Махфияти шумо
1. Махфияти шумо. Махфияти шумо барои мо муҳим аст. Лутфан, Баёнияи махфияти Microsoft-ро (https://go.microsoft.com/fwlink/?LinkId=521839) ("Баёнияи махфият") бихонед, зеро он навъҳои иттилоотеро, ки мо аз шумо ва дастгоҳҳои шумо ҷамъ мекунем ("Иттилоот"), тарзи истифода шудани иттилооти шумо аз ҷониби мо ва асосҳои қонунии коркарди иттилооти шумо аз ҷониби моро тавсиф мекунад. Баёнияи махфият инчунин тарзи истифода шудани муҳтавои шумо аз ҷониби Microsoft-ро тавсиф мекунад, ки аз иртиботи шумо бо дигарон; нашрҳое, ки аз ҷониби шумо ба Microsoft тавассути Хидматҳо пешниҳод мешаванд; ва файлҳо, суратҳо, ҳуҷҷатҳо, аудио, асарҳои рақамӣ, пахшҳои мустақим ва видеоҳое, ки шумо тавассути Хидматҳо бор мекунед, нигоҳ медоред, пахш мекунед, эҷод мекунед, ҳосил ё мубодила мекунед, ва маводҳое, ки шумо барои ҳосил кардани муҳтаво пешниҳод мекунед ("Муҳтавои шумо") иборат мебошад. Дар ҷое, ки коркардкунӣ дар асоси розигӣ ва дар чорчӯбаи муқарраршудаи қонун бошад, бо розӣ шудан бо ин Шартҳо, шумо барои ҷамъоварӣ, истифода ва ифшои Муҳтаво ва Иттилооти худ аз ҷониби Microsoft тавре, ки дар Баёнияи махфият тасвир карда шудааст, розӣ мешавед. Дар баъзе ҳолатҳо мо ба шумо огоҳии алоҳидаро пешниҳод мекунем ва ба Баёнияи махфият истинод карда, розигии шуморо дархост мекунем.
Муҳтавои шумо
2. Муҳтавои шумо. Бисёри Хидматҳои мо ба шумо имкон медиҳанд, ки Муҳтавои худро эҷод кунед, нигоҳ доред ё мубодила кунед ё аз дигарон мавод қабул кунед. Мо даъвои моликияти муҳтавои шуморо надорем. Муҳтавои шумо аз они шумо боқӣ мемонад ва шумо барои он масъул мебошед.
- а. Вақте ки шумо муҳтавои худро бо дигарон мубодила мекунед, шумо мефаҳмед, ки онҳо метавонанд дар сатҳи умумиҷаҳонӣ муҳтавои шуморо барои мақсаде, ки шумо барои он муҳтавои худро дар Хидматҳо дастрас сохтаед, бе ҷуброн кардани шумо истифода баранд, захира кунанд, сабт намоянд, аз нав истеҳсол кунанд, пахш намоянд, интиқол диҳанд, мубодила кунанд ва намоиш диҳанд. Агар нахоҳед, ки дигарон ин гуна имконро дошта бошанд, Хидматҳоро барои мубодила кардани Муҳтавои худ истифода набаред. Шумо изҳор медоред ва кафолат медиҳед, ки дар муддати ин Шартҳо шумо нисбати Муҳтавои худ, ки дар ё тавассути Хидматҳо бор карда, нигоҳ дошта ё мубодила карда мешавад, ҳамаи ҳуқуқҳои заруриро доред (ва дар оянда низ медоред) ва ҷамоварӣ, истифода ва нигоҳдории Муҳтавои шумо ягон қонун ё ҳуқуқҳои дигаронро вайрон намекунанд. Microsoft Муҳтавои шуморо соҳибӣ, назорат, тасвиб намекунад, барои он пардохт намекунад, барояш зомин намешавад ё ба таври дигар барои он масъул намешавад ва барои Муҳтавои шумо ё маводи аз ҷониби дигарон бо истифодаи Хидматҳо бор карда, нигоҳ дошта ё мубодила мешуда ҷавобгар буда наметавонад.
- b. То ҳадди зарурӣ барои пешниҳоди Хидматҳо ба шумо ва дигарон, бо мақсади муҳофизати шумо ва Хидматҳо ва такмил додани маҳсулотва хидматҳои Microsoft, шумо ба Microsoft иҷозтномаи умумиҷаҳонии ройгони моликияти зеҳниро барои истифодаи Мӯҳтавои шумо, масалан барои нусхабардорӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, шаклдигаркунӣ, намоиш ва паҳнкунӣ тавассути абзори алоқа, медиҳед. Агар шумо Мӯҳтавои худро дар он қитъаҳои Хидмат нашр кунед, ки он бидуни маҳдудият дар онлайн дастрас шавад, Мӯҳтавои шумо метавонад дар намоишҳо ё мавод барои таблиғи Хидмат зоҳир шавад. Баъзе Хидматҳо тавассути таблиғ дастгирӣ карда мешаванд. Василаҳои идоракунии шахсисозии таблиғот аз ҷониби Microsoft дар https://choice.live.com дастрасанд. Мо он чизҳоеро, ки шумо дар почтаи электронӣ, чат, зангҳои видеоӣ ё почтаи овзӣ мегӯед ё ҳуҷҷатҳо, суртаҳо ё файлҳои шахсии шуморо барои равона кардани таблиғ ба шумо истифода намеӣарем. Сиёсатҳои таблиғотии мо ботафсил дар Баёнияи махфият шарҳ дода шудаанд.
- в. Microsoft ба шумо имкони дастрасӣ ба маълумоти содиршавандаи шуморо тавассути лавҳаи иттилоотии махфияти Microsoft (https://account.microsoft.com/privacy) ё интерфейси корбарии маҳсулот, ҳангоми тасдиқи воридшавӣ бо ҳисоби Microsoft-и шумо, медиҳад. Ин маълумоти содиршаванда метавонад барои гузаштан ба хидматҳои таҳвилгарони тарафи сеюм истифода шавад. Microsoft ҳуқуқ дорад содироти маълумотеро, ки метавонад ба амнияти хадамот ё моликияти зеҳнии Microsoft халал ворид созад, маҳдуд намояд. Агар шумо маълумоти худро тавассути ин механизмҳо содир карда натавонед, бо Microsoft бо суроғае, ки дар фасли "Чӣ тавр бо мо тамос гирифтан мумкин аст" (https://privacy.microsoft.com/privacystatement#mainhowtocontactusmodule) оварда шудааст, ё бо истифода аз шакли веби мо (https://go.microsoft.com/fwlink/?linkid=2126612) тамос гиред.
Кодекси рафтор
3. Кодекси рафтор. Ҳангоми истифода бурдани Хидматҳо, шумо барои рафтор ва муҳтавои худ масъул мебошед.
- а. Бо розӣ шудан ба ин Шартҳо, шумо розӣ мешавед, ки ҳангоми истифодаи Хадамот, аз ҷумла хидматҳои ЗС, ки мустақилона ё бо сатҳҳои гуногуни дахолати инсон қарор қабул мекунанд ё амал мекунанд, шумо ин қоидаҳоро риоя хоҳед кард:
- i. Ягон амали ғайриқонунӣ анҷом надиҳед ва кӯшиш накунед, ки муҳтавои ғайриқонунӣ ҳосил кунед ё мубодила кунед.
- ii. Ба ягон фаъолияте, ки кӯдаконро истисмор мекунад, ба онҳо зиён мерасонад ё таҳдиди зиён расонидан ба онҳоро дорад, даст назанед.
- iii. Спам нафиристед ва ба иттилоъдуздӣ даст назанед ва кӯшиш накунед, ки нармафзори зиёновар ҳосил ё паҳн кунед. Спам паёмҳои электронии гуруҳӣ, нашрҳо, дархостҳои тамос, SMS (паёмҳои матнӣ) ё паёмҳои фаврӣ ва дигар воситаҳои шабеҳи иртитиботи номатлуб ё дархостнашуда мебошад. Иттилоъдуздӣ фиристодани паёмҳои электронӣ ё дигар воситаҳои иртиботи электронӣ бо мақсади ба таври қаллобӣ ё ғайриқонунӣ моил кардани гирандагон барои ошкор кардани маълумоти шахсӣ ё ҳассос, ба мисли паролҳо, санаҳои таваллуд, рақамҳои суғуртаи иҷтимоӣ, рақамҳои шиноснома, маълумот оиди кортҳои қарзӣ, маълумоти молиявӣ ё дигар маълумоти ҳассос, ё бо мақсади пайдо кардани дастрасӣ ба ҳисобҳо ё сабтҳо, дастрас кардани ҳуҷҷатҳо ё дигар маълумоти ҳассос, пардохт ва/ё имтиёзи молиявӣ мебошад. Нармафзори зиёновар ҳама гуна фаъолиятҳои ба расонидани зарири техникӣ равонашуда мебошанд, аз ҷумла таҳвили файлҳои иҷрошавандаи бадқасдона, ташкил кардани ҳуҷумҳои радди хизматрасонӣ (DoS) ё идора кардани серверҳои идоракунии оперативӣ.
- iv. Хидматҳоро барои ҳосил ё мубодила кардани муҳтаво ё маводҳои номувофиқ (аз ҷумла, масалан, бараҳнагӣ, чорвоомезӣ, порнография, алфози қабеҳ, саҳнаҳои зӯроварӣ, худмаъюбкунӣ ё фаъолияти ҷиноӣ) ё Муҳтавои худ ё маводе, ки ба қонунҳои маҳаллӣ ё қоидаҳо мувофиқ намебошанд, ошкоро намоиш надиҳед ва истифода набаред.
- v. Ба фаъолияти дорои табиати қаллобӣ, бардурӯғ ё гумроҳкунанда (мисол, бо баҳонаҳои бардурӯғ пул пурсидан, худро шахси дигар вонамуд кардан, ҳисобҳои қалбакӣ эҷод кардан, фаъолияти қалбакиро худкор сохтан, ҳосил ё мубодила кардани муҳтавое, ки қасдан гумроҳкунанда мебошад, Хидматҳоро бо мақсади афзоиш додани шумораи пахшҳо, таъсир расондан ба баҳоҳо, рейтингҳо ё шарҳҳо таҳриф мекунад) ва фаъолияти туҳматомез ё бадномкунанда даст назанед.
- vi. Ягон манъи дастрасӣ, истифода ё дастрас будани Хидматҳоро каноргузарӣ накунед (мисол, кӯшиши "ҷейлбрейк"-и системаи ЗС ё истихроҷи иҷозатнашудаи иттилоот).
- vii. Ба фаъолияте даст назанед, ки барои шумо, Хидматҳо ё дигарон зараровар аст (мисол, интиқоли вирусҳо, пайгирӣ, ҳосил ё мубодила кардани муҳтавое, ки дигаронро сарзаниш мекунад, нисбаташон зӯроварӣ зоҳир мекунад ё ба онҳо таҳдид мекунад, нашр кардани муҳтавои дорои табиати террористӣ ё тундравии зӯроварона, расондани нутқи хусуматомез ё тарафдории зӯроварӣ нисбати дигарон).
- viii. Ҳуқуқҳои дигаронро вайрон ва нақз накунед (мисол, мубодилаи беиҷозати мусиқӣ ё дигар маводҳои бо ҳуқуқи муаллиф ҳифз мешуда, фурӯши дубора ё дигар навъи паҳнкунии харитаҳои Bing ё гирифтани суратҳо ё сабт кардани видео/аудиои дигарон бо истифодаи Хидматҳо бидуни розигии онҳо барои коркарди идентификаторҳо/маълумоти биометрии онҳо ва ғайраҳо).
- ix. Ба фаъолияте, ки махфият ё ҳуқуқҳои муҳофизати иттилооти дигаронро вайрон мекунад, даст назанед.
- x. Ба дигарон дар вайрон кардани ин қоидаҳо кӯмак нарасонед.
- Маълумоти бештар дар бораи сиёсатҳои мо, равандҳои модератсия ва таъмини иҷроиши талаботу қоидаҳо ва шартҳои хидматҳои алоҳида дар aka.ms/trustandsafety дастрас аст.
Истифодаи хидматҳо ва дастгирӣ
4. Истифодаи хидматҳо ва дастгирӣ.
- а. Ҳисоби Microsoft. Барои дастрасӣ ба аксар Хидматҳо ба шумо ҳисоби Microsoft лозим мешавад. Ҳисоби Microsoft ба шумо имкон медиҳад, ки ба маҳсулот, вебсайтҳо ва хидматҳои Microsoft ва баъзе шарикони Microsoft ворид шавед.
- i. Эҷод кардани ҳисоб. Тавассути обуна шудан ба таври онлайн шумо ҳисоби Microsoft-ро эҷод карда метавонед. Ҳангоми обуна шудан ба ҳисоби Microsoft шумо розӣ мешавед, ки ҳар гуна маълумоти қалбакӣ, нодуруст ё гумроҳкунандаро истифода намебаред. Дар баъзе ҳолатҳо ягон шахси сеюм, аз қабили провайдери хидмати интернет, метавонад барои шумо ҳисоби Microsoft таъин кунад. Агар шумо ҳисоби Microsoft-и худро аз ягон шахси сеюм гирифта бошед, он шахси сеюм метавонад дар мавриди ҳисоби шумо ҳуқуқҳои иловагӣ, аз қабили қобилияти дастрас шудан ба ё нест кардани ҳисоби Microsoft дошта бошад. Лутфан, шартҳои иловагии шахси сеюмро омӯзед, зеро Microsoft дар мавриди ин шартҳои иловагӣ масъулият надорад. Агар ҳисоби Microsoft-ро аз номи шахси дигар, аз қабили корхона ё корфармои худ, эҷод кунед, шумо изҳор медоред, ки дорои ваколати ба зиммаи он шахс гузоштани ин Шартҳо ҳастед. Шумо маълумоти корбари ҳисоби Microsoft-и худро ба корбар ё ниҳоди дигар интиқол дода наметавонед. Барои муҳофизати ҳисоби худ, маълумоти ҳисоб ва пароли худро махфӣ нигоҳ доред. Шумо барои ҳамаи фаъолияте, ки зери ҳисоби Microsoft-и шумо пайдо мешавад, масъул мебошед.
- ii. Истифодаи ҳисоб. Барои фаъол доштани ҳисоби Microsoft шумо бояд онро истифода баред. Ин маънои онро дорад, ки шумо бояд ҳадди ақал як маротиба дар давоми ду сол ба ҳисоби Microsoft-и худ ворид шавед, то ҳисоби худ ва Хадамоти марбут ба он (агар ба таври дигар мушаххас карда нашуда бошад) фаъол боқӣ монад, агар дар сиёсати фаъолияти ҳисоби Microsoft https://go.microsoft.com/fwlink/p/?linkid=2086738 ё дар пешниҳоди қисми пулакии Хадамот муҳлати дарозтар пешбинӣ нашуда бошад. Агар шумо дар дмуддат ворид нашавед, мо ҳисоби Microsoft-и шуморо ғайрифаъол меҳисобем ва онро барои шумо мебандем. Барои оқибатҳои бастани ҳисоби Microsoft-ро фаҳмидан, ба қисмати 4 а.iv.2 нигаред. Шумо бояд дар муддати як сол на камтар аз як маротиба ба паёмдони даромади Outlook.com ва OneDrive-и худ (алоҳида) ворид шавед, вагарна мо паёмдони даромади Outlook.com ва OneDrive-и шуморо бандем. Агар мо ба таври асоснок гумон барем, ки ҳисоби Microsoft-и шумо зери хатари истифодаи ғайриқонунӣ аз ҷониби тарафи сеюм қарор дорад (масалан, дар натиҷаи дуздида шудани ҳисоб), Microsoft метавонад ҳисоби шуморо то аз шумо дархост гирифтан боздорад. Дар асоси моҳияти чунин тақаллуб, ба метавонад лозим ояд, ки дастрасиро ба қисм ё тамоми Муҳтавои шумо ғайрифаъол кунем. Агар шумо бо дастрас шудан ба ҳисоби Microsoft мушкил дошта бошед, лутфан аз ин вебсайт дидан кунед: https://go.microsoft.com/fwlink/?LinkId=238656.
- iii. Кӯдакон ва ҳисобҳо. Ҳисоби Microsoft таъсис дода ё Хидматҳоро истифода бурда, шумо ин Шартҳоро қабул мекунед ва барои тибқи онҳо амал кардан розӣ мешавед, ва эътироф мекунед, ки шумо дар қишвари зисти худ то синну соли "болиғ" ё "ҷавобгарии ҳуқуқӣ" расидаед ё парастори ҳуқуқии шумо барои аз номи шумо тибқи ин Шартҳо масъул будан розӣ аст. Агар шумо надонед, ки оё дар кишвари зисти худ ба синни "болиғ" ё "ҷавобгарии ҳуқуқӣ" расидаед, ё ин қисматро нафаҳмед, аз волидонатон ё парастори ҳуқуқии худ кумак пурсед. Агар шумо волид ё парастори ҳуқуқии ноболиғе бошед, шумо ва шахси ноболиғ ин Шартҳоро қабул мекунед ва розӣ мешавед, ки тибқи онҳо амал кунед, ва барои тамоми истифодаи ҳисоби Microsoft ё Хизматрасониҳо масъул мешавед, аз ҷумла барои харидҳо, хоҳ ҳисоби ноболиғ ҳозир кушода бошад, хоҳ дертар эҷод карда мешавад.
- iv. Бастани ҳисоби шумо.
- 1. Шумо метавонед Хизматрасониҳои мушаххасро бекор кунед ё дар вақти дилхоҳ ва бо ҳар гуна сабаб ҳисоби Microsoft-ро барҳам диҳед. Барои бастани ҳисоби Microsoft, лутфан аз https://go.microsoft.com/fwlink/p/?linkid=618278 боздид кунед. Вақте ки шумо аз мо хоҳиш мекунед, ки ҳисоби Microsoft-и шуморо бандем, метавонед онро барои муҳлати 30 ё 60 рӯз дар ҳолати боздоштшуда гузоред, мабодо шумо аз фикратон гардед. Пас аз он давраи 30 ё 60-рӯза, ҳисоби Microsoft-и шумо баста мешавад. Барои тавзеҳи он, ки ҳангоми барҳам додани ҳисоби Microsoft-и шумо чӣ рух медиҳад, дар поён ба қисмати 4.a.iv.2 нигаред. Воридшавии дубора дар давраи боздорӣ ҳисоби Microsoft-и шуморо аз нав фаъол мекунад.
