷории шахсӣ. Бозиҳо, барномаҳо, хидматҳо ва мӯҳтавои Xbox Live, Бозиҳо барои Windows Live ва Microsoft Studios, ки аз ҷониби Microsoft пешниҳод карда мешаванд (дар якҷоягӣ «Хидматҳои Xbox»), танҳо барои истифодаи шахсӣ ва ғайритиҷории шумоянд.
    • ii. Хизматрасониҳои Xbox. Вақте ки шумо ба Xbox Live обуна мешавед ва/ё Хизматрасноиҳои Xboх-ро мегиред, маълумот дар бораи пахши бозӣ, фаъолиятҳо, истифодабарии бозиҳо ва Хизматрасониҳои Xbox-и шумо пайгирӣ карда мешавад ва бо таҳиягарони бозиҳои тарафҳои сеюми дахлдор мубодила карда мешавад, то ки Microsoft ва таҳиягарони бозиҳои тарафҳои сеюм бозиҳои худро ба кор андозанд ва Хизматрасониҳои Xbox-ро пешниҳод намоянд. Агар шумо қарор диҳед, ки ҳисоби Хидматҳои Microsoft Xbox-и худро бо ҳисобатон дар ягон хидмати ғайри Microsoft алоқаманд кунед (масалан, ягон ношири бозиҳои ғайри Microsoft аз Барномаҳо ва Хидматҳои тарафи сеюм), шумо розӣ мешавед, ки: (a) Microsoft метавонад маълумоти маҳдуди ҳисобро (аз ҷумла барчаспи бозингар, холи бозингар, холи бозӣ, таърихи бозӣ ва рӯйхати дӯстон) бо он тарафи ғайри Microsoft, тавре ки дар Баёнияи махфияти Microsoft зикр шудааст, мубодила кунад ва (b) агар танзимоти махфияти шумо дар Xbox имкон диҳад, тарафи ғайри Microsoft инчунин метавонад ба Муҳтавои шумо аз иртиботи дохили бозӣ ҳангоми ба ҳисоби худ дар он тарафи ғайри Microsoft ворид шуданатон дастрасӣ пайдо кунад. Инчунин, агар танзимоти махфияти шумо дар Xbox имкон диҳад, Microsoft метавонад ном, барчаспи бозингар, расми бозингар, шиор, аватар, клипҳои бозиҳо ва бозиҳои бозидаи шуморо дар иртибот ба одамоне, ки шумо иҷозат додаед, ифшо кунад.
    • iii. Мӯҳтавои шумо. Ҳамчун як қисми созмондиҳии ҷамъияти Хизматрасониҳои Xbox, шумо ба Microsoft, филиалҳо ва зериҷозатномадорони он ҳуқуқи ройгон ва умумиҷаҳонии истифода, тағйирдиҳӣ, азнавистеҳсолкунӣ, паҳнкунӣ, пахш, мубодила ва намоиши муҳтавои худ ё ном, барчаспи бозингар, шиор ё аватари худро, ки шумо дар Хизматрасониҳои Xbox нашр кардаед, медиҳед.
    • iv. Мудирони бозӣ. Баъзе бозиҳо метавонанд мудирон ва мизбонони бозиро истифода баранд. Мудирон ва мизбонони бозӣ сухангӯёни салоҳиятдори Microsoft нестанд. Нуқтаи назари онҳо ҳатман нуқтаи назари Microsoft-ро инъикос намекунад.
    • v. Кӯдакон дар Xbox. Агар шумо шахси хурдсоле бошед, ки Xbox Live-ро истифода мебаред, волид ё сарпарасти шумо метавонад ҷабҳаҳои гуногуни ҳисоби шуморо назорат кунанд ва дар бораи истифодаи Xbox Live аз ҷоинби шумо гузоришҳо гиранд.
    • vi. Асъори бозӣ ё молҳои виртуалӣ. Хидматҳо метавонанд дорои асъори виртуалии бозӣ бошанд (аз қабили тилло, тангаҳо ё холҳо), ки онҳоро аз Microsoft бо истифодаи воситаҳои пулии воқеӣ харидан мумкин аст, ба шарте ки шумо дар маҳалли иқомататон ба синни «балоғат» расида бошед. Инчунин, Хидматҳо метавонанд дорои ашё ё молҳои виртуалӣ, рақамӣ бошанд (аз қабили тилло, тангаҳо ё холҳо), ки онҳоро аз Microsoft бо истифодаи воситаҳои пулии воқеӣ ё асъори бозӣ харидан мумкин аст. Асъори бозӣ ва молҳои виртуалиро ҳеҷ гоҳ ба воситаҳои пулии воқеӣ, молҳо ё ашёи дигари дорои арзиши пулӣ аз Microsoft ё тарафи дигар табдил додан мумкин нест. Ба ҷуз аз иҷозатномаи маҳдуд, инфиродӣ, бозхондашаванда, интиқолнаёбанда ва бидуни ҳаққи судури иҷозатномаи фаръӣ, танҳо барои истифодаи асъори бозӣ ва молҳои виртуалӣ дар Хидматҳо, шумо ба ингуна асъори бозӣ ё молҳои виртуалии дар Хидматҳо пайдошаванда ё ҷойгирбуда ё ҳамагуна атрибутҳои марбут бо истифодаи Хидматҳо ё дар дохили онҳо ҳифзшуда ҳеҷ гуна ҳуқуқ ё ҳуқуқи моликият надоред. Microsoft метавонад бо салоҳияти истисноии худ дар вақти дилхоҳ, бо асъори бозӣ ва/ё молҳои виртуалиро танзим кунад, назорат кунад, тағйир диҳад ва/ё барҳам диҳад.
    • vii. Навсозиҳои нармафзор. Дар мавриди истифода шудани дастгоҳе, ки метавовнад ба Хизматрасониҳои Xbox пайваст шавад, мо метавонем ба таври худкор версияи нармафзори консоли Xbox ё барнома Xbox-и шуморо тафтиш кунем ва навсозиҳои нармафзор ё тағйироти конфигуратсияи консоли Xbox ё барномаи Xbox боргирӣ кунем, аз ҷумла чунин навсозиҳо ё тағйироте, ки шуморо аз дастрас кардани Хизматрасониҳои Xbox, истифодаи бозиҳои беиҷозати Xbox ё барномаҳои беиҷозати Xbox ё истифодаи беиҷозати дастгоҳҳои сахтафзории берунӣ бо консоли Xbox пешгирӣ мекунанд.
    • viii. Муҳлати барчаспи бозингар. Шумо бояд ба Хидматҳои Xbox ақаллан як бор дар муддати панҷ сол ворид шавед, вагарна дастрасиро ба барчаспи бозингар, ки бо ҳисоби шумо алоқаманд карда шудааст, аз даст диҳед ва чунин барчаспи бозингар барои дигарон дастрас мешавад.
    • ix. Саҳна. Саҳна як хизматрасонии Xbox мебошад, ки тавассути он Microsoft ё тарафи сеюм метавонад ба шумо қобилияити иштирок дар ё эҷоди мусобиқаи рақобатпазири бозии видеоиро пешниҳод намояд, баъзан барои мукофот ("Мусобиқа"). Истифодаи Саҳна аз ҷониби шумо таҳти ин Шартҳо қарор дорад ва метавонад аз шумо талаб намояд, ки шартҳо, шароит ва қоидаҳои иловагии Мусобиқаро, ки ҳангоми обунашавӣ аз тарафи ташкилотчии Мусобиқа талаб карда мешаванд, қабул намоед ("Шартҳои Мусобиқа"). Қоидаҳои мувофиқат шояд татбиқ карда шаванд ва метавонанд аз рӯи юрисдиксия фарқ кунанд. Мусобиқаҳо дар ҷойҳое, ки қонун манъ ё маҳдуд кардааст, беэътибор мебошанд. Вайронкунии ин Шартҳо (аз ҷумла Кодекси рафтор) ё шартҳои Мусобиқа боиси ҷазо ё хориҷкунӣ аз Мусобиқа мегардад. Агар шумо Мусобиқаеро эҷод кунед, пас ба шумо ягон Қоидаи Мусобиқа зарур намешавад, ки Microsoft (бо салоҳдиди худ) онро ҳамчун номувофиқ бо ин Шартҳо мешуморад. Microsoft ҳуқуқ дорад, ки ҳар гуна Мусобиқаро дар вақти дилхоҳ бекор намояд.
    • x. Нармафзори фиребкунанда ва сохтакор. Ҳар гуна дастгоҳро, ки метавонад ба Хизматрасониҳои Xbox пайваст шавад, барои доштани сахтафзор ё нармафзори беиҷозат, ки имкони фиреб ё сохтакориро бо вайрон кардани Кодекси рафтор ё ин Шартҳо медиҳад ва навсозиҳои нармафзори барномаҳо ё тағйироти конфигуратсионии Xbox-ро боргирӣ менамояд, тафтиш мекунем, аз ҷумла онҳоеро, ки шуморо аз дастрасӣ пайдо кардан ба Хизматрасониҳои Xbox манъ мекунанд ё аз истифодаи сахтафзор ё нармафзори беиҷозате, ки имкони фиреб ё сохтакориро медиҳад.
    • xi. Миксер
      • 1. Ҳисобҳои миксер ва ҳисобҳои Microsoft Агар шумо хизматрасонии Миксерро бо ҳисоби Миксер истифода баред, пас истифодаи шуморо шартҳои Хизматрасонии Миксер фаро мегиранд, ки дар https://mixer.com/about/tos дастрас мебошанд. Агар шумо хизматрасонии Миксерро бо ҳисоби Microsoft истифода баред, пас истифодаи шуморо низ ин Шартҳо фаро мегиранд. Ин Шартҳо дар ҷое, ки ихтилоф аст, татбиқ карда мешаванд.
      • 2. Муҳтавои шумо дар Миксер. "Муҳтавои шумо дар Миксер", яъне ҳамаи муҳтавое, ки шумо ё касе дигар аз номи шумо дар хизматрасониҳои Миксер эҷод мекунад, аз ҷумла вале бо ин маҳдуд нашуда, пахшҳои зинда ва сабтшуда (ва ҳар гуна муҳтаво, мисли муҳтавои аудиовизуалие, ки онҳо дар бар мегиранд); номҳои брендҳо, тамғаҳои тиҷоратӣ, тамғаҳои хизматрасонӣ, номҳои тиҷоратӣ, тамғаҳо, аломатҳои пайдоиш; шарҳҳо, шаклакҳо ва фаъолияти шумо дар каналҳои Миксер (аз ҷумла муҳтавои аз тарафи бот эҷодшуда); ва ҳамаи метаиттилооти марбут. Ҳар нафар, аз ҷумла Microsoft ва корбарон метавонанд муҳтавои шуморо дар Миксер бо ҳар шакл, формат, шабакаҳои иҷтимоӣ ё каналҳои маълум ё дертар таҳияшуда бинанд, истифода баранд, гузоранд, аз нав истеҳсол намоянд, тағйир диҳанд, паҳн кунанд, нашр намоянд, ошкоро ва ба таври рақамӣ иҷро кунанд ва намоиш диҳанд, пахш намоянд, мутобиқ гардонанд ва ба таври дигар истифода баранд.
      • 3. Кодекси рафтори нисбат ба Миксер татбиқшуда. Барои маълумоти бештар дар бораи тарзи татбиқи Кодекси рафтори Microsoft нисбат ба Миксер ин ҷоро зер кунед.
      • 4. Истифода бурдани хизматрасонии Миксер.
        • a. Синни хурдтарин. Бо истифода бурдани хизматрасонии Миксер шумо изҳор медоред, ки синни шумо ҳадди ақал 13 сола аст ва агар синни шумо дар ҷое, ки зиндагӣ мекунед аз синни булуғ хурдтар бошад, пас истифодаи шумо аз ҷониби волидайн ё сарпарасти ҳуқуқӣ назорат карда мешавад.
        • b. Истифодаи номаълум ва маълум. Агар шумо муҳтаворо намоиш додан хоҳед Миксерро беном истифода бурда метавонед. Вагарна, шумо бояд ҳисобе эҷод кунед, ворид шавед ва аз ҷониби корбарони дигар аз рӯи номи Миксери худ шинохта мешавед.
        • c. Ҳисобҳо барои истифодаи маълум. Шумо метавонед ҳисоби Microsoft ва/ё ҳисоби Миксерро барои истифодаи маълуми хизматрасонии Миксер эҷод кунед. Тавассути обуна шудан ба таври онлайн шумо ҳисоби Миксерро эҷод карда метавонед. Барои фаъол нигоҳ доштани ҳисоби Миксери худ шумо бояд онро истифода баред. Ҳадди ақал дар 5 сол як маротиба ба хизматрасонии Миксер ворид шавед, то ки тахаллуси Миксери алоқаманд бо ҳисоби Microsoft-и худро нигоҳ доред.
      • 5. Огоҳиҳои хизматрасонӣ. Вақте ки ба мо зарур шавад, ки ба шумо дар бораи хизматрасонии Миксер чизеро гуем, мо ба шумо огоҳиҳои Хизматрасониро ба почтаи электронии бо ҳисоби Миксер ва/ё ҳисоби Microsoft-и шумо алоқаманд мефиристем.
      • 6. Дастгирӣ. Дастгирии муштариён оид ба хизматрасониҳои Миксер дар mixer.com/contact дастрас аст.
Матни пурра
ДӯконДӯкон14b_Store
Фишурда
  • b. Дӯкон. «Дӯкон» ба Хидмате истинод мекунад, ки ба шумо имкони паймоиш, боргирӣ, харид ва баҳодиҳӣ ва баррасии барномаҳо (истилоҳи «барнома» бозиҳоро дарбар мегирад) ва мӯҳтавои рақамии дигарро фароҳам меорад. Ин Шартҳо истифодаи Дӯкони Office, Дӯкони Windows ва Дӯкони Xbox-ро фаро мегиранд. "Дӯкони Office" яъне дӯконе, ки барои маҳсулоти Office ва барномаҳо барои Office, Office 365, SharePoint, Exchange, Access ва Project (версияҳои 2013 ё навтар) мебошад ё ҳар гуна таҷрибае, ки бренди Дӯкони Office-ро дорад. «Дӯкони Windows» маънои Дӯкон барои дастгоҳҳо Windows-ро дорад, аз қабили телефон, компютер ва планшет ё ҳамагуна таҷрибае, ки дорои бренди Дӯкони Windows аст. "Дӯкони Xbox" яъне дӯконе, ки барои консолҳои Xbox One ва Xbox 360 мебошад ё ҳар гуна таҷрибае, ки бренди дӯкони Xbox-ро дорад.
    • i. Шартҳои иҷозатнома. Мо ношири ҳар як барномаи дар Дӯкони мувофиқ мавҷудбударо муайян менамоем. Агар шартҳои иҷозатномавии дигар бо барнома пешниҳод карда нашаванд, пас Шартҳои стандартии иҷозатномаи барнома ("«SALT»") дар охири Шартҳои мазкур созишнома байни шумо ва ношири барнома буда, шартҳои иҷозатномаеро муқаррар менамояд, ки нисбати истифодаи ягон барномае, ки шумо тавассути Windows Store ё Xbox Store боргирӣ кардаед, амал мекунад, ба шарте ки бо ҳамроҳии барнома шартҳои иҷозатномаи дигар пешниҳод нашуда бошанд. Барои рӯй надодани шубҳа, ин Шартҳо истифода ва хизматрасониҳои Microsoft-ро фаро мегиранд, ки аз тарафи Хизматрасониҳои Microsoft пешниҳод карда шудаанд. Инчунин қисми 5 ин Шартҳо нисбат ба Барномаҳо ва хизмарасониҳои тарафи сеюм, ки тавассути Дӯкон харидорӣ карда шудаанд, татбиқ мешавад. Барномаҳои тавассути Office Store боргиришударо SALT танзим намекунад ва онҳо иҷозатномаи алоҳида доранд.
    • ii. Навсозиҳо. Microsoft ба таври худкор навсозиҳои барномаҳои шуморо тафтиш ва боргирӣ мекунад, ҳатто агар ба Дӯкони мувофиқ ворид нашуда бошед. Агар нахоҳед, ки навсозиҳои худкор ба барномаҳоро гиред, метавонед танзимоти Дӯкон ё системаи худро иваз кунед. Аммо, баъзе барномаҳои Дӯкони Office, ки пурра ё қисман дар онлайн ҷойгир шудаанд, метавонанд дар вақти дилхоҳ аз ҷониби таҳиягари барнома навсозӣ карда шаванд ва метавонанд барои навсозӣ иҷозати шуморо талаб накунанд.
    • iii. Рейтингҳо ва баррасиҳо. Агар шумо барнома ё Моли рақамии дигарро дар Дӯкон баҳо диҳед ё тақризнависӣ кунед, пас шумо метавонед аз Microsoft номаи электронӣ бо муҳтавои ношири барнома ё Моли рақамӣ гиред. Ҳар гуна чунин номаи электронӣ аз Microsoft меояд; мо суроғаи почтаи электронии шуморо бо ноширони барномаҳо ё дигар Молҳои рақамӣ, ки тавассути Дӯкон харидорӣ кардаед, мубодила намекунем.
    • iv. Огоҳӣ оид ба бехатарӣ. Барои пешгирӣ кардани ҷароҳат, нороҳатӣ ё зӯрзании эҳтимолии чашм, шумо бояд мунтазам аз истифодаи бозиҳо ва барномаҳои дигар танаффус кунед, хусусан агар дар натиҷаи истифода ягон дард ё хастагӣ эҳсос кунед. Агар нороҳатӣ эҳсос кунед, танаффус кунед. Нороҳатӣ метавонад дилбеҳазурӣ, хасташавӣ аз алвонҷ, саргардӣ, гумроҳӣ, дарди сар, хастагӣ, зӯрзании чашм ё хӯшкии чашм дар бар гирад. Истифодаи барномаҳо метавонад диққати шуморо гирад ва муҳити атрофатонро банд кунад. Аз хатарҳои роҳ, зинаҳо, шифтҳои паст эҳтиёт кунед ва аз истифодаи чизҳои шиканам ё гаронбаҳоро худдорӣ намоед. Фоизи хеле ками одамон метавонанд ҳангоми муоинаи баъзе тасвирҳои аёнӣ, аз қабили дурахши равшанӣ ё расмҳо дар барномаҳо пайдошаванда ба кашиши мушакҳо дучор шаванд. Ҳатто одамоне, ки пештар ҳеҷ гоҳ ба кашиши мушакҳо дучор нашудаанд, метавонанд ҳолати ташхиснашудае дошта бошанд, ки метавонад боиси кашиши мушакҳо шавад. Оризаҳо метавонанд аз сарчархзанӣ, таҳрифи биноӣ, ихтилоҷ, ларза, кашишхӯрии дасту пой, гум шудани эҳсоси самт, тирагии идрок, аз ҳуш рафтан ё рагкашӣ иборат бошанд. Агар ба яке аз ин оризаҳо дучор оед, фавран истифодаро қатъ кунед ё агар ягон вақт гирифтори оризаҳои марбут ба кашиши мушакҳо бошед, пеш аз истифодаи барномаҳо бо духтур машварат кунед. Волидайн бояд ҳангоми истифодаи барномаҳо аз ҷониби фарзандонашон зоҳиршавии оризаҳоро назорат кунанд.
Матни пурра
Хусусиятҳои оилаи MicrosoftХусусиятҳои оилаи Microsoft14c_MicrosoftFamily
Хулоса
  • c. Хусусиятҳои Microsoft барои оила. Волидайн ва кӯдакон метавонанд бо истифода аз хусусиятҳои Microsoft барои оила дар асоси идроки муштараки рафторҳо, вебсайтҳо, барномаҳо, бозиҳо, маконҳои ҷисмонӣ ва масрафҳои барои оилаи онҳо мувофиқ эътимод эҷод намоянд. Волидайн метавонанд ба https://account.microsoft.com/family гузашта (ё тариқи иҷро кардани дастурҳо дар дастгоҳи Windows ё консоли Xbox-и худ) ва кӯдакон ё волидони дигарро барои ҳамроҳ шудан даъват карда, оила эҷод кунанд. Хусусиятҳои зиёд барои аъзои оила дастрас мебошанд, аз ин рӯ, лутфан ҳангоми розигии худро барои эҷод ё ҳамроҳ кардани оила ва ҳангоми харидории Молҳои рақамӣ барои дастрасии оила додан, маълумоти пешниҳодшударо аз назар гузаронед. Бо эҷод ё ҳамроҳ кардани оила шумо барои истифода бурдани оила тибқи мақсади он розӣ мешавед ва онро беиҷозат истифода намебаред, то ки ба таври ғайриқонунӣ ба маълумоти шахси дигар дастрасӣ пайдо накунед.