- 2. Агар ҳисоби Microsoft-и шумо барҳам дода шавад (хоҳ аз тарафи шумо, хоҳ аз тарафи мо), якчанд ҳолат ба вуҷуд меояд. Якум, ҳуқуқи шумо барои истифода бурдани ҳисоби Microsoft барои дастрасӣ пайдо кардан ба Хизматрасониҳо фавран қатъ мегардад. Дуюм, мо Иттилоот ё Розигии шуморо, ки бо ҳисоби Microsoft-и шумо алоқаманд мебошад, нест мекунем ё ба таври дигар онро аз шумо ва ҳисоби Microsoft-и шумо ҷудо мекунем (агар қонун аз мо талаб накунад, ки онро нигоҳ дорем, ё онро ба шумо ё тарафи сеюме, ки аз ҷониби шумо муайян карда шудааст, интиқол диҳем). Шумо бояд як нақшаи нусхагирии эҳтиётии мунтазам дошта бошед, зеро пас аз баста шудани ҳисоб Microsoft Мӯҳтаво ва иттиллоти шуморо барқарор карда наметавонад. Сеюм, шумо метавонед дастрасӣ ба маҳсулотеро, ки харидорӣ намудаед, аз даст диҳед.
- b. Модератсия ва таъмини иҷроиш. Бисёри Хидматҳои мо, ки ба шумо имконияти амали мутақобила, эҷод кардан, ҳосил кардан ва мубодила кардани муҳтаво бо дигаронро медиҳанд, барои Хидматҳои мо ва корбарони дигарро муҳофизат кардан системаҳои амниятро ба кор мебаранд.
- i. Сиёсатҳо. Қоидаҳои ахлоқи мо амалҳоеро муқаррар мекунанд, ки Ҳангоми истифода бурдани Хидматҳои мо манъ мебошанд. Сиёсатҳои мо дар бораи муҳтаво ва рафторро метавон дар инҷо (https://www.microsoft.com/DigitalSafety/policies) пайдо кард. Хизматрасониҳои мушаххас сиёсатҳои иловагӣ ва стандартҳои ҷомеаи татбиқпазир нисбати корбарони худ доранд, ки дар инҷо (https://aka.ms/trustandsafety) дастрас мебошанд.
- ii. Гузоришдиҳӣ оид ба нигарониҳо. Шумо метавонед дар бораи муҳтаво ё рафтори нигароникунандае, ки Кодекси рафтори моро вайрон мекунад дар инҷо (https://aka.ms/reportconcerns) гузориш диҳед.
- iii. Баррасӣ. Дар ҳолатҳои мувофиқ, мо метавонем барои муайян кардани спам, вирусҳо, қаллобӣ, иттилоъдуздӣ, нармафзори зиёновар, ҷейлбрейк ва дигар муҳтаво ё рафтори ғайриқонунӣ ё зараровари эҳтимолӣ баррасӣ аз ҷониби системаҳои худкор ё одамонро истифода барем.
- iv. Таъмини иҷроиш. Мо ҳуқуқ дорем, ки муҳтавои андозааш аз меъёрҳои захирагоҳ ё андозаи файлҳои аз ҷониби Хидмат иҷозатшуда калонтарро рад кунем. Агар муҳтаво Қоидаҳои ахлоқ ё дигар сиёсатҳои Хидматро вайрон кунад ё инро қонунгузорӣ талаб кунад, мо метавонем онро мамнуъ кунем, нест кунем ё аз намоиши он дасткашӣ кунем. Агар шумо ин шартҳоро ё Сиёсатҳоро (https://aka.ms/trustandsafety) вайрон кунед, мо метавонем нисбати ҳисоби шумо чора андешем. Чунин чораҳо, метавонанд маҳдуд кардани дастрасӣ ба баъзе хусусиятҳо ё Хидматҳо, қатъ кардани пешниҳоди Хидматҳо, дарҳол бастани ҳисоби Microsoft-и шумо ё мамнуъ кардани расонидани иртибот (мисли паёми электронӣ, мубодилаи файлҳо ё паёмҳои фаврӣ) ба ё аз Хидматҳоро дар бар гиранд. Бастани дастрасии шумо ба ягон Хидмат ё ҳисоби шумо метавонад боиси аз даст додани иҷозатномаҳои муҳтаво, муҳтавои марбут, узвиятҳо ва тавозунҳои ҳисобҳои Microsoft-и бо ҳамон ҳисоб алоқаманд гардад. Ҳангоми баррасии нақзҳои эҳтимолии ин Шартҳо, Microsoft ҳуқуқ дорад, ки баҳри ҳал кардани масъала муҳтаворо баррасӣ кунад. Вале, мо тамоми Хидматро назорат карда наметавонем ва ингуна кӯшиш намекунем. Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи равандҳои модератсия ва таъмини иҷро (https://www.microsoft.com/DigitalSafety/moderation-and-enforcement), шартҳои хоси Хидматҳо, Сиёсатҳо ва дастурамалҳои иловагӣ (https://www.microsoft.com/DigitalSafety/policies/additional-guidelines) ва истинофҳо (https://www.microsoft.com/DigitalSafety/moderation-and-enforcement/appeals) https://aka.ms/trustandsafetyро бинед. Маълумот дар бораи сиёсати мо доир ба даъвоҳо оид ба нақзи ҳуқуқи муаллифро метавон дар ОГОҲИҲО пайдо кард.
- c. Ҳисобҳои корӣ ё мактабӣ. Шумо метавонед ба баъзе хидматҳои Microsoft бо суроғаи почтаи корӣ ё мактабӣ ворид шавед. Агар бо чунин суроғаи почта ворид шавед, шумо розӣ мешавед, ки соҳиби домени бо суроғаи почтаи электронии шумо алоқаманд метавонад оиди мавҷуд будани ҳисоби Microsoft-и шумо ва обунаҳои алоқаманди он огоҳонида шавад, ҳисоби шуморо назорат ва идора кунад ва Иттилооти шуморо, аз ҷумла таркиби мукотибот ва файлҳоро дастрас ва коркард кунад, ва агар ҳисоб ё Иттилоот дуздида шавад, Microsoft метавонад соҳиби доменро огоҳ кунад. Иловатан, шумо розӣ мешавед, ки истифодаи хидматҳои Microsoft метавонад таҳти шартномаҳое қарор гирад, ки Microsoft бо шумо ё ташкилоти шумо дорад, ва шояд ин Шартҳо татбиқ карда нашаванд. Агар шумо аллакай ҳисоби Microsoft дошта бошед ва шумо суроғаи почтаи электронии алоҳидаи корӣ ё мактабиро барои дастрасӣ пайдо кардан ба Хизматрасониҳои фарогирифтаи тибқи ин Шартҳо истифода баред, пас барои идома додани дастрасӣ ба чунин Хизматрасониҳо аз шумо дархост карда мешавад, ки суроғаи почтаи электронии бо ҳисоби Microsoft-и худ алоқамандро навсозӣ намоед.
- d. Таҷҳизоти иловагӣ/Нақшаҳои тарофавии иттилоот. Барои истифодаи аксар Хидматҳо, ба шумо пайвастшавӣ ба интернет ва/ё нақшаи иттилоотӣ/мобилӣ зарур мешавад. Инчунин, ба шумо таҷҳизоти иловагӣ, ба монанди гӯшмонак, камера ё микрофон лозим шуданаш мумкин аст. Шумо барои таъмин кардани ҳамаи пайвастҳо, нақшаҳои тарофавӣ ва таҷҳизоти барои истифода бурдани Хидматҳо лозим буда ва пардохтани маблағҳое, ки аз ҷониби таҳвилгари(-они) пайваст, нақшаҳои тарофавӣ ва таҷҳизоти шумо ситонида мешаванд, масъул мебошед. Он маблағҳо бар иловаи ҳамагуна маблағҳое, ки ба мо барои Хидматҳо пардохт мекунед ситонида мешаванд ва ҳеҷ яке аз он маблағҳоро ҷуброн намекунанд. Аз провайдер(ҳо)и худ оид ба татбиқ шудани ингуна пардохтҳои эҳтиолӣ барои шумо пурсед.
- e. Огоҳиҳои Хидмат. Вақте ки ба мо зарур шавад, ки дар бораи Хизматрсоние, ки шумо истифода мебаред чизеро ба шумо гуем, мо ба шумо огоҳиҳои Хизматрасониро ирсол мекунем. Агар шумо ба мо дар робита бо ҳисоби Microsoft-и худ суроғаи почтаи электронӣ ё рақами телефонии худро пешниҳод карда бошед, мо метавонем тавассути почтаи электронӣ ё SMS (паёми матнӣ) ба шумо огоҳиҳои Хидмат фиристем, аз ҷумла барои тафтиши шахсияти шумо қабл аз қайд кардани рақами телефони мобилӣ ё тасвиб кардани харидҳои шумо. Инчунин мо метавонем ба шумо огоҳиҳои Хизматрасониро ба дигар воситаҳо ирсол намоем (масалан, тариқи паёмҳои дохилии маҳсулот). Ҳангоми гирифтани огоҳиҳо тавассути SMS барои иттилоот ё паёмнависӣ метавонад маблағ ситонида шавад.
- f. Дастгирӣ. Дастгирии баъзе Хадамот дар https://support.microsoft.com дастрас аст ва тибқи ин шартҳо танзим карда мешавад, ва баъзе Хадамот метавонанд дастгирии алоҳида ё иловагии мизоҷонро пешниҳод кунанд, ки тибқи шартҳои иловагӣ танзим карда мешаванд. Дастгирӣ метавонад барои версияҳои пешнамоишӣ ё бетаи хусусиятҳо ё Хизматрасониҳо дастрас набошад. Дастрасии Дастгирӣ метавонад вобаста ба марҳилаи давраи ҳаёти маҳсулот тағйир ёбад ва шумо бояд Хадамоти мувофиқ ва дорои иҷозатномаи қонунӣ дошта бошед, ки ба талаботи ҳадди ақали дахлдор барои қобилияти дастгирӣ, ки дар "Давраи ҳаёти Microsoft" (https://learn.microsoft.com/lifecycle) тавсиф шудаанд, ҷавобгӯ бошад. Хидматҳо метавонанд бо нармафзор ва ё хидматҳои пешниҳоднамудаи шахсони сеюм мутобиқ набошанд ва шумо барои ошно шудан бо талаботи мутобиқат масъул ҳастед.
- g. Қатъ кардани Хидматҳои шумо. Агар Хизматрасониҳои шумо бекор карда шаванд (хоҳ аз ҷониби шумо, хоҳ аз ҷониби мо) якум ҳуқуқи шумо барои дастрасӣ пайдо кардан ба Хизматрасониҳо фавран қатъ карда мешаванд ва иҷозатномаи шумо доир ба нармафзори Хизматрасониҳо ба охир мерасад. Дуюм, мо Иттилоот ё Розигии шуморо, ки бо Хизматрасонии шумо алоқаманд мебошад, нест мекунем ё ба таври дигар онро аз шумо ва ҳисоби Microsoft-и шумо ҷудо мекунем (агар қонун аз мо талаб накунад, ки онро нигоҳ дорем, ё онро ба шумо ё тарафи сеюме, ки аз ҷониби шумо муайян карда шудааст, интиқол диҳем). Дар натиҷа шумо метавонед дигар ба ҳар гуна Хизматрасониҳо (ё Муҳтавои шумо, ки дар он Хизматрасониҳо нигоҳ медоред) дастрасӣ пайдо накунед. Шумо бояд нақшаи нусхаи эҳтиётии муқаррарӣ дошта бошед. Сеюм, шумо метавонед дастрасӣ ба маҳсулотеро, ки харидорӣ намудаед, аз даст диҳед. Агар шумо ҳисоби Microsoft-и худро барҳам дода бошед ва ҳисоби дигаре надошта бошед, ки ба Хизматрасониҳо дастрасӣ пайдо карда тавонад, пас Хизматрасониҳои шумо фавран бекор карда мешаванд.
Истифодаи барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм
5. Истифодаи барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм. Хизматрасониҳо метавонанд ба шумо имконият диҳанд, ки ба маҳсулот, хизматрасониҳо, вебсайтҳо, пайвандҳо, муҳтаво, мавод, бозиҳо, маҳоратҳо, ҳамгироиҳо, барнома-роботҳо ё барномаҳои тарафҳои сеюми мустақил (ширкатҳо ё одамоне, ки Microsoft намебошанд) ("Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм") дастрасӣ пайдо ё онҳоро харидорӣ намоед. Аксарияти Хидматҳои мо низ ба шумо барои ёфтан, фиристодани дархост ба ё таомулбо барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм кумак мекунанд ва метавонанд ба шумо иҷозат диҳанд ё аз шумо талаб намоянд, ки Муҳтаво ё иттилооти худро бо чунин барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм мубодила намоед ва шумо мефаҳмед, ки Хидматҳои моро истифода бурда, шумо ба онҳо дастур медиҳед, ки барои шумо Барномаҳо ва хидматҳои тарафҳои сеюмро дастрас созанд. Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм низ метавонанд ба шумо имкон диҳанд ё аз шумо талаб кунанд, ки муҳтаво ё иттилооти худро бо ношир, провайдер ё оператори барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм ҳифз кунед. Қабл аз Барнома ё хидмати тарафи сеюмро насб кардан ё истифода бурдан, Барномаҳо ва хидматҳои тарафҳои сеюм метавонанд аз шумо талаб кунанд, ки аввал сиёсати махфият ё шартҳои онҳоро қабул кунед. Дар қисмати 13.b барои барномаҳои тавассути Дӯконҳои муайяни аз ҷониби Microsoft ё ширкатҳои фаръии он кор фармуда мешуда ё ба онҳо мутааллиқ буда (аз ҷумла, Дӯкони Office, Microsoft Store дар Windows ва Microsoft Store дар Xbox) шартҳои иловагӣ муқаррар карда шудаанд. Қабл аз дарёфт кардан, истифода бурдан, дархост кардан ё Ҳисоби Microsoft-и худро ба ягон Барнома ё хидмати тарафи сеюм алоқаманд кардан, шартҳо ва сиёсати махфияти онро муоина кунед. Шартҳои ягон тарафи сеюм ин Шартҳоро тағйир нахоҳад дод. Microsoft дар доираи Барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм ба шумо барои ягон моликияти зеҳнӣ иҷозатнома намедиҳад. Шумо розӣ мешавед, ки тамоми хавф ва масъулиятеро, ки аз истифодаи ин Барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм бармеоянд ба зимма мегиред ва Microsoft барои ҳамагуна мушкилоте, ки аз истифодаи онҳо бармеоянд, масъул нест. Microsoft дар назди шумо барои маълумот ё хизматрасониҳое, ки аз ҷониби барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм пешниҳод мешаванд, масъул ё ҷавобгар нест.
Дастрасии хидмат
6. Дастрасии хидмат.
- a. Хидматҳо, Барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм ва ё мавод ё маҳсулоти тавассути Хидматҳо пешкашшаванда метавонанд баъзан дастнорас бошанд, ба қадри маҳдуд пешниҳод карда шаванд ё вобаста аз минтақа ва дастгоҳи шумо фарқ кунанд. Агар шумо ҷойгиршавии бо ҳисоби Microsoft марбути худро иваз кунед, шояд ба шумо аз нав ба даст овардани мавод ва барномаҳое, ки дар минтақаи пешина барои шумо дастрас буданд ва пардохт шуда буданд, лозим шавад. Шумо розӣ мешавед, ки мавод ё Хидматҳоеро, ки ғайриқонунӣ ҳастанд ё иҷозатнома барои истифода дар кишваре, ки шумо аз онҷо мавод ё Хидматҳоро дастрас ё истифода мекунед, надоранд, дастрас ва истифода намекунед ё бо мақсади дастрас ё истифода кардани чунин мавод ё Хидматҳо ҷойгиршавӣ ё шахсияти худро пинҳон ё тақаллуб намекунед.
- b. Мо мекӯшем, Хидматҳоро дар ҳолати корӣ нигоҳ дорем; вале, ҳамаи хизматрасониҳои онлайнӣ баъзан қатъ ва бурида мешаванд ва Microsoft барои ягон қатъшавӣ ё зиёни эҳтимолии ба шумо расида масъул нест. Дар сурати қатъ шудан, шояд шумо Мӯҳтаво ё Иттилооти ҳифзкардаи худро ихроҷ карда натвонед. Мо ба шумо тавсия медиҳем, и Муҳтаво ва Иттилооти худро, ки дар Хизматрасониҳо ё Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм нигоҳ медоред, нусхаи эҳтиётиашонро ба таври мунтазам эҷод кунед.
Навсозиҳои Хидматҳо ва Нармафзор ва тағйирот ба ин Шартҳо
7. Навсозиҳои Хидматҳо ва Нармафзор ва тағйирот ба ин Шартҳо.
- a. Мо метавонем ин Шартҳоро дар вақти дилхоҳ тағйир диҳем ва мо ба шумо мегӯем, ки кай ин корро мекунем. Истифодаи Хидматҳо пас аз эътибор пайдо кардани тағйирот маънои онро дорад, ки шумо ба шартҳои нав розӣ ҳастед. Агар шумо бо шартҳои нав розӣ набошед, пас шумо бояд истифодаи Хизматрасониҳоро қатъ кунед, ҳисоби Microsoft-и худро барҳам диҳед ва агар шумо волидайн ё сарпараст бошед, ба ноболиғи худ ёрӣ расонда ҳисоби Microsoft-и ӯро барҳам диҳед.
- b. Баъзан барои идома додани истифодаи Хидматҳо ба шумо навсозиҳои нармафзор лозим мешаванд. Мо метавонем версияи нармафзори шуморо тафтиш кунем ва навсозиҳои нармафзор ё тағйироти конфигуратсия боргирӣ кунем. b. Инчунин аз шумо барои идома додани истифодаи Хидматҳо навсозии нармафзор талаб карда мешавад. Чунин навсозиҳо бояд ба ин Шартҳо мутобиқ бошанд, агар шартҳои дигар навсозиҳоро ҳамроҳӣ накунанд, ки дар ин ҳолат бояд он шартҳои дигар татбиқ шаванд. Microsoft ӯҳдадор нест, ки ҳар гуна навсозиҳоро дастрас намояд ва кафолат намедиҳад, ки мо версияи системаи нармафзор, барномаҳо, муҳтаво ё дигар маҳсулотро, ки шумо харидорӣ намудаед ё иҷозатномаҳояшонро гирифтаед, дастгирӣ мекунем. Чунин навсозиҳо метавонанд бо нармафзор ё хидматҳои тарафи сеюм мутобиқ набошанд. Шумо метавонед ризоияти худ ба навсозиҳои нармафзори ояндаро дар вақти дилхоҳ бо насб кардани нармафзор бозхонед.