Матни пурра
Паёмнависии гуруҳӣПаёмнависии гуруҳӣ14d_GroupMessaging
Фишурда
  • d. Паёмнависии гуруҳӣ. Баъзе хидматҳои Microsoft ба шумо барои ба шахсони дигар паёмҳои овозӣ ё SMS ("паёмҳо") фиристодан ва/ё ба Microsoft ва шарикони аз ҷониби Microsoft идорашаванда барои фиристодани чунин паёмҳо аз номи шумо ба як корбар ё бештар имконият медиҳанд. ВАҚТЕ КИ ШУМО БА MICROSOFT ВА ШАРИКОНИ АЗ ҶОНИБИ MICROSOFT ИДОРАШАВАНДА БАРОИ ФИРИСТОДАНИ ЧУНИН ПАЁМҲО БА ХУДАТОН Ё БА ДИГАРОН ДАСТУР МЕДИҲЕД, ШУМО ИЗҲОР МЕКУНЕД ВА БА МО ЗАМОНАТ МЕДИҲЕД, КИ ШУМО ВА ЧУНИН ШАХСЕ, КИ БА МО БАРОИ БА Ӯ ПАЁМ ФИРИСТОДАН ДАСТУР МЕДИҲЕД, БАРОИ ГИРИФТАНИ ЧУНИН ПАЁМҲО ВА ҲАМА ГУНА ПАЁМҲОИ МАТНИИ МАЪМУРИИ АЛОҚАМАНД АЗ MICROSOFT ВА ШАРИКОНИ АЗ ҶОНИБИ MICROSOFT ИДОРАШАВАНДА РОЗӢ МЕБОШЕД. "Паёмҳои матнии маъмурӣ" паёмҳои даврии амалиётии хидматҳои муайяни Microsoft мебошанд, аз ҷумла, вале номаҳдуд бо "паёми марҳабо" ё дастурҳо оиди тарзи қатъ кардани қабули паёмҳо. Шумо ё он аъзоёни гуруҳ, ки дигар чунин паёмҳоро гирифтан намехоҳанд, метавонанд аз гирифтани паёмҳои минбаъда аз Microsoft ё шарикони аз ҷониби Microsoft идорашаванда тариқи иҷро кардани дастурҳои пешниҳодшуда дар вақти дилхоҳ дасткашӣ кунанд. Агар дигар чунин паёмҳоро гирифтан ё дар гуруҳ иштирок кардан нахоҳед, шумо розӣ мешавед, ки тариқи иҷро кардани дастурҳои аз ҷониби барнома ё хидмати мувофиқ пешниҳодшуда дасткашӣ мекунед. Агар шумо боварӣ дошта бошед, ки аъзои гуруҳ дигар чунин паёмҳоро гирифтан ё дар гуруҳ иштирок кардан намехоҳад, шумо розӣ мешавед, ки ӯро аз гуруҳ хориҷ кунед. Шумо инчунин изҳор мекунед ва ба мо замонат медиҳед, ки шумо ва ҳар як нафаре, ки шумо ба мо барои ба ӯ паём фиристодан дастур додаед, мефаҳмад, ки ҳар як аъзои гуруҳ барои хароҷоти марбут ба ҳама гуна арзиши паёмҳо, ки аз ҷониби оператори алоқаи мобилии ӯ ситонида мешавад, аз ҷумла арзиши паёмҳои байналмилалие, ки метавонанд ҳангоми ирсол шудани паёмҳо аз рақамҳои ИМА ситонида шаванд, ҷавобгӯ мебошад.
Матни пурра
Skype ва GroupMeSkype ва GroupMe14e_Skype
Фишурда
  • e. Skype ва GroupMe.
    • i. Набудани дастрасӣ ба Хидматҳои фавқулодда. Байни хидматҳои телфонии муқаррарӣ ва Skype чанд фарқият вуҷуд дорад. Мувофиқи ҳар гуна қоидаҳо, муқаррарот ё қонуни татбиқшавандаи маҳаллӣ ё миллӣ ба Skype лозим нест, ки дастрасӣ ба Хизматрасониҳои фавқулодда пешниҳод намояд. Нармафзор ва маҳсулоти Skype барои дастгирӣ кардан ё бурдани зангҳои фавқулодда ба ягон беморхона, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои тиббӣ ё ҳамагуна хидматҳои дигар, ки корбарро бо кормандони хидматҳои фавқулодда ё марказҳои посухи ҷамъияти пайваст менамоянд («Хидматҳои фавқулодда»), пешбинӣ нашудаанд. Шумо эътироф мекунед ва розӣ ҳастед, ки: (i) харидани хидматҳои телефонии бесим (мобилӣ) ё рӯизаминии анъанавӣ, ки ба Хидматҳои фавқулодда дастрасӣ медиҳанд, уҳдадории шумост ва (ii) Skype ҷойивазкунандаи хидмати телефонии асосии шумо нест.
    • ii. API-ҳо ё пахш. Агар шумо хоҳед, ки Skype-ро дар робита бо ягон пахш истифода баред, шумо бояд ба «ШХ Пахш» дар https://www.skype.com/go/legal.broadcast риоя намоед. Агар шумо ягон интерфейси барномавии барномаеро («API»), ки тавассути Skype ошкор ё дастрас карда шудааст, истифода бурдан хоҳед, бояд ба шартҳои гӯшкунии татбиқшаванда, ки дар www.skype.com/go/legal оварда шудаанд, риоя намоед.
    • iii. Сиёсати истифодаи одилона. Истифодаи Skype аз ҷониби шумо метавонад таҳти сиёсати истифодаи оқилона бошад. Лутфан, ин сиёсатҳоро, ки барои муҳофизат аз қаллобӣ ва сӯиистифода пешбинӣ шудаанд ва метавонанд нисбати намуд, муддат ё ҳаҷми зангҳо ё паёмҳое, ки шумо зада метавонед. маҳдудият гузоранд, мутолиа намоед. Ин сиёсатҳо ба таври истинод ба ин Шартҳо шомил карда шудаанд. Шумо метавонед ин сиёсатҳоро дар https://www.skype.com/go/terms.fairusage/ пайдо кунед.
    • iv. Харитакашӣ. Skype дорои хусусиятҳоест, ки ба шумо имкон медиҳад то ба ягон хидмати харитакашӣ маълумот фиристед ё онро худатон дар харитае кашед. Ин хусусиятҳоро истифода бурда, шумо ба ин Шартҳо ва шартҳои Google Maps, ки дар https://www.google.com/intl/en_ALL/help/terms_maps.html дастрасанд, ё чунин шартҳои Google Maps, ки дар кишвари шумо дастрасанд, розӣ мешавед.
    • v. Корбарони давлатӣ. Агар шумо хоҳед, ки ҳисоби тиҷоратӣ ё Мудири Skype-ро аз номи Ҳукумати ШМА ё ягон агентии Ҳукумати ШМА истифода баред, пас ин Шартҳо нисбат ба ин намуди истифода татбиқ намешаванд. Дар мавриди шартҳои татбиқшаванда ё маълумоти иловагӣ, лутфан, тавассути usgovusers@skype.net дар тамос шавед.
    • vi. i. Истифодаи шахсӣ/ғайритиҷорӣ. Истифодаи Skype барои истифодаи шахсӣ ва ғайритиҷории шумост. Ба шумо иҷозат дода мешавад, ки Skype-ро дар ҷои кор барои алоқаи тиҷоратии худ истифода баред.
    • vii. Рақами Skype/Skype To Go. Skype ба шумо Рақами Skype ё Skype To Go медиҳад, шумо розӣ мешавед, ки шумо молики он рақам нестед ё ҳуқуқи абадан нигоҳ доштани он рақамро доред. Дар баъзе кишварҳо, рақам метавонад ба шумо тавассути ягон ҳамкори Skype, на худи Skype дастрас сохта шавад ва шояд ба шумо лозим ояд, ки бо он шарик шартномаи алоҳида бандед.
    • viii. Skype Manager. "Ҳисоби маъмурии Мудири Skype" аз ҷониби шумо эҷод ва идора карда мешавад, ҳамчун маъмури инфиродии гурӯҳи Мудири Skype, вале на ҳамчун шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ. Шумо метавонед ҳисоби инфиродии Microsoft-и худро бо гурӯҳи Мудири Skype пайваст кунед ("Ҳисоби пайваст"). Шумо метавонед барои гуруҳи Skype Manager-и худ маъмурони иловагӣ таъйин кунед, ба шарте ки онҳо ин Шартҳоро қабул кунанд. Агар шумо ба ягон Ҳисоби алоқаманд Рақамҳои Skype таъйин кунед, шумо барои риоя шудани ҳамагуна талабот нисбати маҳалли иқомат ё макони корбарони Ҳисобҳои алоқаманди худ масъул мебошед. Агар шумо пайванди Ҳисоби пайвастро аз гурӯҳи Мудири Skype барҳам додан хоҳед, пас ҳар гуна обунаҳои ҷудошуда, қарзи Skype ё рақамҳои Skype бозёбӣ намешаванд ва муҳтавои шумо ё маводҳои бо ҳисоби парокандаи алоқаманд барои шумо дигар дастрас намешаванд. Шумо розӣ мешавед, ки ҳама гуна маълумоти шахсии корбарони Ҳисоби алоқаманди худро тибқи ҳамаи қонунҳои дахлдори марбут ба муҳофизати иттилоот коркард кунед.
    • ix. Пардохтҳои Skype. Ҳамаи нархҳо барои маҳсулоти Skype андозҳои татбиқшавандаро дарбар мегиранд, агар ба таври дигар зикр нашуда бошад. Маблағҳои пардохтшаванда барои занг задан ба телефонҳои берун аз обуна аз ҳаққи пайваст (барои ҳар занг як маротиба ситонида мешавад) ва тариф барои ҳар як дақиқа, тавре ки дар www.skype.com/go/allrates муқаррар карда шудааст, иборатанд. Пардохти зангҳо метавонад аз бақияи Маблағи Skype тарҳ карда шавад. Skype метавонад нархи зангҳои худро дар вақти дилхоҳ бо нашр кардани тағйирот дар www.skype.com/go/allrates тағйир диҳад. Тарифи нав ба занги навбатии шумо пас аз нашр шудани тарифҳои нав татбиқ мешавад. Пеш аз занг задан, лутфан, тарифҳои охиринро тафтиш кунед. Дақиқаҳои нопурраи занг ва пардохтҳои нопурра то воҳиди пурра яклухт карда мешаванд. Дар баъзе кишварҳо, маҳсулоти пардохтии Skype аз ҷониби шарики маҳаллии Skype дода мешаванд ва нисбати ингуна амалиётҳо шартҳои истифодаи шарик татбиқ мешаванд.
    • x. Маблағи Skype. Skype кафолат намедиҳад, ки шумо Маблағи Skype-и худро барои хариди ҳамаи маҳсулоти пардохтии Skype истифода бурда метавонед. Агар шумо Skype-ро ба муддати 180 рӯз истифода набӣаред, пас Skype қарзи Skype-и шуморо дар ҳолати ғайрифаъол мегузорад. Шумо метавонед Маблағи Skype-ро бо гузаштан ба пайванди азнавфаъолкунӣ дар https://www.skype.com/go/store.reactivate.credit аз нав фаъол кунед. Агар шумо дар Ҷопон қарор дошта бошед ва қарзи Skype-ро аз вебсайти Skype харидорӣ намоед, пас ду ҷумлаи қаблӣ ба шумо дахл надоранд ва муҳлати қарзи Skype-и шумо бояд баъд аз 180 рӯз пас аз санаи харидорӣ ба анҷом расад. Баъд аз ба охир расидани муҳлати қарз, шумо дигар онро дубора фаъол карда ё истифода бурда наметавонед. Шумо метавонед катакчаи мувофиқро ишора гузошта хусусияти Пуркунии худкорро барои хариди Маблағи Skype фаъол созед. Агар фаъол карда шавад, пас тавозуни қарзи Skype-и шумо бо ҳамон миқдор маблағ ва услуби пардохти интихобшуда ҳар гоҳе, ки тавозуни Skype-и шумо аз ҳудуди муқаррарнамудаи Skype поён равад, пур карда мешавад. Агар шумо ягон обунаро бо ягон усули пардохт, ба ҷуз аз корти қарзӣ, PayPal ё Moneybookers (Skrill) харида бошед ва Бозпардохти худкорро фаъол кунед, бақияи Маблағи Skype-и шумо бо маблағи барои хариди обунаи мунтазами шумо зарурӣ пур карда мешавад. Шумо метавонед Пуркунии худкорро дар вақти дилхоҳ бо ворид шудан ва тағйир додани танзимоти худ дар портали ҳисоби худ дар Skype ғайрифаъол кунед.
    • xi. Ҳаққи паёмҳои байналмиллалӣ. Айни ҳол, GroupMe барои ҳар як гуруҳи эҷодшуда рақамҳои ҷойгир дар ИМА истифода мебарад. Ҳар як паёми матнии ба рақами GroupMe фиристодашуда ё дар чунин рақам гирифташуда ҳамчун паёми байналмиллалии ба Иёлоти Муттаҳида фиристодашуда ё аз он гирифташуда ба ҳисоб меравад. Барои фаҳмидани нархҳои байналмиллалии мувофиқ, ба таҳвилгари худ муроҷиат кунед.
    • xii. Фиристодан ва қабули маблағ. Бо истифода бурдани хусусияти фиристодан ва қабули маблағ (агар дастрас бошад) шумо эътироф мекунед, ки Skype барои пешниҳод кардани хизматрасониҳои пардохт ва анҷом додани интиқол тарафҳои сеюмро истифода мебарад. Skype хизматрасониҳои пардохт ё анҷомдиҳии интиқолҳоро пешниҳод намекунад ва тиҷорати хизматрасониҳои маблағ намебошад. Фиристодан ва қабули маблағ дар Skype метавонад танҳо барои истифодабарандагони синни 18 сола ва калонтар дастрас бошад (ё ба таври дигар мувофиқи шартҳои тарафҳои сеюм) ва онҳое, ки ба қайд мегиранд ва ҳисобҳои таҳвилгари тарафҳои сеюмашон тасдиқ карда мешаванд. Барои истифодаи хусусияти фиристодани маблағ, шояд аз шумо талаб карда шавад, ки ба шарту шароити тарафҳои сеюм обуна шавед ва бо мақсади пешниҳоди хизматрасонӣ барои мубодилаи иттилоот бо ин тарафҳои сеюм иҷозатҳоро пешниҳод намоед. Агар Skype огоҳӣ гирад, ки истифодаи хусусияти фиристодани маблағ аз ҷониби шумо шарту шароити тарафи сеюмро вайрон мекунад, пас Skype метавонад нисбати ҳисоби шумо чораҳо андешад, ба монанди барҳам додан ё боздошти ҳисоби шумо. Skype ё Microsoft дар назди шумо барои хизматрасониҳои пардохт, ки аз ҷониби тарафҳои сеюм пешниҳод мешаванд ё барои ҳар гуна чораҳои мувофиқи шарту шароити тарафҳои сеюм, ҷавобгар намешавад. Skype ягон кафолат намедиҳад, изҳори итминон намекунад ё кафолат аз рӯи қонун намедиҳад, ки хусусияти фиристодан ва қабули маблағ дастрас мешавад ё дастрас боқӣ мемонад.
Матни пурра
Bing ва MSNBing ва MSN14f_BingandMSN
Фишурда
  • f. Bing ва MSN.
    • i. Маводи Bing ва MSN. Мақолаҳо, матн, суратҳо, харитаҳо, видеоҳо, видеоплеерҳо ва маводҳои тарафҳои сеюм, ки дар Bing ва MSN дастрас мебошанд, аз ҷумла тавассути ботҳо, зербарномаҳо ва барномаҳои Microsoft, танҳо барои истифодаи ғайритиҷоратӣ ва шахсии шумо мебошанд. Дигар намудҳои истифода, аз ҷумла боргирӣ, нусхабардорӣ ё азнавтақсимкунии ин маводҳо ё истифодаи ин маводҳо ё маҳсулот барои сохтани маҳсулоти худ, танҳо то дараҷаи мушаххасан иҷозатшудаи Microsoft ё дорандаҳои ҳуқуқҳо иҷозат шудаанд ё аз ҷониби қонуни ҳуқуқи муаллифи татбиқшаванда иҷозат шудаанд. Microsoft ва моликони ҳуқуқи дигар дорои ҳамаи ҳуқуқҳо ба мавод ҳастанд, ки мустақиман аз ҷониби Microsoft тибқи ин шартҳои иҷозатнома дода нашудаанд, хоҳ ба таври назардоштӣ, маҳрумяит ва хоҳ ба таври дигар.
    • ii. Харитаҳои Bing. Шумо ҳақ надоред, ки тасвирҳои Bird's eye-и Иёлоти Муттаҳида, Канада, Мексика, Зеландияи Нав, Австралия ё Японияро бе тасвиби хаттии алоҳидаи мо барои ҳадафҳои давлатӣ истифода баред.
    • iii. Bing Places ва маркази истеҳсолкунандаи Bing. Вақте ки шумо ба Bing Places ё Маркази истеҳсолкунандаи Bing Иттилоот ё Муҳтавои худро пешниҳод мекунед, шумо ба Microsoft барои истифода, нусхабардорӣ, захиракунӣ, тағйирдиҳӣ, ҷамъкунӣ, таблиғ, интиқолдиҳӣ, намоишдиҳӣ ва тақсимкунии онҳо дар доираи хидматҳо ва барои зериҷозатнома додани ҳуқуқҳои мазкур ба тарафҳои сеюм иҷозатномаи умумиҷаҳонии бе роялти медиҳед.
Матни пурра
CortanaCortana14g_Cortana
Фишурда
  • g. Cortana.
    • i. Истифодаи ғайритиҷории шахсӣ. Cortana Хидмати ёрдамчии шахсии Microsoft аст. Хусусиятҳо, хизматрасониҳо, муҳтаво ва барномаҳову хизматрасониҳои тарафҳои сеюм, ки аз ҷониби Cortana пешниҳод мешаванд (дар якҷоягӣ "Хизматрасониҳои Cortana") танҳо барои истифодаи шахсӣ ва ғайритиҷоратии шумо мебошанд.
    • ii. Функсиянокӣ ва муҳтаво. Cortana як қатор хусусиятҳоро пешниҳод мекунад, ки баъзеи онҳо шахсисозишуда мебошанд. Хизматрасониҳои Cortana ба шумо имконият медиҳанд, ки ба хизматрасониҳо, маълумот ё имкониятҳои функсионалии аз ҷониби Хизматрасониҳои дигари Microsoft ё Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм пешниҳод карда шудаанд, дастрасӣ пайдо намоед. Шартҳои хоси хизматрасонии қисмати 13 низ нисбат ба истифодашавии Хизматрасониҳои дахлдори Microsoft аз ҷониби шумо, ки ба онҳо тавассути Хизматрасониҳои Cortana дастрасӣ пайдо карда мешавад, татбиқ карда мешаванд. Cortana танҳо барои ҳадафҳои банақшагирии шумо маълумот пешниҳод мекунад ва ҳангоми баррасӣ ё эътимод кардан ба ин маълумот шумо бояд аз муҳокимаронии худ истифода кунед. Microsoft эътимоднокӣ, дастарсӣ ё саривақтии таҷрибаҳои фардикунонидашударо, ки аз тарафи Cortana пешниҳод карда мешаванд, кафолат намедиҳад. Microsoft барои таъхир ё манъкунии қабул, азназаргузаронӣ ё ирсоли паём ё огоҳӣ аз ҷониби хусусияти идоракунии алоқаи Cortana ҷавобгар намебошад.