- c. Илова бар ин, шояд баъзан ба мо хориҷ кардан ё тағйир додани хусусиятҳо ё функсияҳои Хидмат ё қатъ намудани таъмини Хидмат ё дастрасӣ ба Барномаҳо ва хидматҳои тарафи сеюм дар якҷоягӣ лозим ояд. Ба истиснои дараҷаи талабнамудаи қонунҳои дахлдор, мо барои пешниҳод кардани боргирии такрорӣ ё ивази ягон мавод, Молҳои рақамӣ (дар фасли 13.k муқаррар карда шудааст) ё барномаҳои қаблан харидоришуда уҳдадор намебошем. Мо метавонем Хизматрасониҳо ё хусусиятҳои онҳоро бо версияи пешнамоишӣ ё бета нашр намоем, ки метавонанд ба таври дуруст кор накунанд ё бо ҳамин тариқ версияи ниҳоӣ метавонад кор кунад.
- d. То ин ки шумо маводи бо идоракунии ҳуқуқҳои рақамӣ муҳофизатшударо (ИҲР) истифода бурда тавонед, ба монанди мусиқӣ, бозиҳо, филмҳо, китобҳо, ва бештар, нармафзори ИҲР метавонад ба таври худкор бо сервери ҳуқуқҳои онлайн дар тамос шавад ва навсозиҳои ИҲР-ро боргирӣ намояд.
Иҷозатномаи нармафзор
8. Иҷозатномаи нармафзор. Агар бо шартномаи иҷозатномавии алоҳидаи Microsoft ҳамроҳӣ карда нашавад (масалан, агар шумо барномаи Microsoft-ро истифода бурда истода бошед, ки бо Windows ҳамроҳ карда шуда бошад ва ҷузъи он бошад, пас Шартҳои иҷозатномавии нармафзорҳои Microsoft барои системаи омили Windows чунин нармафзорро танзим менамоянд), пас ҳар гуна нармафзоре, ки аз ҷониби мо ба шумо ҳамчун як ҷузъи Хизматрасониҳо пешниҳод карда мешавад, таҳти ин Шартҳо қарор мегирад. Барномаҳои тавассути Дӯконҳои муайяни аз ҷониби Microsoft ё ширкатҳои фаръии он кор фармуда мешуда ё ба онҳо мутааллиқ буда (аз ҷумла, Дӯкони Office, Дӯкони Microsoft дар Windows ва Дӯкони Microsoft дар Xbox) бо қисмати 13.b.i-и дар поён овардашуда ба танзим дароварда мешаванд.
- a. Агар шумо ба ин Шартҳо мутобиқат кунед, мо ба шумо ҳуқуқи насб кардан ва истифода бурдани як нусхаи нармафзорро дар як дастгоҳ дар асоси умумиҷаҳонӣ барои истифода аз ҷониби танҳо як шахс дар як вақт ҳамчун қисми истифодаи Хидматҳо аз ҷониби шумо медиҳем. Дар баъзе дастгоҳҳо чунин нармафзор метавонад барои истифодаи шахсӣ, ғайритиҷоратии Хизмарасониҳо қаблан насб шуда бошад. Нармафзор ё вебсайте, ки қисми Хидматҳост, метавонад дорои рамзи тарафи сеюм бошад. Барои ҳамаи скриптҳо ё рамзи тарафи сеюм, ки дар нармафзор пайванд дода шудаанд ё истинод карда шудаанд, ба шумо аз ҷониби тарафҳои сеюме иҷозатнома дода мешаванд, ки молики чунин рамз ҳастанд, на аз ҷониби Microsoft. Огоҳиҳо, агар бошанд, барои рамзи тарафи сеюм танҳо барои маълумоти шумо шомил карда мешаванд.
- b. Ба нармафзор иҷзатнома дода мешавад, он фурӯхта намешавад, ва Microsoft дорои ҳамаи ҳуқуқҳо ба нармафзоре мебошад, ки мустақиман аз ҷониби Microsoft дода нашудааст, хоҳ ба таври назардоштӣ, маҳрумяит ва хоҳ ба таври дигар. Ин иҷозатнома ба шумо ҳеҷгуна ҳуқуқ намедиҳад ва шумо ҳақ надоред, ки:
- i. давр зада гузаштани чораҳои муҳофизати технологӣ дар Хидматҳо нармафзор ё дар робита бо онҳо;
- ii. ба қисмҳо ҷудо кардан, таҷзия кардан, берамз кардан, шикастан, тақлид кардан, истисмор кардан ё аз нав тарҳрезӣ кардани ҳамагуна нармафзор ё ягон ҷбҳаи дигари Хидматҳое, ки ба Хидматҳо шомил шудааст ё тавассути онҳо дастрас аст, ба ҷуз аз ва танҳо то ҳадди мустақиман иҷозатдодаи қонуни ҳуқуқи муаллифии татбиқшаванда;
- iii. ҷудо кардани ҷузъҳои нармафзор ё Хидматҳо барои истифода дар дастгоҳҳои гуногун;
- iv. нашр кардан, нусха гирифта, иҷора додан, ба лизинг додан, фурӯхтан, содирот кардан, воридот кардан, пааҳн кардан ё қарз додани нармафзор ё Хидматҳо, агар Microsoft ба шумо мустақиман иҷозати чунин карданро надиҳад;
- v. интиқол додани нармафзор, ягон иҷозатномаи нармафзор ё ягон ҳуқуқи дастра кардан ё истифодаи Хидматҳо;
- vi. истифода бурдани Хидматҳо бо ягон тарзи иҷозатнашуда, ки метавонад ба истифодаи онҳо аз ҷониби каси дигаре ё дарёфт кардани дастрасӣ ба ягон хидмат, иттилоот, ҳисоб ё шабака халал расонад;
- vii. имконпазир кардани дастрасӣ ба Хидматҳо ё тағйир додани дастгоҳҳои Microsoft (мисол, консолҳои Xbox, Microsoft Surface ва ғайра) тавассути барномаҳои беиҷозати тарафҳои сеюм.
Шартҳои пардохт
9. Шартҳои пардохт. Агар шумо ягон Хидматро харед, он гоҳ ин шартҳои пардохт дар мавриди шумо амал мекунанд ва шумо бо онҳо розӣ мешавед.
- a. Пардохтҳо. Агар ягон пардохти бо қисме аз Хидматҳо алоқаманд мавуд бошад, шумо розӣ мешавед, ки онро бо асъори нишондодашуда пардохт кунед. Нархи барои Хидматҳо зикршуда бе назардошти ҳамаи андозҳо ва фарқияти мубодилаи асъор аст, агар таври дигар зикр нашуда бошад. Ҳамаи нархҳо барои маҳсулоти Skype андозҳои татбиқшавандаро дарбар мегиранд, агар ба таври дигар зикр нашуда бошад. Пардохти чунин андозҳо ва пардохтҳо масъулияти истисноии шумост. Skype дар асоси суроғаи ҷои истиқомат, ки бо маълумоти биллингӣ алоқаманд аст, андозҳоро ҳисоб мекунад. Шумо барои таъмин намудани суроғаи ҷорӣ ва дурустии он масъул мебошед. Ба истиснои маҳсулоти Skype андозҳо дар асоси ҷойгиршавии шумо ҳангоми бақайдгирии ҳисоби Microsoft ҳисоб карда мешавад агар қонуни маҳаллӣ асоси дигареро барои ҳисобкунӣ талаб накунад. Агар мо аз шумо пардохти пурра ва саривақтӣ нагирем, метавонем Хидматҳоро боздорем ё қатъ кунем. Боздоштан ё бекор кардани Хидматҳо барои напардохтан метавонад боиси аз даст рафтани дастрасӣ в истифодаи ҳисоби шумо ва мӯҳтавои он гардад. Пайвастшавӣ ба Интернет тавассути шабакаи корпоративӣ ё дигар шабакаи хусусӣ ҷойгиршавии шуморо пинҳон мекунад, ки боиси пардохтҳое мегардад, ки аз пардохтҳои намоиш додашудаи ҷойгиршавии аслии шумо фарқ мекунанд. Вобаста аз макони шумо, баъзе амалиёт метавонад истифодаи асъори хориҷӣ талаб кунад ё дар кишвари дигар коркард карда шавад. Бонки шумо метавонад барои чунин хизматрасониҳо дар мавриди истифода шудани корти дебети ё қарзӣ маблағи иловагӣ ситонад. Барои маълумоти бештар гирифтан, ба бонки худ муроҷиат кунед.
- b. Суратҳисоби шумо. Барои пардохт кардан барои Хидмат, аз шумо дархост карда мешавад, ки дар вақти сабти ном кардан дар Хидмат усули пардохтеро нишон диҳед. Барои ҳамаи Хидматҳо, ғайр аз Skype, шумо метавонед маълумоти биллингӣ ва усули пардохти худро дар вебсайти идоракунии ҳисобҳои Microsoft (https://go.microsoft.com/fwlink/p/?linkid=618281) ва барои нармафзор ва маҳсулоти Skype тариқи ворид шудан ба портали ҳисоб дар https://skype.com/go/myaccount дастрас кунед ва тағйир диҳед. Илова бар ин, шумо розӣ мешавед, ки ба Microsoft иҷозати истифодаи ҳамагуна маълумоти ҳисоб оид ба усули пардохти интихобкардаи худро аз ҷониби бонки эмитент ё шабакаи пардохт диҳед. Шумо розӣ мешавед, ки ҳисоб ва маълумоти дигари худро дарҳол нав кунед, аз ҷумла суроғаи почтаи электронӣ ва тафсилоти усули пардохт, то мо тавонем амалиёти шуморо иҷро кунем ва дар мавриди лозимӣ дар робита бо амалиёти шумо бо шумо дар тамос шавем. Тағйироти ба суратҳисоби шумо воридкардашуда ба пардохтҳои ба суратҳисоби шумо пешниҳодкардаи мо то он даме ки мо нисбати тағйирот дар ҳисоби шумо амали оқилона иҷро накунем, таъсир намерасонанд.
- c. Пешниҳоди ҳисоб. Бо пешниҳод намудани усули пардохт ба Microsoft шумо (i) ифода мекунед, ки барои истифода бурдани усули пардохти пешниҳодкардаатон ваколатдор мебошед ва ҳамагуна маълумоти пардохт, ки шумо пешниҳод мекунед, дуруст ва саҳеҳ мебошад; (ii) ба Microsoft иҷозат медиҳед, ки усули пардохти шуморо истифода бурда, барои Хизматрасониҳо ё муҳтавои дастрас аз шумо маблағ ситонад; ва (iii) ба Microsoft иҷозат медиҳед, ки барои ҳар гуна хусусияти пулакии Хизматрасониҳо, ки шумо ба он ҳангоми қувваи қонунӣ доштани ин Шартҳо обуна мешавед ё истифода мебаред, аз шумо маблағ ситонад. Мо метавонем ба шумо ҳисоб пешниҳод намоем (a) пешакӣ; (b) дар лаҳзаи харид; (c) чанде пас аз харид; ё (d) ё ба таври мунтазам барои Хидматҳои обунавӣ. Инчунин, мо метавонем аз шумо то маблағи тасдиқкардаатон пардохт ситонем ва мо шуморо дар бораи ҳамагуна тағйироти маблағи ситонидашаванда барои Хидматҳои обунавии мунтазам огоҳ менамоем. Мо метавонем ба шумо барои зиёда аз як давраи пешниҳоди ҳисоб ба маблағҳои қаблан коркард нашуда ҳисоб пешниҳод кунем.
- d. Пардохтҳои мунтазам. Вақте ки шумо Хизматрасониҳоро дар асоси обунашавӣ харидорӣ мекунед (масалан, ҳар моҳ, ҳар 3 моҳ ё ҳар сол), шумо розӣ мешавед, ки ба пардохтҳои такрорӣ иҷозат диҳед ва пардохтҳо ба Microsoft бо усул ва фосилаҳои такрорие, ки шумо розӣ шудед, то он даме ки обуна ба Хизматрасонӣ аз ҷониби шумо ё Microsoft қатъ карда нашавад, анҷом дода мешаванд. Барои он, ки аз шумо барои идомаи истифодаи Хидматҳо дар санаи навбатии биллинг маблағ ситонида нашавад, бояд Хидматҳои худро пеш аз санаи навбатии биллинг бекор кунед. Мо дар бораи бекор кардани Хидматҳо дастурамал пешниҳод мекунем. Бо иҷозат додани пардохтҳои такрорӣ, шумо ба Microsoft иҷозат медиҳед, ки чунин пардохтҳоро ҳамчун пардохтҳои дебетии электронӣ ё интиқоли маблағҳо ё ҳамчун супоришномаҳои электронӣ аз ҳисоби таъйиншудаи шумо (барои Палатаи худкори ҳисоббаробаркунӣ ё пардохтҳои монанд) ё ҳамчун пардохтҳо ба ҳисоби таъйиншудаи шумо (барои кортҳои қарзӣ ё пардохтҳои монанд) (дар якҷоягӣ, "Пардохтҳои электронӣ") коркард намояд. Умуман, пардохтҳои обуна пеш аз давраи обунаи татбиқшаванда ситонида мешаванд. Агар ҳар гуна пардохт пардохт нашуда баргардонида шавад ё агар ҳар гуна корти қарзӣ ё амалиёти монанд рад ё инкор карда шавад, пас Microsoft ё провайдерони хизматрасониҳои он ҳуқуқ доранд, ки ҳар гуна моли баргардонидашаванда, рад ё маблағҳои нокофиро ҷамъ намоянд ва ҳар гуна чунин пардохтро ҳамчун Пардохти электронӣ коркард кунанд.
- e. Иқтибоси онлайн ва хатогиҳо. Барои ҳамаи Хидматҳо, ғайр аз Skype, Microsoft дар вебсайти идоракунии ҳисобҳои Microsoft (https://go.microsoft.com/fwlink/p/?linkid=618282) ба шумо иқтибоси онлайни биллинг пешниҳод мекунад, ки дар он ҷо шумо метавонед иқтибоси худро бинед ё чоп кунед. Барои Skype, шумо метавонед ба иқтибоси онлайни худ тавассути ворид шудан ба ҳисоби худ дар www.skype.com (https://www.skype.com) дастрасӣ пайдо кунед. Ин ягон ҳисоботи пешниҳоди ҳисоб аст, ки мо медиҳем. Агар мо дар ҳисоби шумо хатое кунем, шумо бояд дар давоми 90 рӯз пас аз бори аввал ошкор шудани хато дар ҳисоб ба мо хабар диҳед. Он гоҳ, мо маблағро зуд тафтиш мекунем. Агар қонунгузорӣ акси ҳолро талаб накунад, агар шумо дар ин давра хабар надиҳед, шумо моро аз ҳамаи масъулиятҳо ва даъвоҳо оид ба зиён, ки дар натиҷаи хато ба амал меоянд, озод менамоед ва мо уҳдадор нестем, ки хаторо ислоҳ кунем ё маблағро баргардонем. Агар Microsoft ягон хатои пешниҳоди ҳисобро ошкор намояд, он дар давоми 90 рӯз ислоҳ карда мешавад. Ин сиёсат ба ягон ҳуқуқҳои қонунии амалкунанда таъсир намерасонад.
- f. Сиёсати баргардонии маблағ. Агар қонун ё шартҳои мушаххаси Хидмат чизи дигарро пешбинӣ накунад, ҳамаи харидҳо ниҳоиянд ва маблағашон ҷуброннашаванда аст. Агар ба ақидаи шумо Microsoft аз шумо хато пардохт ситонида бошад, шумо бояд дар давоми 90 рӯз пас аз ин бо мо тамос гиред. Агар қонунгузорӣ акси ҳолро талаб накунад, баъди гузаштани 90 рӯз ягон маблағ баргардонида намешавад. Агар қонунгузорӣ акси ҳолро талаб накунад, мо ҳақ дорем, ки бо салоҳияти истисноии худ маблағҳо ё кредитҳоро баргардонем. Агар мо маблағеро баргардонем ё кредит пешниҳод кунем, мо ҳеҷгуна ӯҳдадорӣ надорем, ки чунин баргардонишро дар оянда ҳам кунем. Ин сиёсати баргардонидани маблағ ба ягон ҳуқуқҳои қонунии амалкунанда таъсир намерасонад. Барои оиди баргардонидани маблағ маълумоти бештар гирифтан, мавзуи кӯмаки (https://go.microsoft.com/fwlink/p/?linkid=618283) моро аз назар гузаронед. Агар шумо дар Тайван ё Исроил зиндагонӣ кунед, дар хотир доред, ки мувофиқи қонун оиди муҳофизати муштариён ва қонунгузории мувофиқи он, ҳамаи харидҳои марбут ба муҳтавои рақамии дар шакли ғайримоддӣ пешниҳодшуда ва/ё хизматрасониҳои онлайн интиҳоӣ буда, агар чунин муҳтаво ё хизматрасониҳо ба таври онлайн пешниҳод карда шаванд, маблағи онҳо баргардонида намешавад. Шумо барои талаб кардани ягон гуна давраи андешиданӣ ё баргардонии маблағ ҳуқуқ надоред.
- g. Бекор кардани Хидматҳо. Шумо метавонед ягон Хидматро дар вақти дилхоҳ, бо огоҳӣ ё бе огоҳӣ бекор кунед. Бекор кардани Хидматҳои пулакӣ ситонидани маблағ барои идомаи истифодаи Хидматҳоро қатъ мекунад. Барои Хидматеро бекор кардан ва баргардонидани маблағи онро дархост кардан (агар шумо барои ин ҳуқуқ дошта бошед), ба вебсайти идоракунии ҳисобҳои Microsoft гузаред. Барои Skype, лутфан Шакли бароришро бо истифода аз маълумоти дар ин ҷо (https://go.microsoft.com/fwlink/p/?linkid=618286) пешниҳодшуда пур кунед. Шумо бояд баргашта пешниҳодеро, ки Хизматрасониҳоро шарҳ медиҳад, истинод кунед, зеро (i) шумо метавонед ҳангоми бекоркунӣ бозпардохт нагиред; (ii) шумо шояд ӯҳдадор карда шавед, ки маблағҳои бекоркуниро пардохт намоед; (iii) шумо шояд ӯҳдадор карда шавед, ки ҳамаи маблағҳоеро, ки барои Хизматрасониҳо ба ҳисоби биллингии шумо пардохт карда шудаанд, қабл аз санаи бекоркунӣ пардохт намоед; ва (iv) шумо метавонед дастрасӣ ба ва истифодаи ҳисоби худро ҳангоми бекор кардани Хизматрасониҳо аз даст диҳед; ё, агар шумо дар Тайван ё Исроил зиндагӣ кунед, (v) шумо метавонед бозпардохтро дар ҳаҷми баробар ба маблағи истифоданашуда барои Хизматрасоние, ки шумо пардохт кардаед, дар вақти бекоркунӣ гиред. Агар шумо дар Исроил истиқомат карда истода бошед, метавонед тариқи воситаҳо и дар https://support.microsoft.com/help/4027815 номбаршуда бекор кунед. Агар шумо барои баргардонидани маблағ мувофиқ бошед, бо намояндаи Microsoft тавассути телефон дар тамос шавед. Мо Иттилооти шуморо тавре, ки дар боло дар қисмати 4 тасвир карда шудааст, коркард мекунем. Агар шумо бекор намоед, пас дастрасии шумо ба Хизматарсониҳо дар охири давраи ҷории Хизматрасонии шумо қатъ мегардад ё агар мо ба ҳисоби шумо дар асоси даврӣ ҳисоб пешниҳод намоем, пас дар охири даврае, ки шумо бекор кардед. Агар шумо бо бонки худ бозгашти пардохт ё бекоркунии пардохтро барои пардохти Хизматрасониҳо оғоз кунед, мо чунин меҳисобем, ки шумо аз санаи пардохти аслӣ бекор кардаед ва шумо ба мо иҷозат медиҳед, ки хизматрасонии шуморо фавран бекор кунем ва/ё ҳама гуна муҳтавоеро, ки ба шумо бар ивази чунин пардохт пешниҳод карда шудааст, лағв намоем.
- h. Пешниҳодҳои иштирок дар давраҳои озмоишӣ. Агар шумо дар ягон пешниҳоди давраи озмоишӣ иштирок карда истода бошед, ба шумо метавонад лозим бошад, ки Хидмати(ҳои) озмоиширо дар давоми муҳлати ҳангоми пешниҳодро қабул карданатон муқарраргардида бекор кунед, то барои идомаи истифодаи Хидмат(ҳо) баъди поёни давраи озмоишӣ аз шумо маблағ ситонида нашавад. Барои баъзе пешниҳодҳои давраи озмоишӣ, мо метавонем талаб кунем, ки тамдиди худкор фаъол карда шавад.
- i. Пешниҳодҳои таблиғотӣ. Дар ҳар чанд вақт, Microsoft метавонад Хидматҳоро барои як давраи озмоиш ройгон пешниҳод кунад. Агар Microsoft муайян намояд (бо салоҳдиди асосноки худ), ки шумо шартҳои пешниҳодро сӯиистифода карда истодаед, пас Microsoft ҳуқуқ дорад, ки аз шумо барои чунин Хизматрасониҳо маблағ ситонад (бо арзиши муқаррарӣ).
- j. Тағйирёбии нархҳо. Мо метавонем нархи Хизматрасониҳоро ҳар вақт тағйир диҳем ва агар шумо пардохти такрорӣ дошта бошед, пас мо ба шумо тавассути почтаи электронӣ ё ба таври дигар, ҳадди ақал 15 рӯз пеш аз тағйироти нарх хабар медиҳем. Агар шумо бо тағйири нарх розӣ нашавед, бояд пеш аз ҷорӣ шудани тағири нарх Хидматҳоро бекор ва истифодаи онҳоро қатъ кунед. Агар ягон давраи мушаххас бошад ва нархи пешниҳоди Хидмати шумо, он нарх барои ҳамон давраи мушаххас амал мекунад.
- k. Пардохтҳо ба шумо. Агар мо аз шумо пардохт қарздор бошем, шумо розӣ мешавед, ки ба мо барои расонидани пардохт ба шумо маълумоти саривақтӣ ва саҳеҳ пешниҳод кунед. Мувофиқи қонуни татбиқшаванда шумо барои ҳама гуна андозҳо ва пардохтҳое, ки дар натиҷаи ин пардохт ба шумо метавонанд ба вуҷуд оянд, масъул ҳастед. Инчунин, шумо бояд ҳамаи шартҳои дигареро, ки мо ба ҳуқуқи шумо ба ягон пардохт муқаррар менамоем, риоя кунед. Агар шумо ягон пардохтро нодуруст гиред, мо метавонемо онро баргардонем ё аз шумо баргардонидани онро талаб намоем. Шумо бояд ба мо дар ин масъала кӯмак расонед. Инчунин, мо метавонем пардохти шуморо бе огоҳӣ бо мақсади ҷуброн кардани пардохти изофии пешина кам кунем.
- l. Кортҳои туҳфавӣ. Бозхарид ва истифодаи кортҳои тӯҳфагиро (ғайр аз кортҳои тӯҳфагии Skype) Шартҳои корти тӯҳфагии Microsoft (https://support.microsoft.com/help/10562/microsoft-account-gift-card-terms-and-conditions) танзим мекунанд. Маълумот дар бораи кортҳои тӯҳфагии Skype дар Саҳифаи кӯмак-и (https://go.microsoft.com/fwlink/?LinkId=615383) Skype дастрас аст.
- m. Усули пардохт бо ҳисоби бонкӣ. Шумо метавонед ҳисоби бонкии мувофиқро бо ҳисоби Microsoft-и худ ба қайд гиред, то ки онро ҳамчун як усули пардохт истифода баред. Ҳисобҳои бонкии мувофиқ ҳисобҳоеро дар бар мегиранд, ки дар муассисаҳои молиявие мебошанд, ки вурудҳои дебетии мустақимро қабул карда метавонанд (масалан, муассисаи молиявии ШМА, ки вурудҳои палатаи худкори ҳисоббаробаркуниро дастгирӣ мекунад ("АСН"), муассисаи молиявии аврупоӣ, ки Минтақаи пардохтҳои ягонаи евроро дастгирӣ мекунад ("SEPA") ё "iDEAL" дар Ҳолланд). Инчунин шартҳое татбиқ карда мешаванд, ки шумо бо онҳо ҳангоми илова кардани ҳисоби бонкии худ ҳамчун усули пардохт дар ҳисоби Microsoft-и худ розӣ шудед. Шумо изҳор медоред ва кафолат медиҳед, ки ҳисоби бонкии шумо ба номи шумо ба қайд гирифта шудааст ё шумо ваколат доред, ки ин ҳисоби бонкиро ҳамчун усули пардохт ба қайд гирифта ва истифода бурда метавонед. Ҳисоби бонкии худро ҳамчун усули пардохт ба қайд гирифта ё интихоб карда, шумо ба Microsoft (ё намояндаҳои он) иҷозат медиҳед, то ки барои маблағи умумии харид ё обуна як ё якчанд дебетро аз ҳисоби бонкии шумо (мувофиқи шартҳои хизматрасонии обунаи шумо) оғоз намояд (ва агар зарур бошад, ба ҳисоби бонкии шумо барои ислоҳ кардани хатоҳо, додани бозпардохт ё мақсади монанд як ё якчанд қарзро оғоз намояд), инчунин шумо ба муассисаи молиявие, ки дар он ҳисоби бонкӣ доред, иҷозат медиҳед, то ки чунин дебетҳоро нигоҳ дорад ё чунин қарзҳоро қабул намояд. Шумо мефаҳмед, ки ин иҷозат то он вақте, ки шумо маълумоти ҳисоби бонкии худро аз ҳисоби Microsoft-и худ нест накунед дорандаи қувваи пурраи ҳуқуқӣ боқӣ мемонад. Агар шумо боварӣ дошта бошед, ки аз шумо саҳван маблағ ситониданд, пас зуд бо маркази дастгирии муштариён, ки дар боло дар фасли 4.е баён шудааст, дар тамос шавед. Инчунин қонунҳои татбиқшавандаи кишвари шумо метавонанд ҷавобгарии шуморо барои ҳар гуна амалиётҳои фиребгарона, хато ё беиҷозат аз ҳисоби бонкии шумо маҳдуд намоянд. Ҳисоби бонкии худро ҳамчун усули пардохт ба қайд гирифта ё интихоб карда, шумо эътироф мекунед, ки ин Шартҳоро хондед, фаҳмидед ва бо онҳо розӣ ҳастед.
Мақоми шартномавӣ, интихоби ҳуқуқи татбиқшаванда ва ҷои ҳалли баҳсҳо
10. Мақоми шартномавӣ, интихоби ҳуқуқи татбиқшаванда ва ҷои ҳалли баҳсҳо. Дар мавриди истифодаи шумо аз хизматрасониҳои истеъмолии ройгон ва пулакии брендии Skype, агар шумо берун аз Аврупо, Ховари Миёна ва Африка зиндагӣ кунед, пас шумо бо Skype Communications S.à.r.l, 23 – 29 Rives de Clausen, L-2165, Люксенбург ва ҳамаи истинодҳо ба "Microsoft" дар ин шатрҳо маънои Skype Communications S.à.r.l, 23 – 29 Rives de Clausen, L-2165, Люксенбург-ро доранд, шарнтома баста истодаед. Барои Хидматҳои истеъмолии ройгон ё пулакии дорои тамғаи Skype, агар берун аз Аврупо, Ховари Миёна ва Африқо зиндагӣ кунед, ин шарҳи ин Шартҳо ва даъвоҳои нақзи онҳоро, новобаста аз ихтилофи принсипҳои қонунгузорӣ, қонунгузории Люксембург ба танзим медарорад. Ҳамагуна даъвоҳои дигар тибқи қонунҳои музофот ё кишваре, ки шумо дар онҷо иқомат мекунед, танзим карда мешаванд (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ). Агар шумо берун аз Аврупо, Ховари Миёна ва Африқо зиндагӣ кунед, шумо ва мо розӣ ҳастем, ки судҳои Люксембург барои ҳалли ҳамаи баҳсҳои ба муносибати Хидматҳои истеъмолии дорои тамғаи Skype ба миён омада ягона юрисдиксия ва макони судӣ мебошад. Барои ҳамаи Хидматҳои дигар, тарафҳои дуюми шартномаҳо, қонунгузории танзимкунанда ва макони ҳалли баҳсҳо дар поён оварда шудаанд:
- a. Канада. Агар шумо (ё агар корхонае, ҷои асосии корхонаи шумо дар Канада бошад) дар Канада зиндагӣ кунед ва шумо аз хизматрасониҳои истеъмолии пулакии брендии Skype истифода баред ё агар шумо қисмҳои ройгони Microsoft Teams-ро истифода бурд истода бошед, пас шумо бо Skype Communications US Corporation, 2215-B Renaissance Drive, Las Vegas, NV 89119, ИМА шартнома баста истодаед. Дар бобати ҳама дигар Хидматҳои истеъмолии ройгон ва пулакӣ, шумо бо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, ИМА шартнома мебандед. Тафсири Шартҳои мазкур, даъвоҳо оид ба вайронкунии онҳо ва ҳама даъвоҳои дигар (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ), новобаста аз принсипҳои ихтилофи қонунҳо, тибқи қонунгузории музофоте, ки шумо дар онҷо истиқомат мекунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо мебошад) танзим карда мешаванд. Шумо ва мо бечунучаро ба юрисдиксия ва макони баррасии бидуни истиснои судҳои Онтарио дар мавриди ҳама баҳсҳое, ки аз ин Шартҳо ё дар робита бо онҳо ё Хидматҳо ба амал меоянд, розӣ мешавем.
- b. Америкаи Шимолӣ ё Ҷанубӣ, берун аз Иёлоти Муттаҳида ва Канада. Агар шумо дар Америкаи Шимолӣ ё Ҷанубӣ, берун аз Иёлоти Муттаҳида ва Канада истиқомат кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад), шумо бо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, ИМА шартнома мебандед. Тафсири Шартҳои мазкур ва даъвоҳо оид ба вайронкунии онҳо, новобаста аз принсипи ихтилофи қонунҳо, тибқи қонунгузории иёлати Вашингтон танзим карда мешаванд. Ҳамагуна даъвоҳои дигар тибқи қонунҳои кишваре, ки мо Хидматҳои шуморо ба он равона месозем, танзим карда мешаванд (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ).
- c. Ховари Миёна, Африқо ва Аврупо. Агар шумо дар Ховари Миёна, Африқо ё Аврупо (ба ҷузъ аз Иттиҳоди Аврупо (ИА), Исландия, Лихтенштейн, Норвегия, Швейтсария ва Шоҳигарии Муттаҳида) зиндагӣ кунед (ё агар ширкат ё макони асосии ширкати шумо дар онҳо ҷойгир бошад), ва агар шумо қисмҳои ройгони Хидматҳоро (ба мисли, Bing ва MSN) истифода баред, тарафи дигари шартномаи шумо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, U.S.A. мебошад. Агар қисмҳои ройгони Skype-ро истифода баред, тарафи дигари шартномаи шумо Microsoft Ireland Operations Limited, One Microsoft Place, South County Business Park, Leopardstown, Dublin 18, Ireland мебошад. Агар шумо барои истифода бурдани қисми Хидматҳо пайрдохт карда бошед, тарафи дигари шартномаи шумо Microsoft Ireland Operations Limited, One Microsoft Place, South County Business Park, Leopardstown, Dublin 18, Ireland мебошад. Дар мавриди истифодаи Хидматҳои ройгон ва пардохтӣ, тафсири Шартҳои мазкур ва даъвоҳо оид ба вайронкунии онҳо, новобаста аз принсипи ихтилофи қонунҳо, тибқи қонунгузории Ирландия танзим карда мешаванд. Ҳамагуна даъвоҳои дигар тибқи қонунҳои кишваре, ки мо Хидматҳои шуморо ба он равона месозем, танзим карда мешаванд (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ). Шумо ва мо бечунучаро ба юрисдиксия ва макони баррасии бидуни истиснои судҳои Ирландия дар мавриди ҳама баҳсҳое, ки аз ин Шартҳо ё дар робита бо онҳо ё Хидматҳо ба амал меоянд, розӣ мешавем.
- d. Осиё ё минтақаи Уқёнуси Ором, ба шарте кишвари шумо дар зер мушаххасан зикр нашуда бошад. Агар шумо дар Осиё (ба истиснои Чин, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея ё Тайван) ё қисми ҷанубии Уқёнуси Ором истиқомат кунед (ё, агар ширкат бошад, макони асосии фаъолияти тиҷоратии шумо дар он ҷо бошад) ва шумо аз қисмҳои ройгони Хадамот (ба монанди Bing ва MSN) истифода баред, шумо бо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, ИМА шартнома мебандед. Агар шумо барои истифодаи қисме аз Хадамот пардохт карда бошед, ё хадамоти ройгони Outlook.com-ро дар Сингапур ё Ҳонконг истифода баред, шумо бо Microsoft Regional Sales Pte Ltd., корпоратсияе, ки тибқи қонунҳои Сингапур таъсис ёфтааст, бо суроғаи бақайдгирифташудааш дар 182 Cecil Street, #13-01 Frasers Tower, Singapore 069547 шартнома мебандед; ба шарте, ки агар шумо дар Австралия истиқомат кунед (ё агар ширкат бошад, макони асосии фаъолияти тиҷоратии шумо дар он ҷо бошад), шумо бо Microsoft Pty Ltd, 1 Denison St, North Sydney, NSW 2060, Australia шартнома мебандед ва агар шумо дар Зеландияи Нав истиқомат кунед (ё, агар ширкат бошад, макони асосии фаъолияти тиҷоратии шумо дар он ҷо бошад), шумо бо Microsoft New Zealand Limited, Level 5, 22 Viaduct Harbour Avenue, PO Box 8070 Symonds Street, Auckland, 1150 New Zealand шартнома мебандед. Дар мавриди истифодаи Хизматрасониҳои ройгон ва пулакӣ, тафсири Шартҳои мазкур ва даъвоҳо оид ба вайронкунии онҳо, новобаста аз принсипи ихтилофи қонунҳо, тибқи қонунгузории штати Вашингтон танзим карда мешаванд. Ҳамагуна даъвоҳои дигар тибқи қонунҳои кишваре, ки мо Хидматҳои шуморо ба он равона месозем, танзим карда мешаванд (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ). Ҳамагуна баҳсе, ки аз Шартҳои мазкур ё Хидматҳо, ба ҷуз аз Skype, ё дар робита бо онҳо ба амал меоянд, аз ҷумла ҳамагуна масъала роҷеъ ба мавҷудият, эътибор ё қатъи амали онҳо, ба Маркази арбитражи байналмилалии Сингапур (SIAC), ки қоидаҳои он ба таври истинод ба ин модда шомилшуда маҳсуб меёбанд, пешниҳод ва ба таври ниҳоӣ ҳал карда мешаванд. Трибунал аз як ҳаками аз ҷониби Президенти SIAC таъйиншуда иборат мешавад. Забони арбитраж забони англисӣ мешавад. Қарори ҳакам ниҳоӣ, ҳатмӣ ва баҳснопазир аст ва он метавонад дар кишвар ё минтақаи дилхоҳ ҳамчун асос барои қарори суд истифода шавад.
- e. Япония. Агар шумо дар Япония истиқомат кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад) ва агар қисматҳои ройгони Хидматҳоро истифода баред (аз қабили Bing ва MSN), шумо бо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, ИМА шартнома мебандед. Агар шумо барои истифодаи қисме аз Хидматҳо пардохт карда бошед, пас бо Japan Co., Ltd (MSKK), Shinagawa Grand Central Tower, 2-16-3 Konan Minato-ku, Tokyo 108-0075 шартнома мебандед. Дар мавриди истифодаи Хидматҳои ройгон ва пардохтӣ, Шартҳои мазкур ва ҳамагуна масъалаҳое, ки аз онҳо ё Хидматҳо бармеоянд ё бо онҳо марбут ҳастанд, тибқи қонунгузории Япония танзим карда мешаванд. Шумо ва мо бечунучаро ба юрисдиксия ва макони баррасии аслии бидуни истиснои суди музофоти Токио дар мавриди ҳама баҳсҳое, ки аз ин Шартҳо ё дар робита бо онҳо ё Хидматҳо ба амал меоянд, розӣ мешавем.
- f. Ҷумҳурии Корея.