    • iii. Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм. Ҳамчун як ҷузъи пешниҳоди Хизматрасониҳои Cortana, барои қонеъ кардани дархости шумо Cortana метавонад маълумотро бо барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм мубодила намояд, ба монанди индекси почтаи шумо, дархостҳо ва ҷавобҳои бозгаштшудаи барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм. Тавассути пайвандгузории ҳисоб Cortana метавонад ба корбарон имконият диҳад, ки тариқи барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм бо истифодаи хусусиятҳо ва танзимоти ҳисоб, ки корбар бевосита бо он барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм барпо кардааст, харидорӣ намоянд. Корбарон метавонанд пайвандгузории ҳисобро дар вақти дилхоҳ қатъ кунанд. Истифодаи барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм тибқи фасли 5-уми ин Шартҳо фаро гирифта мешавад. Ноширони Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм метавонанд имкониятҳои функсионалӣ ё хусусиятҳои Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафи сеюми онро тағйр диҳанд ё қатъ кунанд. Microsoft барои нармафзор ё нармафзори дарунсохти пешниҳодшудаи истеҳсолкунандагон масъул ё ҷавобгар намебошад.
    • iv. Дастгоҳҳои бо Cortana фаъолшуда. Дастгоҳҳои бо Cortana фаъолшуда маҳсулот ё дастгоҳҳое мебошанд, ки барои дастрасӣ пайдо кардан ба Хизматрасониҳои Cortana фаъол карда шудаанд, ё маҳсулот ё дастгоҳҳое мебошанд, ки бо Хизматрасониҳои Cortana мутобиқ мебошанд. Дастгоҳҳои бо Cortana фаъолшуда дастгоҳҳо ё маҳсулоти тарафҳои сеюмро дар бар мегиранд, ки Microsoft соҳиби онҳо намебошад, истеҳсол ё таҳия намекунад. Microsoft барои ин дастгоҳҳо ё маҳсулоти тарафҳои сеюм масъул ё ҷавобгар намебошад.
    • v. Навсозиҳои нармафзор. Дар мавриди ҳар гуна дастгоҳҳое, ки ба хизматрасониҳои Cortana пайваст шуда метавонанд, мо метавонем ба таври худкор версияи нармафзори хизматрасониҳои Cortana-ро тафтиш намоем ва навсозиҳои нармафзор ё тағйироти конфигуратсияро боргирӣ намоем ё аз ҳамагуна истеҳсолкунандаҳои дастгоҳҳои бо Cortana фаъолшуда талаб намоем, ки хизматрасониҳои Cortana-ро нав нигоҳ доранд.
Матни пурра
Outlook.comOutlook.com14h_Outlook_com
Фишурда
  • h. Outlook.com. Суроғаи почтаи электронии Outlook.com (ё @msn, @hotmail, ё @live), ки шумо барои эҷод кардани ҳисоби Microsoft-и худ истифода мебаред, то фаъол боқӣ мондани паёмдони даромади Outlook.com ё ҳисоби Microsoft-и шумо барои шумо беназир аст. Дар ҳолате, ки паёмдони даромади Outlook.com ҳисоби Microsoft-и шумо аз ҷониби худатон ё Microsoft тибқи ин шартҳо баста шудаанд, суроғаи почтаи электронӣ ё номи корбар метавонанд ба системаи баргардонида шуда, ба корбари дигаре таъин карда шаванд.
Матни пурра
Хизматрасониҳои OfficeХизматрасониҳои Office14i_officeBasedServices
Фишурда
  • i. Хизматрасониҳои Office. Office 365 Home, Office 365 Personal, Office 365 University, Office Online, Sway, OneNote.com ва ҳар гуна обунашавии дигари Office 365 ё хизматрасониҳои брендии Office барои истифодаи шахсӣ, ғайритиҷоратии шумо мебошанд, агар шумо мувофиқи шартномаи алоҳида бо Microsoft ҳуқуқҳои истифодабарии тиҷоратӣ надошта бошед.
Матни пурра
Хидматҳои Microsoft HealthХидматҳои Microsoft Health14j_MicrosoftHealthServices
Фишурда
  • j. Хидматҳои Microsoft Health.
    • i. HealthVault. HealthVault барои нигоҳдории маълумоти марбут ба тандурустии шахсии шумо ва шахсони дигар (аз қабили оилаатон) бо роозигии онҳо пешбинӣ шудааст. Ҳисобҳои HealthVault барои истифода аз ҷониби провайдерҳои тандурустӣ ё ҳамагуна мақсадҳои тиҷорӣ ё ғайришахсӣ нест. Маълумот дар ҳисоби шумо метавонад ҳамеша саҳеҳ ё навшуда набошад ва аз ҷониби провайдери хидмати тандурустӣ бояд танҳо барои маълумот ба назар гирифта шавад. Хидмати HealthVault сабтҳоро барои провайдерҳои хидмати тандурустӣ ё мақсадҳои дигари тиббӣ ё идоракунии ҳодисавӣ нигоҳ намедорад. Масалан, сабтҳои HealthVault маҷмӯи сабтҳои таъйионти тибқи санадҳои меъёрии ИМА нестанд. Агар ягон провайдери хидмати тандурустӣ қарор диҳад, ки иттилооти аз HealthVault дастрасшударо ба сабтҳои худ шомил намояд, бояд як нусхаи онро дар системаи худ нигоҳ дорад. Агар дар ҳисоби шумо нигаҳдорандаи муштараки ягон сабт бошад (зеро шяке аз шумо дигареро даъват намудаед), шумо эътироф менамоед, ки он нигоҳдорандаи муштарак назорати пурраи он сабтро дар ихтиёр дорад ва метавонад дастрасии шумо ба сабтро бекор кунад, дастрасии одамони дигар ба сабтро идора кунад ва иттилооти сабт, аз ҷумла чӣ тавр ва кай истифода шудани онро бинад. Microsoft маълумоти вуруди ғайри-Microsoft-ро (аз қабили Facebook ва OpenID) дастгирӣ намекунад, аз ин рӯ, дастгирии мизоҷони HealthVault оиди мушкилоти вуруд ба онҳо кӯмак расонида наметавонад. Агар шумо маълумоти вурудро гум кунед ё ҳисобе, ки шумо маълумоти вурудатонро аз он ҷо дарёфт кардаед, баста шавад, шумо иттилооти ҳифзшудаи худро барқарор карда наметавонед. Барои кӯмак дар нигоҳ доштани дастрасии бефосила, мо тавсия медиҳем, ки барои ҳисоби HealthVault-и худ зиёда аз як маълумоти вурудро истифода баред. Microsoft маълумоти вуруди ғайри-Microsoft-ро, ки шумо шояд истифода баред, тасвиб ё назорат намекунад ва барои кор, дастгирӣ ё амнияти онҳо масъул нест.
    • ii. Microsoft Band. Дастгоҳҳо ва барномаҳои Microsoft Band дастгоҳҳои тиббӣ намебошанд ва танҳо барои фитнес ва некӯаҳволӣ мебошанд. Онҳо барои истифода дар ташхиси беморӣ ё дигар ҳолатҳо тарҳрезӣ ё таъйин нашудаанд ё барои табобат, кам кардани дард, муолиҷа ё пешгирии беморӣ ё дигар ҳолатҳо. Microsoft барои ягон гуна қарори шумо, ки дар асоси маълумоти аз Microsoft Band гирифтаатон мебошад, масъул нест.
Матни пурра
Молҳои рақамӣМолҳои рақамӣ14k_DigitalGoods
Фишурда
  • k. Молҳои рақамӣ. Microsoft метавонад тавассути Microsoft Groove, Microsoft Филмҳо ва ТВ, Дӯкон ва ҳама гуна хидматҳои марбут ва оянда ба шумо имкон диҳад, ки мусиқӣ, видео, матн, китобҳо ва маводҳои дигарро ("Молҳои рақамӣ"), ки шумо дар шакли рақамӣ дарёфт карда метавонед, ба даст оред, гӯш кунед, намоиш диҳед, пахш кунед ё хонед. Молҳои рақамӣ танҳо барои истифодаи шахсӣ ва ғайритиҷории шумост. Шумо розӣ мешавед, ки ягон нусхаи Молҳои рақамиро дубора тақсим кунед, ба таври оммавӣ пахш кунед, иҷро кунед, намоиш диҳед ё ба нафарони дигар интиқол диҳед. Молҳои рақамӣ метавонанд моликияти Microsoft ё тарафҳои сеюм бошад. Дар ҳама гуна ҳолатҳо, шумо мефаҳмед ва эътироф мекунед, ки ҳуқуқҳои шумо нисбати Молҳои рақамӣ бо ин Шартҳо, қонунгузории марбут ба ҳуқуқи муаллиф ва қоидаҳои истифода, ҷойгир дар https://go.microsoft.com/fwlink/p/?LinkId=723143, маҳдуд карда мешаванд. Шумо розӣ мешавед, ки ба ҳеҷ ваҷҳ, аз ҷумла бо мақсади тақаллуб ё тағйир додани моликият ё манбаи Молҳои рақамӣ, кӯшиши тағйир додани ягон Молҳои рақамии тавассути ҳар кадоме аз Хидматҳо бадастомадаро иҷро намекунед. Microsoft ё моликони Молҳои рақамӣ метавонанд вақт то вақт Молҳои рақамиро бидуни огоҳӣ аз Хидматҳо нест кунанд.
Матни пурра
OneDriveOneDrive14l_OneDrive
Фишурда
  • l. OneDrive.
    • i. Ҷудокунии захирагоҳ. Ягар шумо дар ҳисоби OneDrive-и худ аз миқдори бо шартҳои хидмати обунагии ройгон ё пулакии OneDrive муқарраршуда муҳтавои бештар дошта бошед ва ба огоҳӣ аз Microsoft оиди ислоҳ кардани ҳисобатон тариқи нест кардани муҳтавои барзиёд ё гузаштан ба нақшаи обунагии дорои захирагоҳи бештар посух надиҳед, мо метавонем ҳисоби шуморо пӯшида, Муҳтавои шуморо дар OneDrive нест кунем ё дастрасиро ба он ғайрифаъол кунем.
    • ii. Кори хидмат. Вобаста аз омилҳои ба мисли таҷҳизот ва пайвасти интернети шумо ва чорабиниҳои Microsoft барои таъмини кор ва бутунии хидмати он, шумо метавонед ҳангоми бор кардан ё ҳамоҳанг кардани муҳтавои дохили OneDrive вақт то вақт ба таъхирҳо дучор шавед.
Матни пурра
Microsoft RewardsMicrosoft Rewards14m_MicrosoftRewards
Хулоса
  • m. Microsoft Rewards.
    • i. Барнома. Microsoft Rewards ("Барнома") ба шумо имконият медиҳад, ки барои фаъолиятҳои ба монанди ҷустуҷӯҳои соҳибихтисос, харидҳо, вақти сарфнамуда барои тамошои фаъолона бо Microsoft Edge ва пешниҳодҳои дигари Microsoft холҳои пардохтшаванда ба даст оред. Пешниҳодҳо аз рӯи бозорҳо фарқ мекунанд. Ҷустуҷӯ амали корбари инфиродӣ буда, матн ба таври дастӣ бо мақсади неки ба даст овардани натиҷаҳои ҷустуҷӯи Bing барои мақсадҳои тадқиқоти шахсии чунин корбар ворид карда мешавад ва ҳар гуна дархостеро, ки аз ҷониби барнома-робот, макро ё ҳар гуна воситаҳои худкори дигар ё қаллобӣ ворид карда мешавад, дар бар намегирад ("Ҷустуҷӯ"). Гирифтан раванди харид кардани молҳо ё боргирӣ ва гирифтани иҷозатнома барои муҳтавои рақамии Microsoft мебошад, хоҳ ройгон бошад, хоҳ пулакӣ ("Гирифтан"). Холҳои мукофотдор барои ҳар як харид аз Microsoft пешниҳод карда намешаванд. Тамошои фаъолона бо Microsoft Edge маънои онро дорад, ки браузер дар экрани дастгоҳи шумо дар ҳолати намоишӣ аст (масалан, кушода ва тавре истифода шуда истодааст, ки нишонаи Microsoft Edge дар навори вазифаҳо ҷудо карда шудааст, дар ҳолати истифода қарор доштани барномаро нишон медиҳад), инчунин маънои истифода бурдани браузер барои намоиш додани вебсайтҳо, тамошои видеоҳо дар браузер, тафтиши почтаи электронӣ ё дигар намудҳои истифодаро, ки барои онҳо браузерҳо истифода бурда мешаванд, дорад. Барои ба даст овардани холҳои барои истифодаи Microsoft Edge, Bing бояд ҳамчун системаи ҷустуҷӯии пешфарз таъйин карда шавад ва телеметрия бояд дар танзимоти Windows-и шумо фаъол карда шуда бошад. Microsoft метавонад баъзан имкониятҳои иловагӣ барои ба даст овардани холҳоро пешниҳод намояд, вале ҳар як пешниҳоди бадастории холҳо ба таври доимӣ дастрас намешавад. Холҳои бадастовардаи шумо барои пардохти молҳо ("Мукофотҳо") дар саҳифаи харид истифода бурда мешаванд. Барои маълумоти бештар қисмати "Мукофотҳо"-ро дар support.microsoft.com ("Саволҳои роиҷ") бинед.
      • 1. Талаботи барнома. Ба шумо ҳисоби боэътибори Microsoft лозим аст ва дастгоҳҳои шумо бояд ба талаботи минималии системаи ҷавобгӯ бошанд. Барнома барои корбароне кушода аст, ки дар бозорҳои дар Саволҳои роиҷ номбар шудаанд, зиндагӣ мекунанд. Шахсони воқеӣ наметавонанд зиёда аз як ҳисоби Барнома дошта бошанд, ҳатто агар шахси воқеӣ якчанд суроғаи почтаи электронӣ дошта бошад ва хонаводаҳо ба шаш ҳисоб маҳдуд карда шудаанд. Барнома танҳо барои истифодаи шахсӣ ва ғайритиҷоратии шумо мебшад.
      • 2. Холҳо. Ба истиснои хайр кардани холҳои худ ба ташкилоти ғайритиҷоратие, ки дар маркази харидагирӣ номбар шудаанд, шумо холҳоро интиқол дода наметавонед. Холҳо моликияти шахсии шумо намебошанд ва шумо бар ивази онҳо пули нақд гирифта наметавонед. Холҳо ба шумо дар асоси таблиғоти рекламавӣ мукофотонида мешаванд. Шумо холҳоро харидорӣ карда наметавонед. Microsoft метавонад миқдори холҳо ё Мукофотҳоро барои ҳар як нафар, хонавода ё дар давраи таъйиншуда (масалан, як рӯз) маҳдуд намояд. Шумо дар Барнома наметавонед зиёда аз 550 000 холро дар як соли тақвимӣ харида гиред. Холҳои дар Барнома бадастоварда дар ҳар гуна барномаи дигари аз ҷониби Microsoft ё тарафҳои сеюм пешниҳод кардашуда боэътибор намебошанд ва дар якҷоягӣ бо он барномаҳо истифода бурда намешаванд. Муҳлати холҳои барои харидорӣ истифоданашуда мегузарад, агар шумо дар давоми 18 моҳ ягон хол ба даст наоред ё барои харидорӣ истифода набаред.
      • 3. Мукофотҳо. Шумо метавонед холҳои худро тавассути гузаштан ба маркази харидагирӣ харидорӣ намоед ё шумо метавонед холҳоро ба ташкилоти ғайритиҷоратии номбаршуда диҳед. Шояд шумораи маҳдуди Мукофоти махсус дастрас бошад ва он Мукофотҳо дар асоси "касе якум биёяд, ба ҳамон хизматрасонӣ карда мешавад" пешниҳод карда мешаванд. Аз шумо талаб карда мешавад, ки маълулмоти иловагӣ ба монанди суроғаи почтаи электронӣ ва як рақами телефони худро (ғайр аз рақами VOIP ё занги ройгон) пешниҳод намоед, инчунин аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки рамзи пешгирии сохтакориро ворид намоед ё ҳуҷҷатҳои қонунии иловагиро барои иваз кардани холҳо бо Мукофотҳо имзо намоед. Баъд аз фармоиш додани Мукофот шумо онро бекор карда ё барои бозпардохти холҳо бозгардонида наметавонед, ғайр аз ҳолате, ки маҳсулот нуқсондор бошад ё тавре, ки қонуни татбиқшаванда талаб намояд. Агар шумо Мукофотеро фармоиш диҳед, ки он дар анбор набошад ё бо ягон сабабе, ки Microsoft онро бо салоҳдиди худ муайян мекунад, дастнорас бошад, пас мо Мукофотро бо як мукофоти дорои қимати муқоисашаванда иваз ё холҳои шуморо бозпардохт карда метавонем. Microsoft метавонад Мукофотҳои дар маркази харидагирӣ пешниҳодшударо навсозӣ намояд ё пешниҳод кардани Мукофотҳои мушаххасро қатъ намояд. Баъзе Мукофотҳо метавонанд талаботи мутобиқати синну солро дошта бошанд. Ҳар гуна чунин талабот ба пешниҳоди дахлдор дохил карда мешавад. Шумо барои ҳамаи андозҳои федералӣ, штатӣ ва маҳаллӣ, инчунин барои ҳар гуна хараҷоти қабул ва истифодаи Мукофот масъул ҳастед. Мукофотҳо ба суроғаи почтаи электроние, ки шумо ҳангоми фармоиш додани Мукофоти пешниҳод мекунед, тавассути паёми электронӣ фиристода мешаванд, аз ин рӯ, суроғаи почтаи электронии худро дар ҳолати ҷорӣ нигоҳ доред. Мукофотҳое, ки бурда расонида намешаванд, аз нав дода намешаванд ва бинобар ин, бекор карда мешаванд. Мукофотҳо барои фурӯш намебошанд.
      • 4. Бекор кардани иштироки худ дар Барнома. Агар шумо ҳадди ақал дар 18 моҳ як маротиба ба ҳисоби худ ворид нашавед, пас ҳисоби Барномаи шумо барҳам дода мешавад. Илова бар ин, Microsoft ҳуқуқ дорад, ки ҳисоби Барномаи корбари мушаххасро барои тағйир додан, сӯистифода кардан ё бо фиреб ба даст овардани Барнома ё барои вайрон кардани ин Шартҳо барҳам диҳад. Баъд аз бекоркунии Барнома (аз ҷониби шумо ё мо) ё агар Барнома боздошта шавад, пас шумо барои иваз кардани холҳои худ 90 рӯз доред; дар акси ҳол, он холҳо бекор карда мешаванд. Дар лаҳзаи бекоркунӣ ҳуқуқи шумо барои истифода бурдани Барнома ва ҷамъ кардани холҳои оянда ба охир мерасад.
      • 5. Шартҳои дигар. Microsoft ҳуқуқ дорад, ки шуморо хориҷ намояд; дастарасии шуморо ба Барнома ё ҳисоби Мукофотҳо ғайрифаъол намояд; ва/ё холҳо, Мукофотҳо ва ҳиссагузориҳои хайриявиро боздорад, агар Microsoft бар он ақида бошад, ки шумо ҳар гуна ҷанбаи Барномаро тағйир дода ё сӯистифода бурда истодаед ё бо фаъолиятҳое машғул ҳастед, ки ин Шартҳоро вайрон мекунанд.
Матни пурра
Муқаррароти гуногунМуқаррароти гуногун16_17_18_miscellaneous
Фишурда