- i. Агар шумо дар Ҷумҳурии Корея зиндагӣ кунед (ё агар ширкат ё макони асосии ширкати шумо дар он ҷойгир бошад), ва агар шумо қисмҳои ройгони Хидматҳоро (ба мисли, Bing ва MSN) истифода баред, тарафи дигари шартномаи шумо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, U.S.A. мебошад. Агар шумо барои истифода бурдани ягон қисми Хидматҳо пардохт карда бошед, тарафи дигари шартномаи шумо Microsoft Korea, Inc., 12th Floor, Tower A, The K-Twin Tower, Jongro 1 gil 50, Jongro-gu, Seoul, Republic of Korea, 03142 мебошад. Дар бобати Хидматҳои ройгон ва пулакӣ, ин Шартҳо ва ҳама масъалаҳоеро, ки аз онҳо ё Хидматҳо бармеояд ё ба онҳо рабт дорад, қонунгузории Ҷумҳурии Корея ба танзим медарорад. Шумо ва мо бечунучаро ба юрисдиксия ва макони баррасии аслии бидуни ғайриистиснои суди ноҳияи Марказии Сеул дар мавриди ҳама баҳсҳое, ки аз ин Шартҳо ё дар робита бо онҳо ё Хидматҳо ба амал меоянд, розӣ мешавем.
- ii. Агар шумо дар Ҷумҳурии Корея зиндагӣ кунед, шумо метавонед тибқи қонун ҳуқуқҳое дошта бошед, ки ин шартҳо онҳоро маҳдуд карда наметавонанд. Ин шартҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ин ҳуқуқҳоро маҳдуд карданӣ нест ё ҷавобгариҳои Microsoft-ро, ки аз ҷониби қонун вогузор карда шудаанд. Сарфи назар аз ҳар гуна муқаррароти баръакси ин ҳуҷҷат, ин Шартҳо бояд то дараҷаи иҷозатшудаи қонун эътибор дошта бошад. Ҳар гуна тағйироти ин Шартҳо (ва ҳар гуна тағйирот ба маблағи ситонидашаванда барои Хизматрасониҳои обунаи такрорӣ, агар бошад) бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ анҷом дода шавад.
- g. Тайван. Агар шумо дар Тайван истиқомат кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад) ва агар қисматҳои ройгони Хидматҳоро истифода баред (аз қабили Bing ва MSN), шумо бо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, ИМА шартнома мебандед. Агар шумо барои истифодаи қисме аз Хидматҳо пардохт карда бошед, пас бо Microsoft Taiwan Corp., 18F, No. 68, Sec. 5, Zhongxiao E. Rd., Xinyi District, Taipei 11065, Тайван шартнома мебандед. Барои Хидматҳои ройгон ва пулакӣ, қонунгузории Тайван ин Шартҳо ва ҳама масъалаҳои ба муносибати онҳо ба миён омада ё ба онҳо ё Хидматҳо марбутро ба танзим медарорад. Барои ҷузъиёти бештар оид ба Microsoft Taiwan Corp., лутфан, аз вебсайти пешкашнамудаи Вазорати корҳои иқтисодии Ҷумҳурии Хитой боздид кунед. (https://gcis.nat.gov.tw/mainNew/). Шумо ва мо, то ҳадди аксари иҷозатдодаи қонунҳои Тайван, бечунучаро суди музофотии Тайпейро ҳамчун инстансияи якум таъйин менамоем, ки дорои юрисдиксия дар мавриди ҳама баҳсҳое мебошад, ки аз ин Шартҳо ё дар робита бо онҳо ё Хидматҳо ба амал меоянд.
Қонунҳои маҳаллии шумо оид ба истеъмолкунандагон метавонанд талаб кунанд, ки ҳалли баҳсҳоро баъзе қонунҳои маҳаллӣ танзим кунанд ё ба шумо ҳуқуқ диҳанд, ки баҳсҳоро дар мақоми дигар, новобаста аз ин шартҳо, ҳал кунед. Дар ин сурат, муқаррароти қисми 10 оид интихоби ҳуқуқи татбиқшаванда ва макони баррасӣ, то ҳадди иҷозатдодаи қонунҳои маҳаллӣ оид ба истеъмолкунандагон, татбиқ мешаванд.
Кафолатҳо
11. Кафолатҳо.
- a. MICROSOFT ВА ШАРИКОН, БОЗФУРӮШАНДАГОН, ПАҲНКУНАНДАГОН ВА ТАЪМИНКУНАНДАГОНИ ОНҲО ДАР МАВРИДИ ИСТИФОДАИ ХИДМАТҲО АЗ ҶОНИБИ ШУМО ЯГОН КАФОЛАТИ МУСТАҚИМ Ё НОМУСТАҚИМ, ЗАМОНАТҲО Ё ШАРТҲО ПЕШНИҲОД НАМЕКУНАНД. ШУМО ДАРК МЕНАМОЕД, КИ ХАВФИ ИСТИФОДАИ ХИДМАТҲО БАР ДӮШИ ШУМОСТ ВА МО ХИДМАТҲОРО БА ТРИҚИ «ТАВРЕ КИ ҲАСТ» «БО ҲАМАИ НУҚСОНҲО» ВА «АЗ РӮИ МАВҶУДИЯТ» ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ. MICROSOFT ДУРУСТӢ Ё САРИВАҚТИИ ХИЗМАТРАСОНИҲОРО КАФОЛАТ НАМЕДИҲАД. ШУМО МЕТАВОНЕД ТИБҚИ ҚОНУНИ МАҲАЛЛИИ ХУД ҲУҚУҚҲОИ МУАЙЯН ДОШТА БОШАД. ҲЕҶ ЧИЗ ДАР ИН ШАРТҲО БА ОН ҲУҚУҚҲО ТАЪСИР НАМЕРАСОНАД, АГАР ОНҲО ТАТБИҚШАВАНДА БОШАНД. ШУМО ЪТИРОФ МЕКУНЕД, КИ КОМПЮТЕР ВА СИСТЕМАҲОИ ТЕЛЕКОММУНИКАТСИОНӢ АЗ НУҚСОН ХОЛӢ НЕСТАНД ВА БАЪЗАН ДАВРАҲОИ КОРНОШОЯМӢ БА АМАЛ МЕОЯНД. МО КАФОЛАТ НАМЕДИҲЕМ, КИ ХИДМАТҲО МУТТАСИЛБ САРИВАҚТӢ, АМН, БИДУНИ ХАТОҲО МЕШАВАНД Ё АЗ БАЙН РАФТАНИ МӮҲТАВО БА АМАЛ НАМЕОЯД, ИНЧУНИНБ, МО ПАЙВАСТАГӢ БО ШАБАКАҲОИ КОМПЮТЕРӢ Ё ИНТИҚОЛ АЗ ОНҲОРО КАФОЛАТ НАМЕДИҲЕМ.
- b. ТО ҲАДДИ ИҶОЗАТДОДАИ ҚОНУНИ МАҲАЛЛИИ ШУМО, МО ҲАМАГУНА КАФОЛАТҲОИ ҒАЙРИМУСТАҚИМ, АЗ ҶУМЛА ҚОБИЛИЯТИ БА ФУРӮШ РАФТАН, СИФАТИ ҚАНОАТБАХШ, МУВОФИҚАТ БАРОИ МАҚСАДИ МУАЙЯН, ИСТЕҲСОЛИ БОСИФАТ Ё ВАЙРОН НАКАРДАНИ ҲУҚУҚҲОИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИРО ИСТИСНО МЕНАМОЕМ.
- c. Барои истеъмолкунандагоне, ки дар Австралия истиқомат мекунанд: Маҳсулот ва хидматҳои мо дорои кафолатҳое мебошанд, ки тибқи қонун оид ба муҳофизати истеъмолкунандагони Австралия истисно шуда наметавонанд. Дар ҳоли дучори носозиҳои ҷиддӣ шудани хидмат, шумо метавонед:
- шартномаи хизматрасонии моро бекор кунед; ва
- арзиши қисми истифоданашударо баргардонида гиред ё ҷуброни арзиши коҳишёфтаро талаб кунед.
Шумо инчунин ҳуқуқ доред, ки барои носозиҳои ҷиддии маҳсулот баргардонидани маблағ ё бадали чунин маҳсулотро талаб кунед. Агар носозии маҳсулот ё хидмат носозии ҷиддӣ набошад, шумо ҳуқуқ доред, ки ислоҳи носозиро дар муҳлати мувофиқ талаб кунед. Агар чунин носозӣ ислоҳ нашавад, шумо ҳуқуқ доред, ки арзиши маҳсулотро баргардонида гиред ва шартномаи хизматрасониро бекор карда, баргардонидани арзиши қисми истифоданашудаи онро талаб кунед. Шумо инчунин ҳуқуқ доред, ки барои ҳар гуна талаф ё зарари дар натиҷаи носозии маҳсулот ё хидмат ба миён омада ҷуброн талаб кунед.
- d. Барои истеъмолкунандагоне, ки дар Зеландияи Нав истиқомат мекунанд, шумо метавонед тибқи Қонуни Зеландияи нав дар бораи кафолатҳои истеъмолкунанда ҳуқуқҳои қонунӣ дошта бошед ва ҳеҷ чиз дар ин Шартҳо ба он ҳуқуқҳо таъсир намерасонад.
Маҳдудсозии масъулият
12. Маҳдудсозии масъулият.
- a. Агар шумо барои рӯёнидани маблағ барои зарарҳо ягон асос дошта бошед (аз ҷумла вайронкунии ин Шартҳо), дар чорчӯбаи муқарраршудаи қонуни татбиқшаванда, шумо розӣ ҳастед, ки роҳи ҳалли истисноии шумо ин гирифтани ҷуброн аст, ки аз Microsoft ё ҳар гуна филиалҳо, харидафурӯшҳо, паҳнкунандагон, таҳвилгарони барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм ва фурӯшандагон барои зарарҳои бевосита то андозаи маблағи баробар ба пардохти Хизматрасониҳои шумо барои моҳе, ки дар давоми он талаф ё вайронкунӣ ба вуқуъ омадааст (ё то 10 доллари ШМА агар Хизматрасониҳо ройгон бошанд), рӯёнида мешавад.
- b. То дараҷаи бо қонунгузори дахлдор муқарраршуда, шумо наметавонед ҳамагуна (i) хисорот ё зиёнҳои ғайримустақим; (ii) аз даст рафтани фоидаҳои воқеӣ ё пешбинишуда (хоҳ мустақим ва хоҳ ғайримустақим); (iii) аз даст рафтани даромади воқеӣ ё пешбинишуда (хоҳ мустақим ва хоҳ ғайримустақим); (iv) аз даст рафтани шартнома ё тиҷорат ё хисорот ё зиёнҳое, ки аз истифодаи Хидматҳо аз ҷониби шумо дар ҳайсияти ғайришахсӣ бармеоянд; (v) хисорот ё зиёнҳои барқасд, ғайримустақим, тасодуфӣ ва ҷазоӣ; ва (vi) то ҳадди иҷозатдодаи қонун, хисорот ё зиёнҳои мустақимро, ки аз меъёрҳои дар банди 12.а дар боло зикршуда бештаранд, барқарор намоед. Ин маҳдудиятҳо ва истисноҳо дар сурате амал мекунанд, ки агар ин василаи ҷуброн зиёнҳои шуморо пурра ҷуброн накунад ё ҳадафи асосии худро иҷро накунад ё мо эҳтимолияти хисоротро медонистем ё бояд медонистем. Ба ҳадди аксаре, ки қонун иҷозат додааст, ин маҳдудиятҳо ва истисноҳо дар мавриди ҳама ҳолтаҳои марбут ба ин Шартҳо, Хидматҳо ё нармафзори марбут ба Хидматҳо амал мекунанд.
- c. Microsoft барои ҳамагуна ҳолатҳои иҷро накардан ё таъхир дар иҷро накардани уҳдадориҳои худ тибқи ин Шартҳо ҷавобгар ё масъул нест, ба дараҷае, ки ингуна адами иҷро ё таъхир аз сабаби ҳалатҳои берун аз назорати оқилонаи Microsoft ба амал омада бошад (аз қабили баҳсҳои меҳнатӣ, офатҳои табиӣ, ҷанг ё фаъолияти террористӣ, хиороти барқасдона, садамаҳо ё риояи ҳамагуна қонунҳои амалкунанда ё қарорҳои ҳукумат). Microsoft саъй хоҳад кард, ки таъсироти ҳар кадоме аз ингуна ҳодисаҳоро то ҳадди аққал коҳиш диҳад ва он уҳдадориҳоеро, ки таъсир надидаанд, иҷро кунад.
Шартҳои ба Хидмат хос
13. Шартҳои ба Хидмат хос. Шартҳои пеш аз қисми 13 ва пас аз он овардашуда дар маҷмуъ нисбати ҳамаи Хидматҳо амал мекунанд. Ин қисм шартҳои ба хидмат хосро бар изофаи шартҳои умумӣ дарбар мегирад. Агар ягон ихтилоф бо шартҳои умумӣ вуҷуд дошта бошад, пас ин шартҳои махсуси хизматрасонӣ танзим мекунанд.
Xbox
- a. Xbox.
- i. Истифодаи ғайритиҷории шахсӣ. Хизматрасонии онлайни Xbox, ("Xbox Network"), Xbox Game Studios (https://www.xbox.com/xbox-game-studios), (аз ҷумла бозиҳои Mojang), замимаҳо, обунаҳо (масалан, Xbox Game Pass барои компютер, Xbox Game Pass барои консол, Xbox Game Pass Ultimate), хизматрасонҳо (масалан, Xbox Live), ва муҳтавое, ки аз ҷониби Microsoft пешниҳод карда мешаванд (дар якҷоягӣ "Хидматҳои Xbox" номида мешаванд), танҳо барои истифодаи шахсӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошанд.
- ii. Хизматрасониҳои Xbox. Вақте ки шумо барои қабули Хизматрасноиҳои Xboх обуна мешавед, маълумот дар бораи пахши бозӣ, фаъолиятҳо, истифодабарии бозиҳо ва Хизматрасониҳои Xbox-и шумо пайгирӣ ва бо тарафҳои сеюми дахлдор, аз ҷумла бо таҳиягарони бозиҳо ва ноширон мубодила карда мешавад, то ки Microsoft Хизматрасониҳои Xbox-ро пешниҳод намоянд ва тарафҳои сеюм бозиҳои ғайри Microsoft ва хизматрасониҳоро ба кор андозанд. Илова бар ин, агар дастрасӣ ба хизматрасониҳои Xbox тавассути дастгоҳҳо ё платформаҳои тарафҳои сеюм сурат гирад, маълумот дар бораи бозии шумо, фаъолиятҳо ва истифодаи бозиҳову хизматрасониҳои Xbox метавонад аз ҷониби чунин дастгоҳҳо ва платформаҳои тарафҳои сеюм тибқи ҳар гуна шартҳо ва сиёсатҳои махфияти онҳо пайгирӣ ва мубодила карда шавад. Агар шумо бо ҳисоби Microsoft-и худ ба платформа ё дастгоҳи дигар ворид шавед ё ҳисоби Microsoft-и худро бо чунин платформаҳо ё дастгоҳҳо барои дастрасӣ ба Хидмати ғайри Microsoft (масалан, ношири бозиҳои ғайри Microsoft аз Барномаҳо ва Хидматҳои тарафҳои сеюм) пайваст кунед, шумо розӣ мешавед, ки: (а) Microsoft метавонад маълумоти маҳдуди марбут ба ҳисоб ва истифодаро (аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд нашуда, теги бозигар, холи бозигар, таърихи бозиҳо, маълумоти истифода ва рӯйхати дӯстон) бо он тараф, тавре ки дар Изҳороти махфияти Microsoft зикр шудааст, мубодила кунад, ва (б) агар танзимоти махфияти Xbox-и шумо иҷозат диҳад, он тараф инчунин метавонад ба муҳтавои шумо аз муоширати дохили бозӣ ё дигар барномаҳое, ки шумо ҳангоми бо ҳисоби худ ба он тараф ворид шудан истифода мебаред, дастрасӣ дошта бошад. Инчунин, агар танзимоти махфияти шумо дар Xbox имкон диҳад, Microsoft метавонад ном, барчаспи бозингар, расми бозингар, шиор, аватар, клипҳои бозиҳо ва бозиҳои бозидаи шуморо дар иртибот ба одамоне, ки шумо иҷозат додаед, ифшо кунад. Агар шумо танзимоти махсуси "Бехатарии оила"-и Xbox-ро фаъол карда бошед, он танзимот дар консолҳои Xbox, Xbox Cloud Gaming ва барномаи Xbox дар компютер ё дастгоҳҳои мобилӣ амал мекунанд, вале мумкин аст ба бозиҳо ё хадамоти Xbox Game Studios, ки дар дастгоҳҳо ё платформаҳои дигар дастрас мешаванд ё бозӣ карда мешаванд, татбиқ нагарданд. Барои таъмини таҷрибаи бозии бехатартар барои оилаатон, лутфан танзимоти волидайнро дар ин дастгоҳҳо ва платформаҳои дигар аз назар гузаронед.
- iii. Муҳтавои шумо. Ҳамчун як қисми созмондиҳии ҷамъияти Хизматрасониҳои Xbox, шумо ба Microsoft, филиалҳо ва зериҷозатномадорони он ҳуқуқи ройгон ва умумиҷаҳонии истифода, тағйирдиҳӣ, азнавистеҳсолкунӣ, паҳнкунӣ, пахш, мубодила ва намоиши муҳтавои худ ё ном, барчаспи бозингар, шиор ё аватари худро, ки шумо дар Хизматрасониҳои Xbox нашр кардаед, медиҳед.
- iv. Мудирони бозӣ. Баъзе бозиҳо метавонанд мудирон, сафирон ва мизбонони бозиро истифода баранд. Мудирон ва мизбонони бозӣ сухангӯёни салоҳиятдори Microsoft нестанд. Нуқтаи назари онҳо ҳатман нуқтаи назари Microsoft-ро инъикос намекунад.
- v. Кӯдакон ва Xbox. Агар шумо шахси ноболиғе бошед, ки Хизматрасониҳои Xbox-ро истифода мебарад, волид ё сарпарасти шумо метавонад ҷабҳаҳои гуногуни ҳисоби шуморо назорат кунад ва дар бораи истифодаи Хизматрасониҳои Xbox аз ҷоинби шумо гузоришҳо гирад. Ин хусусиятҳо барои Хизматрасониҳои Xbox истисноӣ мебошанд ва метавонанд ба дастгоҳҳо ё платформаҳои дигар интиқол дода нашаванд.