14. Муқаррароти гуногун. Ин қисм ва қисмҳои 1, 9 (барои маблағҳое, ки пеш аз хотимаи ин Шартҳо ба харҷ карда шудаанд), 10, 11, 12, 15, 17 ва онҳое, ки тибқи муқаррароти худ пас ин Шартҳо татбиқ карда машаванд, пас аз қатъ шудани амал ё бекор карда шудани ин Шартҳо амал мекунанд. То дараҷаи бо қонунгузории дахлдор муқарраршуда, мо ҳақ дорем дар вақти дилхоҳ, бе огоҳ кардани шумо. пурра ё қисман ин Шартҳоро интиқол диҳем, нисбати уҳдадориҳои худ тибқи ин Шартҳо шартномаи фаръӣ бандем ё иҷозатномаи фаръӣ диҳем. Шумо ҳақ надоред, ки ин Шартҳоро интиқол диҳед ё ягон ҳуқуқи истифоа Хидматҳоро боздиҳед. Ин созишномаи пурра байни шумо ва Microsoft оид ба истифодаи Хидматҳо мебошад. Он аз ҳамагуна созишҳои қаблӣ байни шумо ва Microsoft дар мавриди истифодаи Хидматҳо бартарӣ дорад. Ҳангоми бастани ин Шартҳо, шумо ба ягон изҳорот, баёния, кафолат, фаҳмиш, уҳдадорӣ, ваъда ё итминон, ба ҷуз аз онҳое, ки мустақиман дар ин Шартҳо муқаррар карда шудаанд, такя накардаед. Ҳамаи қисмҳои ин Шартҳо то ҳадди иҷозатдодаи қонунҳои дахлдор татбиқ мешаванд. Агар ягон суд ё суди ҳакамӣ қарор содир кунад, ки мо ҳаққи амалӣ намудани ягон қисми ин Шартҳоро тавре ки навишта шудааст надорем, мо метавонем он шартҳоро бо шартҳои шабеҳ то ҳадди амалишавӣ тибқи қонуни дахлдор иваз кунем, аммо қисми боқимондаи Шартҳо тағйир намеёбад. Ин Шартҳо бидуни истисно ба манфиати шумо ва мо ҳастанд. Ин Шартҳо ба манфиати ягон шахси дигар, ба ҷуз аз ворисон ва таъиншудагнои Microsoft нестанд. Сарлавҳаҳои қисмҳо танҳо барои маълумот буда, ягон қувваи қонунӣ надоранд.