- vi. Асъори бозӣ ё молҳои виртуалӣ. Хидматҳои Xbox метавонанд дорои асъори виртуалии бозӣ бошанд (аз қабили тилло, тангаҳо ё холҳо), ки онҳоро аз Microsoft ё аз номи Microsoft бо истифодаи воситаҳои пулии воқеӣ харидан мумкин аст, агар шумо дар маҳалли иқомататон ба синни «балоғат» расида бошед. Инчунин, Хидматҳои Xbox метавонанд дорои ашё ё молҳои виртуалӣ, рақамӣ бошанд (аз қабили тилло, тангаҳо ё холҳо), ки онҳоро аз Microsoft ё аз номи Microsoft бо истифодаи воситаҳои пулии воқеӣ ё асъори бозӣ харидан мумкин аст. Асъори бозӣ ва молҳои виртуалиро ҳеҷ гоҳ ба воситаҳои пулии воқеӣ, молҳо ё ашёи дигари дорои арзиши пулӣ аз Microsoft ё тарафи дигар табдил додан мумкин нест. Ба ҷуз аз иҷозатномаи маҳдуд, инфиродӣ, бозхондашаванда, интиқолнаёбанда ва бидуни ҳаққи судури иҷозатномаи фаръӣ, танҳо барои истифодаи асъори бозӣ ва молҳои виртуалӣ дар Хизматрасониҳои Xbox, шумо ба ин гуна асъори бозӣ ё молҳои виртуалии дар Хизматрасониҳои Xbox пайдошаванда ё ҷойгирбуда ё ҳамагуна атрибутҳои марбут бо истифодаи Хизматрасониҳои Xbox ё дар дохили онҳо ҳифзшуда ҳеҷ гуна ҳуқуқ ё ҳуқуқи моликият надоред. Microsoft метавонад дар вақти дилхоҳ асъори бозиро ва/ё молҳои виртуалии бо як ё зиёда бозиҳо ё замимаҳои Xbox алоқамандро мустақиман бо салоҳдиди худ ба дараҷаи ҳаддалимкони иҷозатшудаи қонуни амалкунандаи маҳаллӣ ба танзим дарорад, назорат кунад, тағйир диҳад ва/ё бартараф намояд.
- vii. Навсозиҳои нармафзор. Дар мавриди истифода шудани дастгоҳе, ки метавовнад ба Хизматрасониҳои Xbox пайваст шавад, мо метавонем ба таври худкор версияи нармафзори консоли Xbox ё барнома Xbox-и шуморо тафтиш кунем ва навсозиҳои нармафзор ё тағйироти конфигуратсияи консоли Xbox ё барномаи Xbox боргирӣ кунем, аз ҷумла чунин навсозиҳо ё тағйироте, ки шуморо аз дастрас кардани Хизматрасониҳои Xbox, истифодаи бозиҳои беиҷозати Xbox ё барномаҳои беиҷозати Xbox ё истифодаи беиҷозати дастгоҳҳои сахтафзории берунӣ бо консоли Xbox пешгирӣ мекунанд.
- viii. Нармафзори фиребкунанда ва сохтакор. Ҳар гуна дастгоҳро, ки метавонад ба Хизматрасониҳои Xbox пайваст шавад, барои доштани сахтафзор ё нармафзори беиҷозат, ки имкони фиреб ё сохтакориро бо вайрон кардани Кодекси рафтор ё ин Шартҳо медиҳад ва навсозиҳои нармафзори барномаҳо ё тағйироти конфигуратсионии Xbox-ро боргирӣ менамояд, тафтиш мекунем, аз ҷумла онҳоеро, ки шуморо аз дастрасӣ пайдо кардан ба Хизматрасониҳои Xbox манъ мекунанд ё аз истифодаи сахтафзор ё нармафзори беиҷозате, ки имкони фиреб ё сохтакориро медиҳад.
- ix. Шартҳои иловагии обуна. Обунаҳои хизматрасонии Xbox таҳти шартҳои иловагие қарор доранд, ки дар "Шартҳои обунаҳои Xbox | Xbox баён карда шудаанд (https://www.xbox.com/legal/subscription-terms).
- x. Обунаҳои ғайрифаъоли хизматрасонии Xbox. Агар шумо обунаи хизматрасониҳои Xbox-ро муддате истифода набаред, Microsoft метавонад пешниҳоди ҳисобии такрориро ғайрифаъол кунад ва пардохтҳои такрориро дар кишварҳои интихобшуда қатъ намояд. Қабл аз ғайрифаъол кардани пешниҳоди ҳисобӣ, Microsoft ба шумо огоҳӣ медиҳад. Барои гирифтани маълумоти бештар, аз ҷумла дар бораи давраи бефаъолиятии дахлдор, “Саволҳои роиҷ дар бораи бефаъолиятии обуна | дастгирии Xbox (https://support.xbox.com/en-GB/help/subscriptions-billing/manage-subscriptions/xbox-subscription-inactivity-policy).
- xi. Шартномаҳои иловагии иҷозатномавии корбари ниҳоӣ ва кодексҳои рафтор. Баъзе хидматҳои Xbox метавонанд шартҳои истифода ва кодексҳои рафтори худро дошта бошанд.
Дӯкон
- b. Дӯкон. Истилоҳи “Дӯкон” маънои Хидматеро дорад, ки ба шумо имконият медиҳад, ки барномаҳо (ба истилоҳи “барнома” бозиҳо низ мансубанд) ва дигар муҳтавои рақамиро аз назар гузаронед, боргирӣ кунед, бихаред ва ба онҳо баҳо ва тақриз гузоред. Ин Шартҳо истифодаи Дӯконҳои муайяни аз ҷониби Microsoft ё ширкатҳои фаръии он кор фармуда мешуда ё ба онҳо мутааллиқ бударо (аз ҷумла, Дӯкони Office, Дӯкони Microsoft дар Windows ва Дӯкони Microsoft дар Xbox) ба танзим медароранд. “Дӯкони Office“ маънои Дӯкон барои маҳсулоти Office ва барномаҳо барои Office, Microsoft 365, SharePoint, Exchange, Access ва Project (версияҳои соли 2013 ё навтар) ё ҳама гуна таҷрибаи дигари дорои тамғаи Дӯкони Office-ро дорад. “Дӯкони Microsoft дар Windows” маънои Дӯконеро дорад, ки аз ҷониби Microsoft ё ширкатҳои фаръии он кор фармуда мешавад ё ба онҳо мутааллиқ аст, барои дастгоҳҳои Windows, аз қабили телефон, компютер, планшет ё дигар таҷрибаи дорои тамғаи Дӯкони Microsoft Windows пешбинӣ шудааст ва метавонад тавассути дастгоҳҳои Windows аз қабили телефон, компютер ё планшет дастрас карда шавад. “Дӯкони Microsoft дар Xbox” маънои Дӯконеро дорад, ки аз ҷониби Microsoft ё ширкатҳои фаръии он кор фармуда мешавад ё ба онҳо мутааллиқ аст, барои консолҳои Xbox ё дигар таҷрибаи дорои тамғаи Дӯкони Microsoft ва дар консоли Xbox дастрасбуда пешбинӣ шудааст.
- i. Шартҳои иҷозатнома. Мо ношири ҳар як барномаи дар Дӯкони мувофиқ мавҷудбударо муайян менамоем. Агар шартҳои иҷозатномавии дигар бо барнома пешниҳод карда нашаванд, пас Шартҳои стандартии иҷозатномаи барнома (”SALT”) дар охири Шартҳои мазкур созишнома байни шумо ва ношири барнома буда, шартҳои иҷозатномаеро муқаррар менамоянд, ки истифодаи барномаҳоеро ба танзим медарорад, ки шумо тавассути Дӯкони аз ҷониби Microsoft ё ширкатҳои фаръии он кор фармуда мешуда ё ба онҳо мутааллиқ буда боргирӣ кардаед (бо истиснои Дӯкони Office) Барои рӯй надодани шубҳа, ин Шартҳо истифода ва хизматрасониҳои Microsoft-ро фаро мегиранд, ки аз тарафи Хизматрасониҳои Microsoft пешниҳод карда шудаанд. Инчунин қисми 5 ин Шартҳо нисбат ба Барномаҳо ва хизмарасониҳои тарафи сеюм, ки тавассути Дӯкон харидорӣ карда шудаанд, татбиқ мешавад. Барномаҳои тавассути Office Store боргиришударо SALT танзим намекунад ва онҳо иҷозатномаи алоҳида доранд.
- ii. Навсозиҳо. Microsoft ба таври худкор навсозиҳои барномаҳои шуморо тафтиш ва боргирӣ мекунад, ҳатто агар ба Дӯкони мувофиқ ворид нашуда бошед. Агар нахоҳед, ки навсозиҳои худкор ба барномаҳоро гиред, метавонед танзимоти Дӯкон ё системаи худро иваз кунед. Аммо, баъзе барномаҳои Дӯкони Office, ки пурра ё қисман дар онлайн ҷойгир шудаанд, метавонанд дар вақти дилхоҳ аз ҷониби таҳиягари барнома навсозӣ карда шаванд ва метавонанд барои навсозӣ иҷозати шуморо талаб накунанд.
- iii. Рейтингҳо ва баррасиҳо. Агар шумо барнома ё Моли рақамии дигарро дар Дӯкон баҳо диҳед ё тақризнависӣ кунед, пас шумо метавонед аз Microsoft номаи электронӣ бо муҳтавои ношири барнома ё Моли рақамӣ гиред. Ҳар гуна чунин номаи электронӣ аз Microsoft меояд; мо суроғаи почтаи электронии шуморо бо ноширони барномаҳо ё дигар Молҳои рақамӣ, ки тавассути Дӯкон харидорӣ кардаед, мубодила намекунем.
- iv. Огоҳӣ оид ба бехатарӣ. Барои пешгирӣ кардани ҷароҳат, нороҳатӣ ё зӯрзании эҳтимолии чашм, шумо бояд мунтазам аз истифодаи бозиҳо ва барномаҳои дигар танаффус кунед, хусусан агар дар натиҷаи истифода ягон дард ё хастагӣ эҳсос кунед. Агар нороҳатӣ эҳсос кунед, танаффуз кунед. Нороҳатӣ метавонад дилбеҳазурӣ, хасташавӣ аз алвонҷ, саргардӣ, гумроҳӣ, дарди сар, хастагӣ, зӯрзании чашм ё хӯшкии чашм дар бар гирад. Истифодаи барномаҳо метавонад диққати шуморо гирад ва муҳити атрофатонро банд кунад. Аз хатарҳои роҳ, зинаҳо, шифтҳои паст эҳтиёт кунед ва аз истифодаи чизҳои шиканам ё гаронбаҳоро худдорӣ намоед. Фоизи хеле ками одамон метавонанд ҳангоми муоинаи баъзе тасвирҳои аёнӣ, аз қабили дурахши равшанӣ ё расмҳо дар барномаҳо пайдошаванда ба кашиши мушакҳо дучор шаванд. Ҳатто одамоне, ки пештар ҳеҷ гоҳ ба кашиши мушакҳо дучор нашудаанд, метавонанд ҳолати ташхиснашудае дошта бошанд, ки метавонад боиси кашиши мушакҳо шавад. Оризаҳо метавонанд аз сарчархзанӣ, таҳрифи биноӣ, ихтилоҷ, ларза, кашишхӯрии дасту пой, гум шудани эҳсоси самт, тирагии идрок, аз ҳуш рафтан ё рагкашӣ иборат бошанд. Агар ба яке аз ин оризаҳо дучор оед, фавран истифодаро қатъ кунед ё агар ягон вақт гирифтори оризаҳои марбут ба кашиши мушакҳо бошед, пеш аз истифодаи барномаҳо бо духтур машварат кунед. Волидайн бояд ҳангоми истифодаи барномаҳо аз ҷониби фарзандонашон зоҳиршавии оризаҳоро назорат кунанд.
Хусусиятҳои оилаи Microsoft
- c. Хусусиятҳои Microsoft барои оила. Волидайн ва кӯдакон метавонанд бо истифода аз хусусиятҳои оилаи Microsoft, аз ҷумла Microsoft Family Safety, дар асоси идроки муштараки рафторҳо, вебсайтҳо, барномаҳо, бозиҳо, маконҳои ҷисмонӣ ва масрафҳои барои оилаи онҳо мувофиқ эътимод эҷод намоянд. Волидайн метавонанд ба https://account.microsoft.com/family гузашта (ё тариқи иҷро кардани дастурҳо дар дастгоҳи Windows ё консоли Xbox-и худ) ва кӯдакон ё волидони дигарро барои ҳамроҳ шудан даъват карда, оила эҷод кунанд. Хусусиятҳои зиёд барои аъзои оила дастрас мебошанд, аз ин рӯ, лутфан ҳангоми розигии худро барои эҷод ё ҳамроҳ кардани оила ва ҳангоми харидории Молҳои рақамӣ барои дастрасии оила додан, маълумоти пешниҳодшударо аз назар гузаронед. Бо эҷод ё ҳамроҳ кардани оила шумо барои истифода бурдани оила тибқи мақсади он розӣ мешавед ва онро беиҷозат истифода намебаред, то ки ба таври ғайриқонунӣ ба маълумоти шахси дигар дастрасӣ пайдо накунед. Хусусиятҳои оилаи Microsoft барои Microsoft истисноӣ мебошанд ва ба платформаҳои дигар интиқол дода намешаванд. Масалан, танзимоти махсуси "Бехатарии оила"-и Xbox дар консолҳои Xbox, Xbox Cloud Gaming ва барномаи Xbox дар компютер ё дастгоҳҳои мобилӣ амал мекунанд, вале мумкин аст ба бозиҳо ё хадамоти Xbox Game Studios, ки дар дастгоҳҳо ё платформаҳои дигар дастрас мешаванд ё бозӣ карда мешаванд, дахл надошта бошанд. Барои таъмини таҷрибаи бозии бехатартар барои оилаатон, лутфан танзимоти волидайнро дар ин дастгоҳҳо ва платформаҳо аз назар гузаронед.
Паёмнависии гуруҳӣ
- d. Паёмнависии гуруҳӣ. Баъзе хидматҳои Microsoft ба шумо барои ба шахсони дигар паёмҳои овозӣ ё SMS ("паёмҳо") фиристодан ва/ё ба Microsoft ва шарикони аз ҷониби Microsoft идорашаванда барои фиристодани чунин паёмҳо аз номи шумо ба як корбар ё бештар имконият медиҳанд. ВАҚТЕ КИ ШУМО БА MICROSOFT ВА ШАРИКОНИ АЗ ҶОНИБИ MICROSOFT ИДОРАШАВАНДА БАРОИ ФИРИСТОДАНИ ЧУНИН ПАЁМҲО БА ХУДАТОН Ё БА ДИГАРОН ДАСТУР МЕДИҲЕД, ШУМО ИЗҲОР МЕКУНЕД ВА БА МО ЗАМОНАТ МЕДИҲЕД, КИ ШУМО ВА ЧУНИН ШАХСЕ, КИ БА МО БАРОИ БА Ӯ ПАЁМ ФИРИСТОДАН ДАСТУР МЕДИҲЕД, БАРОИ ГИРИФТАНИ ЧУНИН ПАЁМҲО ВА ҲАМА ГУНА ПАЁМҲОИ МАТНИИ МАЪМУРИИ АЛОҚАМАНД АЗ MICROSOFT ВА ШАРИКОНИ АЗ ҶОНИБИ MICROSOFT ИДОРАШАВАНДА РОЗӢ МЕБОШЕД. "Паёмҳои матнии маъмурӣ" паёмҳои даврии амалиётии хидматҳои муайяни Microsoft мебошанд, аз ҷумла, вале номаҳдуд бо "паёми марҳабо" ё дастурҳо оиди тарзи қатъ кардани қабули паёмҳо. Шумо ё он аъзоёни гуруҳ, ки дигар чунин паёмҳоро гирифтан намехоҳанд, метавонанд аз гирифтани паёмҳои минбаъда аз Microsoft ё шарикони аз ҷониби Microsoft идорашаванда тариқи иҷро кардани дастурҳои пешниҳодшуда дар вақти дилхоҳ дасткашӣ кунанд. Агар дигар чунин паёмҳоро гирифтан ё дар гуруҳ иштирок кардан нахоҳед, шумо розӣ мешавед, ки тариқи иҷро кардани дастурҳои аз ҷониби барнома ё хидмати мувофиқ пешниҳодшуда дасткашӣ мекунед. Агар шумо боварӣ дошта бошед, ки аъзои гуруҳ дигар чунин паёмҳоро гирифтан ё дар гуруҳ иштирок кардан намехоҳад, шумо розӣ мешавед, ки ӯро аз гуруҳ хориҷ кунед. Шумо инчунин изҳор мекунед ва ба мо замонат медиҳед, ки шумо ва ҳар як нафаре, ки шумо ба мо барои ба ӯ паём фиристодан дастур додаед, мефаҳмад, ки ҳар як аъзои гуруҳ барои хароҷоти марбут ба ҳама гуна арзиши паёмҳо, ки аз ҷониби оператори алоқаи мобилии ӯ ситонида мешавад, аз ҷумла арзиши паёмҳои байналмилалие, ки метавонанд ҳангоми ирсол шудани паёмҳо аз рақамҳои ИМА ситонида шаванд, ҷавобгӯ мебошад.
Skype, Microsoft Teams ва GroupMe
- e. Skype, Microsoft Teams ва GroupMe.
- i. Хидматҳои фавқулода. Байни хидматҳои телфонии мобилӣ ё статсионарии анъанавӣ ва Skype, Microsoft Teams ва GroupMe фарқиятҳои муҳим вуҷуд доранд. Microsoft тибқи қоидаҳо, низом ё қонуни маҳаллӣ ё миллии татбиқшаванда уҳдадории худро маҳдуд кардааст, то ки дастрасӣ ба Хидматҳои фавқулодаро, ба монанди занги таъҷилӣ ба рақамҳои 911 ё 112, ("Хизматрасониҳои фавқулода") тавассути Skype, Microsoft Teams ва GroupMe пешниҳод кунад. Танҳо версияҳои маҳдуди нармафзлори хусусияти "Skype ба телефон"-и Skype метавонад зангҳо ба Хизматрасониҳои фавқулодаро дар якчанд кишварҳои хеле маҳдуд ва вобаста ба плафтаормаи истифодашаванда дастгирӣ намояд. Шумо метавонед тафсилот дар бораи дастрасӣ ва тарзи танзими ин хусусиятро дар ин ҷо пайдо кунед: https://www.skype.com/go/emergency. Агар занги "Skype ба телефон"-и шумо пайваст шавад, шумо бояд тафсилоти макони ҷисмонии худро пешниҳод намоед, то ки хадамоти фавқулода ба шумо вокуниш намоянд.