15. Даъвоҳо бояд дар муддати як сол пешниҳод карда шаванд. Ҳамагуна даъвои марбут ба ин шартҳо ё Хидматҳо бояд дар муддати як сол аз санае, ки шумо даъво пешниҳод карда метавонистед, ба суд (ё суди ҳакамӣ, дар сурати татбиқ шудани қисми 10(d)) пешниҳод карда шаванд, ба шарте ки қонуни маҳаллии шумо барои пешниҳоди даъво давраи дарозтареро талаб накунад. Дар сурати дар ин муддат пешниҳод накардан, он бебозгашт беэътибор мешавад.

16. Қонунҳои содирот. Шумо бояд ҳамаи қонунҳо ва қоидаҳои содироти ватанӣ ва байналмилалиро, ки нисбати нармафзор ва/ё Хидматҳо татбиқ мешаванд, риоя намоед, аз ҷумла маҳдудиятҳо оид ба макони таъинот, корбарони ниҳоӣ ва истифодаи нииҳоӣ. Барои маълумоти иловагӣ оид ба маҳдудиятҳои ҷуғрофӣ ва содироттӣ, аз https://go.microsoft.com/fwlink/?linkid=868968 ва https://www.microsoft.com/exporting дидан кунед.

17. Нигоҳдории ҳуқуқҳо ва изҳори назар. Ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ин Шартҳо нишон дода шудаанд, Microsoft ба шумо иҷозатнома ё ҳар гуна дигар ҳуқуқро зери ҳар гуна патентҳо, ноу-хау, ҳуқуқҳои муаллифӣ, асрорҳои тиҷоратӣ, тамғаҳои савдо ё дигар моликияти интеллектуалии Microsoft ё аз ҷониби он идорашаванда ё ҳар гуна ниҳоди дахлдор намедиҳад, аз ҷумла вале бо ин маҳдуд нашуда, ҳар гуна ном, баста, тамға ё ҳаммонанди онҳоро. Агар шумо ба Microsoft ҳар гуна идея, пешниҳод, таклиф ё изҳори назар пешниҳод кунед, аз ҷумла бе маҳдуд идеяҳо барои маҳсулоти нав, технологияҳо, ташвиқу тарғиб, номҳои маҳсулот, изҳори назари маҳсулот ва такмилҳои маҳсулот ("Изҳори назар"), пас шумо ба Microsoft, бе рӯёнидани маблағ, подошпулӣ ё дигар уҳдадорӣ ба шумо, ҳуқуқи эҷод кардани асарҳои фаръӣ, истифода, мубодила ва фурӯши Изҳори назари худро бо ҳар роҳ ва сабаб медиҳед. Шумо ба Microsoft Изҳори назаре намедиҳед, ки таҳти иҷозатнома қарор дошта бошад ва аз Microsoft талаб намояд, то ки барои нармафзор, технологияҳо ё ҳуҷҷатгузорӣ ба тарафҳои сеюм иҷозатнома диҳад, зеро Microsoft Изҳори назари шуморо ба онҳо дохил мекунад.

Матни пурра
ОГОҲИҲООГОҲИҲОNOTICES
Фишурда

Огоҳиҳо ва тартиби пешниҳоди даъво оид ба вайронкунии моликияти зеҳнӣ. Microsoft ҳуқуқи моликияти зеҳнии шахсони сеюмро эҳтиром мекунад. Агар шумо хоҳед ки дар бораи вайронкунии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ огоҳӣ фиристед, лутфан, қоидаҳои моро оид ба пешниҳоди Огоҳиҳо оид ба вайронкунӣ истифода баред. ТАНҲО ДАРХОСТҲОИ БА ИН ТАРТИБ АЛОҚАМАНД ҶАВОБ МЕГИРАД.

Барои посух додан огоҳиҳо оид ба вайронкунии ҳуқуқи муаллифӣ Microsoft равандҳоеро истифода мебарад, ки дар Сарлавҳаи 17, Кодекси Иёлоти Муттаҳида, Қисми 512 муқаррар карда шудаанд. Дар ҳолатҳои мувофиқи мақсад, Microsoft инчунин метавонад ҳисобҳои корбарони хидматҳои Microsoft-ро, ки такроран вайрон мекунанд, қатъ ё ғайрифаъол кунад.

Огоҳиҳо ва қоидаҳои пешниҳоди даъво оид ба нигарониҳои моликияти зеҳнӣ дар таблиғ. Дар бораи нигарониҳои моликияти зеҳнӣ дар шабакаи таблиғотии мо, лутфан, Дастурҳо оид ба моликияти зеҳнӣ и моро мутолиа намоед.

Огоҳиҳо оид ба ҳуқуқи муаллифӣ ва тамғаи тиҷорӣ. Хидматҳо таҳти ҳуқуқи муаллифии © 2018 Microsoft Corporation ва ё таъминкунандагони он, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, U.S.A. қарор доранд. Ҳама ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Microsoft ва номҳо. логоҳо ва нишонҳои ҳамаи маҳсулот, нармафзор ва хидматҳои Microsoft метавонанд тамғаҳои тиҷорӣ ё тамғаҳои тиҷории қайдшудаи Microsoft дар иёлоти Муттаҳида ва/ё кишварҳои дигар бошанд. Номи ширкатҳо ва маҳсулоти воқеӣ метавонанд тамғаҳои тиҷории моликони мувофиқи онҳо бошанд. Ҳамаи ҳуқуқҳое, ки дар ин Шартҳо мустақиман боздода нашудаанд, ҳифз шудаанд. Баъзе нармафзоре, ки дар баъзе серверҳои вебсайтҳои Microsoft истифода мешаванд, қисман ба кори Independent JPEG Group асос ёфтаанд. Ҳуқуи муаллиф © 1991-1996 Thomas G. Lane. Ҳама ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Нармафзори «gnuplot», ки дар баъзе серверҳои вебсайтҳои Microsoft истифода мешавад ҳуқуқи муаллиф © 1986‑1993 Thomas Williams, Colin Kelley. Ҳама ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Огоҳии тиббӣ. Microsoft ҳеҷгуна машварати тиббӣ ё машварати тандурустӣ, ташхис ё табобат пешниҳод намекунад. Оид ба ҳамагуна саволҳои марбут ба ҳолати тиббӣ, парҳез, саломатӣ ё барномаи беҳдоштӣ ҳамеша бо табиби худ ё мутахассиси тиббии босалоҳият машварат кунед. Ҳеҷ гоҳ дар асоси маълумоти тавассути Хидматҳо гирифтаатон машварати тиббии касбиро сарфи назар накунед ё дар гирифтани он таъхир накунед.