- ii. API-ҳо ё пахш. Агар нармафзор ва маҳсулоти Skype-ро дар робита бо пахше истифода бурдан хоҳед, бояд “Шартҳои техникии Пахшро” дар https://www.skype.com/go/legal.broadcast риоя кунед. Агар шумо ягон интерфейси барномаҳои амалии (”API”) аз ҷониби Skype нашршуда ё дастрас гардонидашударо истифода бурдан хоҳед, бояд шартҳои мувофиқи иҷозатномаро риоя кунед, ки дар www.skype.com/go/legal дастрас аст.
- iii. Сиёсати истифодаи одилона. Ба истифодаи нармафзор ва маҳсулоти Skype аз ҷониби шумо сиёсатҳои истифодаи одилона метавонанд татбиқ шаванд. Лутфан, ин сиёсатҳоро, ки барои муҳофизат аз қаллобӣ ва сӯиистифода пешбинӣ шудаанд ва метавонанд нисбати намуд, муддат ё ҳаҷми зангҳо ё паёмҳое, ки шумо зада метавонед. маҳдудият гузоранд, мутолиа намоед. Ин сиёсатҳо ба таври истинод ба ин Шартҳо шомил карда шудаанд. Шумо метавонед ин сиёсатҳоро дар https://www.skype.com/go/terms.fairusage/ пайдо кунед.
- iv. i. Истифодаи шахсӣ/ғайритиҷорӣ. Нармафзор ва маҳсулоти Skype танҳо барои истифодаи шахсӣ ва ғайритиҷории шумо пешбинӣ шудаанд. Ба шумо иҷозат дода мешавад, ки Skype-ро дар ҷои кор барои алоқаи тиҷоратии худ истифода баред.
- v. Рақами Skype/Skype To Go. Агар Microsoft ба шумо Рақами Skype ё рақами Skype To Go бидиҳад, шумо розӣ мешавед, ки рақам аз они шумо намебошад ва шумо ҳуқуқи чунин рақамро доиман нигоҳ доштан надоред. Дар кишварҳои муайян, рақам метавонад ба шумо ба ҷои худи Microsoft аз ҷониби яке аз шарикони Microsoft пешниҳод карда шавад, ва дар чунин ҳолат ба шумо метавонад лозим шавад, ки бо чунин шарик созишномаи алоҳида бубандед. Барои гирифтани тафсилот дар бораи рақами Skype https://go.skype.com/home.skype-number-ро бинед.
- vi. Skype Manager. "Ҳисоби маъмурии Мудири Skype" аз ҷониби шумо эҷод ва идора карда мешавад, ҳамчун маъмури инфиродии гурӯҳи Мудири Skype, вале на ҳамчун шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ. Шумо метавонед ҳисоби инфиродии Microsoft-и худро бо гурӯҳи Мудири Skype пайваст кунед ("Ҳисоби пайваст"). Шумо метавонед барои гуруҳи Skype Manager-и худ маъмурони иловагӣ таъйин кунед, ба шарте ки онҳо ин Шартҳоро қабул кунанд. Агар шумо ба ягон Ҳисоби алоқаманд Рақамҳои Skype таъйин кунед, шумо барои риоя шудани ҳамагуна талабот нисбати маҳалли иқомат ё макони корбарони Ҳисобҳои алоқаманди худ масъул мебошед. Агар шумо пайванди Ҳисоби пайвастро аз гурӯҳи Мудири Skype барҳам додан хоҳед, пас ҳар гуна обунаҳои ҷудошуда, қарзи Skype ё рақамҳои Skype бозёбӣ намешаванд ва муҳтавои шумо ё маводҳои бо ҳисоби парокандаи алоқаманд барои шумо дигар дастрас намешаванд. Шумо розӣ мешавед, ки ҳама гуна маълумоти шахсии корбарони Ҳисоби алоқаманди худро тибқи ҳамаи қонунҳои дахлдори марбут ба муҳофизати иттилоот коркард кунед. Skype Manager-и шумо метавонад муваққатан боздошта шавад, агар аъзои гурӯҳ Қоидаҳои рафтори дар ин СХМ (Созишномаи хидматҳои Microsoft) зикршударо риоя накунанд.
- vii. Пардохтҳои Skype. Ҳамаи нархҳо барои маҳсулоти Skype андозҳои татбиқшавандаро дарбар мегиранд, агар ба таври дигар зикр нашуда бошад. Маблағҳои пардохтшаванда барои занг задан ба телефонҳои берун аз обуна аз ҳаққи пайваст (барои ҳар занг як маротиба ситонида мешавад) ва тариф барои ҳар як дақиқа, тавре ки дар www.skype.com/go/allrates муқаррар карда шудааст, иборатанд. Пардохти зангҳо метавонад аз бақияи Маблағи Skype тарҳ карда шавад. Microsoft метавонад нархҳои зангҳои худро дар вақти дилхоҳ тағйир диҳад, ва чунин тағйирот дар www.skype.com/go/allrates нашр карда мешавад. Тарифи нав ба занги навбатии шумо пас аз нашр шудани тарифҳои нав татбиқ мешавад. Пеш аз занг задан, лутфан, тарифҳои охиринро тафтиш кунед. Дақиқаҳои нопурраи занг ва пардохтҳои нопурра то воҳиди пурра яклухт карда мешаванд. Дар баъзе кишварҳо, маҳсулоти пулакии Skype аз ҷониби шарики маҳаллии Microsoft пешниҳод карда мешаванд ва ба чунин амалиёт шартҳои шарики мазкур татбиқ карда мешаванд. Сарфи назар аз гуфтаҳои боло, тибқи қонуни татбиқшаванда дар сурати рақами Skype-и худро ба таҳвилгари дигар гузарондан, шумо метавонед ҳуқуқ дошта бошед, ки аз рӯи дархост ҳар гуна тавозуни пешпардохти обунаро бозпардохт кунед.
- viii. Маблағи Skype. Microsoft кафолат намедиҳад, ки шумо метавонед тавозуни Skype Credit-и худро барои харидани ҳамаи маҳсулоти пулакии Skype истифода баред, зеро маҳсулоти пулакӣ метавонанд давра ба давра тағйир ёбанд. Агар шумо Маблағи Skype-и худро давоми 180 рӯз истифода набаред, Microsoft Маблағи Skype-и шуморо ба ҳолати ғайрифаъол мегузаронад. Шумо метавонед Маблағи Skype-ро бо гузаштан ба пайванди азнавфаъолкунӣ дар https://www.skype.com/go/store.reactivate.credit аз нав фаъол кунед. Агар шумо дар Ҷопон қарор дошта бошед ва қарзи Skype-ро аз вебсайти Skype харидорӣ намоед, пас ду ҷумлаи қаблӣ ба шумо дахл надоранд ва муҳлати қарзи Skype-и шумо бояд баъд аз 180 рӯз пас аз санаи харидорӣ ба анҷом расад. Баъд аз ба охир расидани муҳлати қарз, шумо дигар онро дубора фаъол карда ё истифода бурда наметавонед. Агар ҳисоби Microsoft-и шумо бо ҳар сабаб барҳам дода шавад, пас қарзи Skype-и истифоданашудаи шумо бо ҳисоби Microsoft-и шумо алоқаманд аз даст дода мешавад ва бозёбӣ намешавад. Skype Credits наметавонанд ба дигарон интиқол дода шаванд.
- ix. Панели рақамчинии Skype. Шумо метавонед Панели рақамчинии Skype-ро бо обунаи фаъол ё Skype Credits пас аз қатъи фаъолияти барномаҳои рӯимизӣ ва мобилии Skype истифода баред. Панели рақамчинии Skype маҳсулоти Skype аст, ки шумо метавонед ба он аз дохили Microsoft Teams ё дар веб дастрасӣ пайдо кунед.
- х. Ҳаққи паёмҳои байналмиллалӣ. Айни ҳол, GroupMe барои ҳар як гуруҳи эҷодшуда рақамҳои ҷойгир дар ИМА истифода мебарад. Ҳар як паёми матнии ба рақами GroupMe фиристодашуда ё дар чунин рақам гирифташуда ҳамчун паёми байналмиллалии ба Иёлоти Муттаҳида фиристодашуда ё аз он гирифташуда ба ҳисоб меравад. Вобста ба макони шумо, Microsoft Teams метавонад рақами телефонеро истифода барад, ки ҳамчун паёми матнии байналмилалӣ ба ҳисоб равад. Барои фаҳмидани нархҳои байналмиллалии мувофиқ, ба таҳвилгари худ муроҷиат кунед.
- xi. SMS-ҳои Microsoft Teams. Microsoft Teams барои паёмҳое, ки ба қабулкунандаи дорои рақамҳои Австралия мебошанд, метаовнад аз рақамҳои автсралиягӣ истифода барад, ки аз ҷониби Belgacom International Carrier Services SA. пешниҳод карда мешаванд, ки макони асосии корхона дар Boulevard du Roi Albert II, 27 1030, Брюссели Белгия ҷойгир аст ("BICS"). Microsoft ва ширкатҳои фаръии он ба BICS алоқаманд нестанд.
Bing ва MSN
- f. Bing ва MSN.
- i. Маводи Bing ва MSN. Мақолаҳо, матн, суратҳо, харитаҳо, видеоҳо, видеоплеерҳо ва маводҳои тарафҳои сеюм, ки дар Bing ва MSN дастрас мебошанд, аз ҷумла тавассути ботҳо, зербарномаҳо ва барномаҳои Microsoft, танҳо барои истифодаи ғайритиҷоратӣ ва шахсии шумо мебошанд. Дигар намудҳои истифода, аз ҷумла боргирӣ, нусхабардорӣ ё азнавтақсимкунии ин маводҳо ё истифодаи ин маводҳо ё маҳсулот барои сохтани маҳсулоти худ, танҳо то дараҷаи мушаххасан иҷозатшудаи Microsoft ё дорандаҳои ҳуқуқҳо иҷозат шудаанд ё аз ҷониби қонуни ҳуқуқи муаллифи татбиқшаванда иҷозат шудаанд. Microsoft ва моликони ҳуқуқи дигар дорои ҳамаи ҳуқуқҳо ба мавод ҳастанд, ки мустақиман аз ҷониби Microsoft тибқи ин шартҳои иҷозатнома дода нашудаанд, хоҳ ба таври назардоштӣ, маҳрумяит ва хоҳ ба таври дигар.
- ii. Харитаҳои Bing. Шумо ҳақ надоред, ки тасвирҳои Bird's eye-и Иёлоти Муттаҳида, Канада, Мексика, Зеландияи Нав, Австралия ё Японияро бе тасвиби хаттии алоҳидаи мо барои ҳадафҳои давлатӣ истифода баред.
- iii. Bing Places. Вақте ки шумо Иттилоот ё Муҳтавои худро ба Bing Places пешниҳод мекунед, шумо ба Microsoft барои истифода, нусхабардорӣ, захиракунӣ, тағйирдиҳӣ, ҷамъкунӣ, таблиғкунӣ, интиқолдиҳӣ, намоишдиҳӣ ва паҳнкунии Иттилоот ва Муҳтавои худ (аз ҷумла ҳуқуқҳои муаллиф нисбат ба Иттилоот ва Муҳтавои шумо) ва барои ҳама ё қисми ҳуқуқҳои мазкурро ба тарафҳои сеюм тибқи зериҷозатнома пешниҳод кардан иҷозати ройгони ҷаҳонии бе роялти медиҳед.
Cortana
- g. Cortana.
- i. Истифодаи ғайритиҷории шахсӣ. Cortana Хидмати ёрдамчии шахсии Microsoft аст. Хусусиятҳо, хидматҳо ва муҳтавои аз ҷониби Cortana пешниҳод мешуда (дар маҷмуъ “Хидматҳои Cortana”) танҳо барои истифодаи шахсӣ ва ғайритиҷории шумо пешбинӣ шудааст.
- ii. Функсиянокӣ ва муҳтаво. Cortana як қатор хусусиятҳоро пешниҳод мекунад, ки баъзеи онҳо шахсисозишуда мебошанд. Хидматҳои Cortana метавонад ба шумо имконият диҳад, ки хидматҳо, маълумот ё функсияҳоеро дастрас кунед, ки аз ҷониби дигар Хидматҳои Microsoft ё Барномаҳо ва хидматҳои тарафҳои сеюм пешниҳод карда мешаванд. Шартҳои хоси хизматрасонии қисмати 13 низ нисбат ба истифодашавии Хизматрасониҳои дахлдори Microsoft аз ҷониби шумо, ки ба онҳо тавассути Хизматрасониҳои Cortana дастрасӣ пайдо карда мешавад, татбиқ карда мешаванд. Cortana танҳо барои ҳадафҳои банақшагирии шумо маълумот пешниҳод мекунад ва ҳангоми баррасӣ ё эътимод кардан ба ин маълумот шумо бояд аз муҳокимаронии худ истифода кунед. Microsoft эътимоднокӣ, дастарсӣ ё саривақтии таҷрибаҳои фардикунонидашударо, ки аз тарафи Cortana пешниҳод карда мешаванд, кафолат намедиҳад. Агар ягон хусусияти Cortana гирифтан, дидан ё фиристодани мукотибот ё огоҳӣ ё дастрас кардани хидматеро боздорад ё ба он халал расонад, Microsoft барои ин масъул намебошад.
- iii. Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм. Дар чорчӯбаи пешниҳод кардани Хидматҳои Cortana, Cortana метавонад ба шумо истифодаи Барномаҳо ва хидматҳои тарафҳои сеюмро (маҳоратҳои тарафҳои сеюм ё хидматҳои пайваста) тавсия кунад ё дар истифодаи онҳо кумак расонад. Агар шумо розӣ шавед, Cortana метавонад барои хидматҳои дархост кардаатонро дастрас сохтан бо Барномаҳо ва хидматҳои тарафҳои сеюм маълумот мубодила кунад, аз ҷумла индекси почта ва дархостҳои шумо ва посухҳои Барнома ва хидматҳои тарафи сеюм. Cortana метавонад ба шумо имконият диҳад, ки тавассути Барномаҳо ва хидматҳои тарафҳои сеюм бо истифодаи афзалиятҳои ҳисоби худ ва танзимоти дар чунин Барномаҳо ва хидматҳои тарафҳои сеюм муқаррар кардаатон харид кунед. Шумо метавонед Хидмати Cortana-ро дар вақти дилхоҳ аз Барномаҳо ва хидматҳои тарафҳои сеюм ҷудо кунед. Истифода бурдани Хидматҳои Cortana бо мақсади бо Барномаҳо ва хидматҳои дигар пайваст шуданро қисмати 5-и ин Шартҳо ба танзим медарорад. Ноширони Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафҳои сеюм метавонанд имкониятҳои функсионалӣ ё хусусиятҳои Барномаҳо ва хизматрасониҳои тарафи сеюми онро тағйр диҳанд ё қатъ кунанд. Microsoft барои нармафзор ё нармафзори дарунсохти пешниҳодшудаи истеҳсолкунандагон масъул ё ҷавобгар намебошад.
- iv. Дастгоҳҳои бо Cortana фаъолшуда. Дастгоҳҳои бо Cortana фаъолшуда маҳсулот ё дастгоҳҳое мебошанд, ки барои дастрасӣ пайдо кардан ба Хизматрасониҳои Cortana фаъол карда шудаанд, ё маҳсулот ё дастгоҳҳое мебошанд, ки бо Хизматрасониҳои Cortana мутобиқ мебошанд. Дастгоҳҳои бо Cortana фаъолшуда дастгоҳҳо ё маҳсулоти тарафҳои сеюмро дар бар мегиранд, ки Microsoft соҳиби онҳо намебошад, истеҳсол ё таҳия намекунад. Microsoft барои ин дастгоҳҳо ё маҳсулоти тарафҳои сеюм масъул ё ҷавобгар намебошад.
- v. Навсозиҳои нармафзор. Мо метавонем версияи ҷории нармафзори Хидматҳои Cortana-и шуморо тафтиш кунем ва навсозиҳои нармафзор ё тағйироти конфигуратсия боргирӣ кунем ё аз истеҳсолкунандагони дастгоҳҳои дорои Cortana талаб кунем, ки нармафзори Хидматҳои Cortana-ро муосир нигоҳ доранд.
Барномаҳо ва хидматҳои Microsoft 365
- h. Барномаҳо ва хидматҳои Microsoft 365.
- i. Шартҳои истифода. Microsoft 365 Family, Microsoft 365 Personal, Microsoft 365 Basic, Sway, OneNote.com ва дигар барнома ё хидмати Microsoft 365 ё хидмати дорои тамғаи Office, ба ҷузъ аз ҳолатҳои доштани ҳуқуқи истифодаи тиҷорӣ тибқи созишномаи алоҳида бо Microsoft, барои истифодаи шахсӣ ва ғайритиҷории шумо пешбинӣ шудаанд. Истифодаи барномаҳои мисли Word, Excel, PowerPoint, Outlook, OneDrive, Access ва Publisher дар Microsoft 365 Family, Microsoft 365 Personal ва дигар барнома ё Хидмати обунагии Microsoft 365 бо шартҳои иҷозатномаи иловагӣ, ки дар https://aka.ms/useterms дастрасанд, дар якҷоягӣ бо ин Шартҳо ба танзим дароварда мешавад.
- ii. Шартҳои иловагӣ барои Outlook. Outlook истифодаи харитаҳои Bing-ро дар бар мегирад. Ҳар гуна муҳтавое, ки тавассути харитаҳои Bing, аз ҷумла рамзҳои ҷуғрофӣ пешниҳод карда мешаванд, танҳо дар доираи маҳсуле, ки тавассути он муҳтаво пешниҳод карда шудааст, истифода бурда мешаванд. Истифодаи шумо аз харитаҳои Bing-ро Шартҳои истифодаи корбари ниҳоии харитаҳои Bing, ки дар go.microsoft.com/?linkid=9710837 дастрас мебошанд ва Баёнияи махфияти Microsoft, ки дар go.microsoft.com/fwlink/?LinkID=248686 дастрас мебошад, танзим мекунанд.