Котировкаи саҳмияҳо ва маълумоти индекс (аз ҷумла қимати индексҳо). © 2013 Morningstar, Inc. Ҳама ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Маълумоти дар инҷо шомилшуда: (1) моликияти Morningstar ва/ё провайдерҳои мӯҳтавои он мебошад; (2) наметавонад нусха гирифт шавад ё паҳн карда шавад; ва (3) кафолати саҳеҳият, пуррагӣ ё саривақтӣ буданро надорад. На Morningstar на провайдерҳои мӯҳтавои он барои ҳамагуна хисорот ва зиёнҳое, ки аз ҳамагуна истифодаи ин маълумот ба амал меоянд, ҷавобгар нестанд. Самаранокии кор дар гузашта натиҷаҳои ояндаро кафолат намедиҳанд.

Шумо наметавонед ҳеҷ кадом аз Индексҳои Dow JonesSM, иттилооти индекс ё аломатҳои Dow Jones-ро дар робита бо барориш, эҷод, сарпарастӣ, савдо, маркетинг ё таблиғи ҳамагуна воситаҳои молиявӣ ё маҳсулоти сармоягузорӣ (масалан, ҳосилаҳо, маҳсулоти сохторнок, фондҳои сармоягузорӣ, фондҳои дар биржа гардишкунанда, портфелҳои сармоягузорӣ ва ғайра, ки дар он ҷо нарх, фоида ва/ё самаранокии восита ё маҳсулоти сармоягузорӣ, ки ба пайгирии ягон Индекс ё шахси боэътимоди ягон Индекс асос ёфтаанд, марбутанд ё тааллуқ доранд) бе розигии хаттии алоҳида бо Dow Jones истифода баред.

Огоҳии молиявӣ. Microsoft брокер/дилер ё мушовири сармоягузории қайдшуда тибқи қонунҳои федералии иёлоти Муттаҳида оид ба коғазҳои қиматнок ё қонунҳои юрисдиксияҳои дигар дар бораи коғазҳои қиматнок нест ва ба шахсони алоҳида оид ба қобили маслиҳат будани сармоягузорӣ. харид ё фурӯши коғазҳои қиматнок ё маҳсулот ё хидматҳои молиявӣ машаварат намедиҳад. Ҳеҷ як чизи дар ин Хидаматҳо шомилшуда пешниҳод ё таҳрик оиди хариди коғазҳои қиматнок нест. На Microsoft ва на иҷозатномадорони котировкаи саҳмияҳо ё иттилооти индекси он, ягон маҳсулот ё хидматҳои молиявии мушаххасро тасвиб намекунанда ё тавсия намедиҳанд. Ҳеҷ чиз дар хизматрасониҳо таъйин нашудааст, ки тавсияи касбӣ бошад, аз ҷумла бе маҳдуд, тавсияи сармоягузорӣ ё андоз.

Огоҳӣ дар бораи стандартҳои видеои H.264/AVC, MPEG-4 Visual ва VC-1. Нармафзор метавонад дорои технологияи кодеки H.264/AVC, MPEG-4 Visual ва/ё VC-1 бошад. ки барояш MPEG LA, L.L.C. иҷозатнома додааст. Ин технология формати фишурдани иттилоот барои маълумоти видеоӣ мебошад. MPEG LA, L.L.C. огоҳии зеринро талаб мекунад:

БА ИН МАҲСУЛОТ ТИБҚИ ИҶОЗАТНОМАҲОИ ПОРТФЕЛИ ПАТЕНТ H.264/AVC, MPEG-4 VISUAL ВА VC-1 БАРОИ ИСТИФОДАИ ШАХСӢ ВА ҒАЙРИТИҶОРӢ АЗ ҶОНИБИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДА БАРОИ (A) РАМЗ ГУЗОШТАНИ ВИДЕО МУТОБИҚИ СТАНДАРТҲО («СТАНДАРТҲОИ ВИДЕО») ВА/Ё (B) БЕРАМЗСОЗИИ ВИДЕОИ H.264/AVC, MPEG-4 VISUAL ВА VC-1, КИ АЗ ҶОНИБИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАЕ, КИ БА ФАЪОЛИЯТ БО ИСТИФОДАИ ШАХСӢ ВА ҒАЙРИТИҶОРӢ МАШҒУЛ АСТ Ё АЗ ПРОВАЙДЕРИ ВИДЕОИ ДОРОИ ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ПЕШНИҲОДИ ЧУНИН ВИДЕО ИФОЗАТНОМА ДОДА ШУДААСТ. ҲЕҶ КАДОМЕ АЗ ИҶОЗАТНОМАҲО БА ЯГОН МАҲСУЛИ ДИГАР ПАҲН НАМЕШАВАД, НОВОБАСТА АЗ ОН, КИ ЧУНИН МАҲСУЛОТ БО ИН НАРМАФЗОР ДАР ЯК БАСТАИ АШЁ ДОХИЛ КАРДА ШУДААСТ. БАРОИ ҲАМАГУНА ИСТИФОДА БА ТАВРИ ДИГАР ИҶОЗАТНОМА ДОДА НАМЕШАВАД. МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГИРО АЗ MPEG LA, L.L.C. ГИРИФТАН МУМКИН АСТ. НИГАРЕД БА ВЕБСАЙТИ MPEG LA.

Танҳо бо мақсади равшаниандозӣ, ин огоҳӣ истифодаи нармафзори тибқи ин Шартҳо пешниҳодшударо барои мақсадҳои тиҷории муқаррарӣ, ки барои он корхона шахсӣ ҳисоб мешаванд ва (i) аз нав паҳн кардани нармафзор ба шахсони сеюм ё (ii) эҷод кардани мавод бо технологияҳои мутобиқ бо СТАНДАРТҲОИ ВИДЕО барои аз нав паҳн кардани нармафзор ба шахсони сеюм пешбинӣ намекунанд, маҳдуд ё манъ намекунад.

Матни пурра
ШАРТҲОИ ИҶОЗАТНОМАИ СТАНДАРТИИ БАРНОМАШАРТҲОИ ИҶОЗАТНОМАИ СТАНДАРТИИ БАРНОМАSTANDARDAPPLICATIONLICENSETERMS
Фишурда

ШАРТҲОИ ИҶОЗАТНОМАИ СТАНДАРТИИ БАРНОМА

ДӮКОНИ MICROSOFT, ДӮКОНИ WINDOWS ВА ДӮКОНИ XBOX

Ин шартҳои иҷозатнома созишнома байни шумо ва ношири барнома ҳастанд. Луфтан, онҳоро хонед. Онҳо нисбат ба барномаҳои нармафзорие, ки шумо аз Дӯкони Microsoft, Дӯкони Windows ё Дӯкони Xbox боргирӣ менамоед (ҳар яке аз он дар ин шартҳои иҷозатнома ҳамчун "Дӯкон" номида мешавад) татбиқ карда мешаванд, аз ҷумла нисбат ба навсозиҳо ё изофаҳо барои барнома, агар барнома бо шартҳои алоҳида дастрас карда нашавад, пас дар ин ҳолат он шартҳо татбиқ карда мешаванд.

БО БОРГИРӢ КАРДАН Ё ИСТИФОДА БУРДАНИ БАРНОМА Ё КӮШИШИ ИҶРО КАРДАНИ ЯКЕ АЗ ИН ДУ АМАЛ, ШУМО ШАРТҲОРО ҚАБУЛ МЕКУНЕД. АГАР ШУМО ОНҲОРО ҚАБУЛ НАКУНЕД, ШУМО БА БАРНОМА ЯГОН ҲУҚУҚ НАДОРЕД ВА НАБОЯД ОНРО БОРГИРӢ КУНЕД Ё ИСТИФОДА БАРЕД.

Тавре, ки дар Дӯкон муайян карда шудааст, ношири барнома маънои шахси ҳуқуқии иҷозатномадиҳандаи барнома барои шуморо дорад.

Агар шумо ин шартҳои иҷозатномаро риоя кунед, шумо ҳуқуҳои зеринро доред.

  • 1. ҲУҚУҚҲОИ НАСБ ВА ИСТИФОДА. АНҶОМИ МУҲЛАТ. Шумо метавонед барномаро дар дастгоҳҳои Windows ё консолҳои Xbox тавре, ки дар Қоидаҳои истифодабарии Microsoft шарҳ дода шудааст, насб кунед ва истифода баред. Microsoft ҳуқуқ дорад, ки Қоидаҳои истифодаи Microsoft-ро дар вақти дилхоҳ тағйир диҳад.
  • 2. ХИДМАТҲОИ ИНТЕРНЕТӢ.
    • a. Розигӣ бо хидматҳои интернетӣ ё бесим. Агар барнома тавассути Интернет бо системаҳои компютерӣ пайваст шавад, ки метавонад шабакаи бесимро дарбар гирад, он гоҳ истифодаи барнома маънои розигии шуморо бо интиқоли маълумоти стандартии дастгоҳ (аз ҷумла, вале номаҳдуд бо маълумоти техникӣ дар бораи дастгоҳи шумо, нармафзори система ва барнома ва таҷҳизоти периферӣ) барои хидамтҳои интернетӣ ва бесим дорад. Агар дар робита бо истифодаи хидматҳои бо ёрии барнома дастрасшуда аз ҷониби шумо шартҳои дигар пешниҳод шаванд, он шартҳо амал мекунанд.
    • b. Сӯиистифода хидматҳои интернетӣ. Шумо ҳақ надоред, ки хидмати интернетиро тарзе истифода баред, ки ба истифодаи он ё шабакаи бесим аз ҷониби каси дигаре зиён ё халал расонад. Шумо ҳақ надоред, ки хидматро барои ба даст овардани дастрасии беиҷозат ба ягон хидмат, иттилоот, ҳисоб ё шабака истифода баред.
  • 3. ПРЕДМЕТИ ИҶОЗАТНОМА. Барнома тибқи иҷозатнома дода мешавад, он фурӯхта намешавад. Ин шартнома ба шумо танҳо баъзе ҳуқуқҳои истифодаи барномаро медиҳад. Агар Microsoft қобилияти истифодаи барномаҳо дар дастгоҳи шуморо тибқи шартномаи шумо бо Microsoft ғайрифаъол кунад, ҳамагуна ҳуқуқҳои алоқаманд қатъ мегарданд. Ношири барномаҳо ҳамаи ҳуқуқҳои дигарро нигоҳ медорад. Агар қонуни татбиқшаванда, ба ин маҳдудият нигоҳ накарда, ба шумо ҳуқуқҳои бештар диҳад, шумо метавонед барномаро танҳо ба таври мустақиман дар ин шартнома иҷозатшуда истифода бурда метавонед. Дар ин ҳангом, шумо бояд ҳама маҳдудиятҳои техникиеро, ки ба шумо истифодаи барномаро танҳо бо тарзҳои муайян иҷозат медиҳанд, риоя намоед. Шумо ҳақ надоред, ки:
    • a. Ягон маҳдудияти техникии барномаро бартараф кунед.
    • b. Барномаро аз нав созед, аз нав таҳия кунед, ба қисмҳо ҷудо кунед, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонуни татбиқшаванда бо вуҷуди ин маҳдудият мустақиман иҷозат медиҳад.
    • c. Аз миқдори дар ин шартнома нишондодашуда ё бо вуҷуди ин маҳдудият, аз ҷониби қонуни татбиқшаванда иҷозатшуд зиёдтар нусхаҳои барномаро гиред.
    • d. барномаро нашр кунед ё ба таври дигар барои нусхабардорӣ аз ҷониби дигарон дастрас созед.
    • e. Барномаро ба иҷора, лизинг ё қарз диҳед.
    • f. Интиқол додани барнома ё ин шартнома ба ҳар гуна тарафи сеюм.
  • 4. ҲУҶҶАТҲО. Агар бо ҳамроҳии барнома ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда шаванд, шумо метавонед ҳуҷҷатҳоро нусха бардоред ва барои мақсадҳои маълумотии шахсӣ истифода баред.
  • 5. МАҲДУДИЯТҲОИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА СОДИРОТ. Барнома метавонад таҳти амали қонунҳо ва меъёрҳои назорати технологӣ ё содиротии Иёлоти Муттаҳида ё байналмилалӣ бошад. Шумо бояд ҳамаи қонунҳо ва қоидаҳои содироти ватанӣ ва байналмилалиро, ки нисбати технологияҳи дар барнома истифодашуда ё дастгиришаванда татбиқ мешаванд, риоя намоед. Ин қонунҳо маҳдудиятҳо нисбати маконҳои таъинот, корбарони ниҳоӣ ва истифодаи ниҳоиро дарбар мегиранд. Барои маълумот дар бораи маҳсулоти дорои бренди Microsoft ба Вебсайти содиротии Microsoft гузаред.
  • 6. ХИДМАТҲОИ ЁРИРАСОН. Бо ношири барнома тамос гирифта, муайян намоед, ки кадом хидматҳои дастгирӣ мавҷуданд. Microsoft, истеҳсолкунандаи сахтафзори шумо ва барандаи шабакаи бесими шумо (ба шарте ки яке аз онҳо ношири барнома набошад) барои пешниҳод намудани хидматҳои дастгирӣ масъул нестанд.
  • 7. СОЗИШИ ФАРОГИР. Ин шартнома, ҳама сиёсатҳои дахлдори махфият, ҳама гуна шартҳои иловагии ҳамроҳи барнома ва шартҳои иловаҳо ва навсозиҳо тамоми шартномаи иҷозатнома байни шумо ва ношири барнома барои барнома мебошанд.
  • 8. ҲУҚУҚИ ТАТБИҚШАВАНДА.
    • a. Иёлоти Муттаҳида ва Канада. Агар шумо барномаро дар ИМА ё Канада харидорӣ намоед, пас тафсири ин шартномаро қонунҳои штат ё вилояте, ки шумо дар онҷо зиндагӣ мекунед (ё агар тиҷорат бошад, пас маконе, ки саридора ҷойгир аст) танзим менамоянд ва шартнома нисбат ба даъвоҳо дар бораи вайронкунии он ва ҳамаи даъвоҳои дигар (аз ҷумла даъвоҳои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунанда, рақобати носолим ва деликт) новобаста аз принсипҳои ихтилофи қонунҳо татбиқ карда мешавад.
    • b. Берун аз Иёлоти Муттаҳида ва Канада. Агар шумо барномаро дар кишвари дилхоҳи дигар ба даст оварда бошед, қонунҳои он кишвар амал мекунанд.
  • 9. ҚУВВАИ ҲУҚУҚӢ. Ин шартнома ҳуқуқҳои қонунии муайянро тавсиф мекунад. Шояд шумо тибқи қонунҳои иёлат ё кишвари худ ҳуқуқҳои дигар дошта бошед. Ин шартнома ҳуқуқҳои шуморо тибқи қонунҳои иёлат ё кишвари шумо тағйир намедиҳад, агар қонунҳои иёлат ё кишвари шумо инро иҷозат надиҳанд.
  • 10. ДАСТ КАШИДАН АЗ КАФОЛАТ. Ба ин барнома ба тариқи «тавре ки ҳаст», «бо ҳамаи нуқсонҳо» ва «аз рӯи дастрасӣ» иҷозатнома дода мешавад. Шумо ҳамаи хавфҳои истифодаи онро ба зимма доред. Ношири барнома, аз номи худ, Microsoft (агар Microsoft ношири барнома набошад), барандаи бесим, ки тавассути шабакаи он барнома пешниҳод карда мешавад ва ҳар яке аз шарикон, мизоҷон, агентҳо ва таъминкунандагон («Тарафҳои фарогирифташуда»), ҳеҷгуна кафолатҳо, замонатҳо ё шартҳои мустақим нисбати барнома намедиҳанд. Тамоми хавфи марбут ба сифат, бехатарӣ, қулайӣ ва кори барнома бар зимми шумост. Агар барнома ноқис бошад, шумо ҳамаи хароҷоти зарурии нигоҳубин ё таъмирро бар дӯш мегиред. Шумо метавонед тибқи қонунҳои маҳаллии худ ҳуқуқҳои истеъмолкунандаи иловагӣ дошта бошед, ки ин шартнома онҳоро тағйир дода наметавонад. То дараҷаи бо қонунгузории маҳаллии шумо муқарраршуда, мо ҳама гуна кафолат ва шартҳои ғайримустақим, аз ҷумла қобилияти ба фурӯш рафтан, мувофиқат ба мақсади муайян, бехатарӣ, қуллайӣ ва вайрон накарданро истисно менамоем.
  • 11. МАҲДУДСОЗӢ ВА ИСТИСНОИ ҶУБРОНҲО ВА ХИСОРОТ. Ба ҳадде, ки қонун манъ накардааст, агар шумо барои барқарор кардани хисорот асосе дошта бошед, шумо метавонед аз ношири барнома танҳо хисороти мустақимро то маблағи барои барнома пардохткардаатон ё USD$1,00 гиред, кадоме ки калонтар бошад. Шумо аз ҳама ҳуқуқҳои дигар оиди аз ношири барнома дархост кардани ҷуброн барои ҳамагуна хисороти дигар, аз ҷумла хисороти ғайримустақим, фоидаи аздастрафта, хисороти барқасд, ғайримустақим ё тасодуфӣ, даст мекашед ва ингуна дархост намекунед. Агар қонунҳои маҳалли шумо, бо вуҷуди ингуна накардани ин шартнома, ягон кафолат, замонат ё шартеро пешбинӣ кунанд, муддати он бо 90 рӯз аз вақти барномаро боргирӣ кардани шумост.

Ин маҳдудият дар ин ҳолатҳо татбиқ мешавад:

  • Ҳама чиҳое, ки бо барнома ё хидматҳо тавассути барнома дастрасшуда марбут ҳастанд; ва
  • Даъвоҳо оид ба вайронкунии шарӣнома, кафолат, замонат ё шарт; масъулият, хунукназарии қатъӣ ё деликти дигар; вайронкунии оиннома ё низомнома; ё тибқи ягон назария; ҳамааш то ҳадди иҷозатдодаи қонуни татбиқшаванда.

Он инчунин татбиқ мешавад, агар:

  • Ин ҷуброн зиёнҳои шуморо пурра барқарор накунад; ё
  • Ношири барнома дар бораи иамконияти хисорот медонист ё бояд медонист.
Матни пурра
Хидматҳои фарогирифташудаХидматҳои фарогирифташудаserviceslist
Фишурда

Маҳсулот, барномаҳо ва хидматҳои зерин бо Шартномаи хидматҳои Microsoft фаро гирифта шудаанд, аммо метавонанд дар бозори шумо дастрас набошанд.

  • Account.microsoft.com
  • Advertising.microsoft.com
  • Arrow Launcher
  • Bing Bots
  • Bing Sportscaster
  • Bing Torque
  • Bing Translator
  • Bing Webmaster
  • Bing дар синфхона
  • Bing.com
  • Bing
  • Bingplaces.com
  • Citizen Next
  • Conditional Action Programmer
  • Cortana skills by Microsoft
  • Cortana
  • Default Homepage and New Tab Page on Microsoft Edge
  • Dev Center App
  • Device Health App
  • Dictate
  • Docs.com
  • education.minecraft.net
  • Face Swap
  • Forms.microsoft.com
  • forzamotorsport.net
  • Groove Music Pass
  • Groove
  • GroupMe
  • HealthVault
  • LineBack
  • Microsoft Academic
  • Microsoft Add-Ins for Skype
  • Microsoft Bots
  • Microsoft Educator Community
  • Microsoft Health
  • Microsoft Pay
  • Microsoft Research Interactive Science
  • Microsoft Research Open Data
  • Microsoft Translator
  • Microsoft XiaoIce
  • Mixer
  • MSN Dial Up
  • MSN Explorer
  • MSN Premium
  • MSN Ахбор
  • MSN Варзиш
  • MSN Молия
  • MSN Обуҳаво
  • MSN Саёҳат
  • MSN Тандурустӣ
  • MSN Хӯрок ва нӯшокиҳо
  • MSN.com
  • Office 365 Consumer
  • Office 365 Home
  • Office 365 Personal
  • Office 365 University
  • Office Online
  • Office Store
  • Office Sway
  • Office.com
  • OneDrive.com
  • OneDrive
  • OneNote.com
  • Outlook.com
  • Paint 3D
  • Pix Lock
  • Presentation Translator
  • Remix 3D
  • Rinna
  • rise4fun
  • Ruuh
  • Seeing AI
  • Send
  • Skype in the Classroom
  • Skype Interviews
  • Skype Manager
  • Skype Qik
  • Skype.com
  • Skype
  • Smart Search
  • Snip Insights
  • Spreadsheet Keyboard
  • Sprinkles
  • Support and Recovery Assistant барои Office 365 аз Microsoft
  • Sway.com
  • to-do.microsoft.com
  • Tossup
  • Translator for Microsoft Edge
  • Translator Live
  • UrWeather
  • Video Breakdown
  • Visio Online
  • Xbox Game Pass
  • Xbox Live Gold
  • Xbox Live
  • Xbox Music
  • Xbox Store
  • Барномаи харитаҳо
  • Барномаҳои Bing
  • Бозиҳои Xbox ва Windows, барномаҳо ва вебсайтҳое, ки аз ҷониби Microsoft нашр шудаанд
  • Браузери Bing Wikipedia
  • Вуруди Bing
  • Галереяи суратҳои Windows
  • Дӯкон
  • Дӯкони Windows
  • Луғати Bing
  • Мизи кории Bing
  • Мукофотҳои Bing
  • Нависандаи Windows Live
  • Навори абзори Bing
  • Оилаи Microsoft
  • Паймоиши Bing
  • Почтаи Windows Live
  • Тарҷумон
  • Тасвири заминаи Microsoft
  • Филмсози Windows
  • Филмҳо ва ТВ-и Microsoft
  • Харитаҳои Bing
  • Хонандаи Bing
  • Ҳисоби Microsoft
  • Ҷустуҷӯи барномаҳои Bing
  • Экрани қулфи зебо
  • Экрани қулфи навбатӣ
Матни пурра
1 марти соли 20180