Молҳои рақамӣ
- i. Молҳои рақамӣ Microsoft метавонад тавассути Microsoft Groove, Microsoft Филмҳо ва ТВ, Дӯкон, Хизматрасониҳои Xbox ва ҳама гуна хидматҳои марбут ва оянда ба шумо имкон диҳад, ки мусиқӣ, видео, матн, китобҳо ва маводҳои дигарро ("Молҳои рақамӣ"), ки шумо дар шакли рақамӣ дарёфт карда метавонед, ба даст оред, гӯш кунед, намоиш диҳед, пахш кунед ё хонед. Молҳои рақамӣ танҳо барои истифодаи шахсӣ ва ғайритиҷории шумост. Шумо розӣ мешавед, ки ягон нусхаи Молҳои рақамиро дубора тақсим кунед, ба таври оммавӣ пахш кунед, иҷро кунед, намоиш диҳед ё ба нафарони дигар интиқол диҳед. Молҳои рақамӣ метавонанд моликияти Microsoft ё тарафҳои сеюм бошад. Дар ҳама гуна ҳолатҳо, шумо мефаҳмед ва эътироф мекунед, ки ҳуқуқҳои шумо нисбати Молҳои рақамӣ бо ин Шартҳо, қонунгузории марбут ба ҳуқуқи муаллиф ва Қоидаҳои истифода, ҷойгир дар https://go.microsoft.com/fwlink/p/?LinkId=723143, маҳдуд карда мешаванд. Шумо розӣ мешавед, ки ба ҳеҷ ваҷҳ, аз ҷумла бо мақсади тақаллуб ё тағйир додани моликият ё манбаи Молҳои рақамӣ, кӯшиши тағйир додани ягон Молҳои рақамии тавассути ҳар кадоме аз Хидматҳо бадастомадаро иҷро намекунед. Microsoft ё моликони Молҳои рақамӣ метавонанд вақт то вақт Молҳои рақамиро бидуни огоҳӣ аз Хидматҳо нест кунанд.
Захирагоҳи Microsoft
- j. Захирагоҳи Microsoft.
- i. Таъмини захирагоҳ дар OneDrive. Ягар шумо дар ҳисоби OneDrive-и худ аз миқдори бо шартҳои хидмати обунагии ройгон ё пулакии захирагоҳи Microsoft муқарраршуда муҳтавои бештар дошта бошед ва ба огоҳӣ аз Microsoft оиди ислоҳ кардани ҳисобатон тариқи нест кардани муҳтавои барзиёд ё гузаштан ба нақшаи обунагии дорои захирагоҳи бештар посух надиҳед, мо метавонем ҳисоби шуморо баста, Муҳтавои шуморо дар OneDrive нест кунем ё дастрасиро ба он ғайифаъол кунем. Маълумот дар бораи квотаҳои захирагоҳи Microsoft инҷо (https://prod.support.services.microsoft.com/office/how-does-microsoft-storage-work-2a261b34-421c-4a47-9901-74ef5bd0c426) дастрас аст.
- ii. Самаранокии кори хидмати OneDrive. Вобаста аз омилҳои ба мисли таҷҳизот ва пайвасти интернети шумо ва чорабиниҳои Microsoft барои таъмини кор ва бутунии хидмати он, шумо метавонед ҳангоми бор кардан ё ҳамоҳанг кардани муҳтавои дохили OneDrive вақт то вақт ба таъхирҳо дучор шавед.
- iii. Ҷудокунии захирагоҳ дар Outlook.com. Агар квотаи захирагоҳи паёмдони Outlook.com-ро ё квотаи захирагоҳи Microsoft-ро, ки ба шумо тибқи обунаи ройгон ё пулакӣ пешниҳод шудааст, афзоед, то муҳтавои барзиёдро нест накунед ё ба обунаи дорои захирагоҳи кофӣ накӯчонед, паём фиристода ва қабул карда наметавонед. Агар баъд аз гирифтани огоҳӣ аз Microsoft, муҳтавои барзиёдро нест накунед ё захирагоҳи иловагии кофӣ дарёфт накунед, мо ҳуқуқ дорем, ки Муҳтавои шуморо нест кунем ё дастрасии шуморо ба он ғайрифаъол кунем. Маълумот дар бораи квотаҳои захирагоҳи Microsoft инҷо (https://prod.support.services.microsoft.com/office/how-does-microsoft-storage-work-2a261b34-421c-4a47-9901-74ef5bd0c426) дастрас аст.
Microsoft Cashback
- k. Microsoft Cashback. Барномаи Microsoft Cashback ("Cashback") ба муштариёни Microsoft имкон медиҳад, ки ҳангоми харид аз фурӯшандагони ширкаткунанда бо истифода аз маҳсулот ва хидматҳои муайяни Microsoft, ба монанди Bing.com ва Microsoft Edge, мукофотҳои пули нақдро ба даст оранд. Бо иштирок кардан дар барномаи Cashback ё фаъол кардани пешниҳоди Cashback, шумо Шартҳои Cashbackро (https://www.microsoft.com/bing/rebates-terms) қабул ва ба онҳо розӣ мешавед. Меъёрҳои муайяни мутобиқат, маҳдудиятҳо ва дигар масдудкуниҳо нисбати штироки шумо дар Cashback татбиқ карда мешаванд; барои гирифтани маълумоти бештар Саволҳои роиҷи Cashbackро (https://www.bing.com/rebates/faq) бинед.
Microsoft Rewards
- l. Microsoft Rewards.
- i. Маълумоти умумӣ. Ба Microsoft Rewards ("Барномаи Rewards") ройгон ҳамроҳ шудан мумкин аст ва он ба шумо имконият медиҳад, ки бар ивази фаъолиятҳои муайян ва барои истифодаи шахсии маҳсулот ва хидматҳои муайяни Microsoft хол ("Холҳо") дарёфт кунед. Агар шумо ҳисоби Microsoft дошта бошед ва Минтақаи иштироккунанда (дар поён шарҳ дода шудааст) қарор дошта бошед, шумо ба таври худкор ба Барномаи Rewards ҳамроҳ карда шудаед ва метавонед дарҳол дарёфт кардани Холҳоро оғоз кунед. Шумо метавонед дар вақти дилхоҳ дастурамали зеринро иҷро карда, иштироки худро дар Барномаи Rewards бекор кунед.
- ii. Шумо метавонед холҳои худро бо роҳҳои мухталиф ("Вариантҳои истифода") истифода баред, аз ҷумла барои маҳсулот ва хидматҳои дар Саҳифаи истифодаи холҳо дар https://aka.ms/redeemrewards ("Rewards") номбаршуда. Баҳри таъмини мувофиқати худ барои истифода бурдани Холҳои худ тавассути яке аз Вариантҳои истифода, шумо бояд аввал ҳисоби Барномаи Rewards-и худро ("Ҳисоби Rewards") дар Панели абзори Rewards дар https://rewards.microsoft.com/ ё дар сайтҳо ва саҳифаҳои муайяни Microsoft фаъол кунед. Фаъол кардани Ҳисоби Rewards ройгон аст.
- iii. Нисбат ба дарёфт, сарф кардан ва ба таври дигар истифода бурдани Холҳо дар Барномаи Rewards манъу маҳдудиятҳои муайян татбиқ карда мешаванд. Барои маълумоти бештар гирифтан, қисмати “Rewards”-ро дар https://support.microsoft.com (”Саволҳои роиҷ”) бихонед.
- iv. Талабот. Барои Холҳоро дарёфт кардан, сарф кардан ё таври дигаре истифода бурдан, шумо бояд ҳисоби эътиборноки Microsoft дошта бошед ва дар яке аз минтақаҳои ҷуғрофии дар Саволҳои роиҷ ("Минтақаҳо") номбаршуда зиндагӣ карда истода бошед. Ҳатто агар якчанд суроғаи почтаи электронӣ дошта бошед, танҳо як Ҳисоби Rewards кушода ва истифода бурда метавонед. Дар ҳар як хонавода то шаш Ҳисоби Rewards иҷозат шудааст. Барномаи Rewards танҳо барои истифодаи шахсӣ ва ғайритиҷории шумо пешбинӣ шудааст. Истифодаи шабакаи шахсии виртуалӣ (VPN) ё дигар технология ё хидмате, ки метавонад барои ниқоб пӯшондан ё нишон додани макони ҷуғрофии бардурӯғ истифода бурда шавад, метавонад боиси қатъ шудани Ҳисоби Rewards ва лағв шудани Холҳои ҷамъ кардаатон шавад.
- v. Дарёфт кардани холҳо. Барои шумо метавонад имконият фароҳам оварда шавад, ки барои фаъолиятҳои муайян ва мувофиқ ("Пешниҳодҳо"), ба мисли Ҷустуҷӯ, Ба даст овардан, истифодаи маҳсулот ва хидматҳои муайяни Microsoft, ва дигар имкониятҳо аз Microsoft, Хол дарёфт кунед. Барои аз чунин Пешниҳодҳо баҳра бурдан, шумо бояд Ҳисоби фаъоли Rewards-ро дошта бошед. Пас аз иҷрои талаботи Пешниҳодҳои муайян, шояд ба шумо зарур шавад, ки пеш аз ба даст овардани Холҳо ва иловаи онҳо ба ҳисоби мукофотҳо Холҳоро дар панели идоракунии мукофотҳо талаб кунед. Талаб накардани Холҳо дар муҳлати аз ҷониби Microsoft муайяншуда метавонад боиси маҳрум шудан аз Холҳо гардад. Пешниҳодҳои мувофиқ метавонанд вобаста аз Минтақа фарқ кунанд ва метавонанд танҳо дар давоми муҳлати муайян дастрас бошанд ё дорои дигар маҳдудиятҳо бошанд. Барои Холҳои дар ҷорчӯбаи Пешниҳоди мазкур дода мешударо дарёфт карда тавонистан, шумо бояд ҳама шартҳои Пешниҳоди мазкурро риоя кунед. Ба шумо метавонанд бевосита дар Панели абзори Rewards ё ҳангоми истифода бурдани маҳсулот ва хидматҳои муайяни Microsoft Пешниҳодҳо намоиш дода шаванд. Баъзан Microsoft метавонад бо салоҳдиди худ ва бо ё бе огоҳии пешакӣ, аз ҷумла барои он чизе, ки Microsoft ҳамчун Ҷустуҷӯи бовиҷдонона мешуморад ва дигар таомулҳо бо хизматрасониҳои Microsoft ба шумо Холҳои иловагӣ пешниҳод кунад ё диҳад.
- vi. Барои мақсадҳои Барномаи мукофотҳо "Ҷустуҷӯ" амали корбари алоҳидаест, ки матнро бо мақсади бовиҷдонона ба даст овардани натиҷаҳои ҷустуҷӯи Bing барои мақсадҳои таҳқиқотии худ дастӣ ворид мекунад; "Ҷустуҷӯ" дархостҳоеро дар бар намегирад, ки барои мақсадҳои воқеии таҳқиқоти шахсии бовиҷдонона пешбинӣ нашудаанд ё истифода нашудаанд ё дархосте, ки аз ҷониби бот, макрос ё дигар воситаҳои автоматикунонидашуда ё қалбакӣ аз ҳар гуна навъ ворид карда шудааст. Барои мақсадҳои барномаи "Мукофотҳо", "Харид" раванди харид кардани молҳо ё боргирӣ ва гирифтани иҷозатнома барои муҳтавои рақамии Microsoft мебошад, хоҳ ройгон бошад, хоҳ пулакӣ. Холҳо на барои ҳар як Харид аз Microsoft пешниҳод карда мешаванд ва маҳдудиятҳои муайян метавонанд татбиқ карда шаванд.
- vii. Манъҳо ва маҳдудиятҳо нисбати Холҳо. Холҳо аз ҷониби Microsoft ба Ҳисобҳои алоҳидаи Rewards дода мешаванд ва наметавонанд ба ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқии дигар интиқол дода шаванд. Бо назардошти муқаррароти дар боло овардашуда, Microsoft метавонад вақт то вақт бо салоҳияти яккаи худ ба шумо иҷозат диҳад, ки (i) Холҳои худро дар хонаводаи худ тақсим кунед (маҳдудиятҳо метавонанд татбиқ шаванд), (ii) Холҳои худро баҳри дастгирии ташкилотҳои ғайритиҷории дар Саҳифаи истифодаи холҳо овардашуда хайр кунед, ё (iii) вобаста аз Минтақаи шумо ва шартҳои дигар, ҳама ё қисми Холҳои худро бо холҳои дигар барномаи мукофотӣ ё муштарии доимӣ, аз ҷумла барномаҳои аз ҷониби Microsoft ё тарафҳои сеюми ваколатдор кор фармуда мешуда, иваз кунед. Холҳо моликияти Microsoft мебошад ва ҳамеша мемонад, ва моликияти хусусии шумо намебошанд; онҳо арзиши нақдӣ надоранд, ва шумо бар ивази онҳо пули нақд гирифта наметавонед. Холҳо ба шумо дар асоси иқдомҳои таблиғотӣ дода мешаванд. Шумо Холҳоро харида наметавонед. Ба истиснои ҳолатҳое, ки шумо бинобар амали беинсофона дар ҳолати номусоид гирифта бошед, Microsoft метавонад шумораи Холҳо ё Мукофотҳоеро, ки мяк шахс ё як хонавода метавонад дарёфт кунад ё истифода барад, ва инчунин муҳлати барои дарёфт ё истифодаи онҳо муайяншударо (масалан, як рӯз) маҳдуд кунад; барои маҳдудиятҳои ҷорӣ ва татбиқшавандаро дидан, ба Саволҳои роиҷ нигаред. Ба ҷузъ аз ҳолатҳое, ки Пешниҳод ё Варианти истифода ба таври возеҳ акси ҳолро изҳор мекунад, Холҳои дар Барнома дарёфтшуда дар ягон гуна барномаи дигари аз ҷониби Microsoft ё тарафҳои сеюм пешниҳод мешуда эътибор дошта наметавонанд ва дар якҷоягӣ бо он барномаҳо истифода шуда наметавонанд. Агар ба Ҳисоби Rewards-и шумо давоми 12 моҳи пайдарҳам ягон Хол илова нашавад ё Холҳои онро истифода набаред, Холҳои истифоданашуда ё ба истилоҳ сарфнашудае, ки ба Ҳисоби Rewards-и шумо рабт доранд, беэътибор дониста мешаванд.
- viii. Истифодаи холҳо. Вариантҳои истифодаи холҳо истифода барои шумо дар Саҳифаи истифодаи холҳо ва дигар сайтҳо ва саҳифаҳои муайяни Microsoft дастрас карда мешаванд. Барои оне, ки шумо Холҳои худро дар ягон Варианти истифодаи Холҳо истифода бурда тавонед, шумо бояд дар Ҳисоби Rewards-и худ миқдори пурраи Холҳои барои Варианти интихобшудаи истифодаи Холҳо лозимро дошта бошед. Шояд танҳо шумораи маҳдуди Мукофоти муайян дастрас бошад ва он Мукофотҳо дар асоси "касе якум биёяд, ба ҳамон хизмат расонда мешавад" пешниҳод карда мешаванд. Аз шумо метавонад талаб карда шавад, ки барои истифода бурдани Холҳо дар Вариантҳои муайяни истифодаи Холҳо маълулмоти иловагӣ ба монанди суроғаи почта ва як рақами телефонии шумо (ғайр аз рақами VOIP ё занги ройгон) ва аз шумо метавонад инчунин хоҳиш карда шавад, ки рамзи пешгирии қаллобиро дохил кунед ё дар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии иловагӣ имзо гузоред. Баъд аз оне, ки Холҳои худро истифода мебаред, Варианти истифодаи Холҳоро бекор кунед ё барои гирифтани ҷуброн баргардонед, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки маҳсулот нуқсон дошта бошад, ё тибқи талаботи қонуни татбиқшаванда. Агар шумо Чунин варианти истифодаи Холҳоро интихоб карда бошед, ки дар захираҳо намондааст ё бинобар сабабҳои дигар дастнорас аст, мо метавонем бо салоҳияти яккаи худ Варианти истифодаи Холҳоро бо дигар варианти дорои арзиши қиёспазир иваз кунем ё холҳои шуморо ҷуброн кунем.
- ix. Microsoft метавонад дар вақти дилхоҳ ва бо сабаби дилхоҳ пешниҳоди Вариантҳои алоҳидаи истифодаи Холҳоро тағйир диҳад ё барҳам диҳад. Баъзе Вариантҳои истифодаи Холҳо метавонанд нисбат ба синну сол ё Минтақа талаботи махсус, ё дигар талаботҳо ва шартҳоро дошта бошанд. Ҳама чунин талаботҳо ва шартҳо дар пешниҳоди мувофиқи истифодаи Холҳо тавсиф карда мешаванд. Шумо барои ҳама гуна андозҳои сатҳи федералӣ, аёлатӣ ва маҳаллӣ ва ҳама гуна хароҷоти марбут ба қабул кардан ва истифода бурдани Варианти истифодаи Холҳо масъул мебошед. Мукофот ба суроғаи почтаи электроние фиристода мешавад, ки бо ҳисоби Microsoft-и шумо алоқаманд аст, ва аз ин рӯ, бояд суроғаи почтаи электронии фаъоли худро истифода баред. Мукофотҳое, ки бурда расонида намешаванд, аз нав дода намешаванд ва бинобар ин, бекор карда мешаванд. Мукофотҳоро дубора фурӯхтан манъ аст. Шумо дар давоми як соли тақвимӣ дар Барномаи Rewards на зиёда аз 550 000 Холро истифода бурда метавонед.
- x. Бекор кардани Ҳисоби Rewards-и шумо. Агар шумо дигар дар барномаи "Мукофотҳ" иштирок кардан нахоҳед, пас дастурҳоро дар саҳифаи дасткашӣ иҷро кунед (https://rewards.microsoft.com/optout), то ҳисоби Rewards-и худро барҳам диҳед. Агар Ҳисоби Rewards-и худро бекор кунед, дарҳол аз ҳама Холҳои дарёфт кардаатон дасткашӣ мекунед ва қоблияти дар оянда дарёфт кардани Холҳои навро аз даст медиҳед. Барои дарёфт кардани Холҳоро аз нав оғоз кардан, шумо бояд Ҳисоби нави Rewards кушоед (аммо Microsoft Холҳоеро, ки қаблан дасткашӣ карда будед, барнамегардонад). Агар шумо давоми 12 моҳи пайдарҳам ба ҳисоби Microsoft-и худ ворид нашавед, Ҳисоби Rewards-и шумо метавонад бекор карда шавад (ва Холҳои шумо лағв карда мешаванд).
- xi. Тағйирот дар Барнома ва қатъи кардани он. Microsoft ҳуқуқ дорад Барномаи Rewards ё дилхоҳ қисми онро бо салоҳияти яккаи худ дар вақти дилхоҳ бидуни огоҳии пешакӣ иваз кунад, тағйир диҳад, қатъ кунад ё бекор кунад. Бо вуҷуди ин, агар Барномаи Rewards бекор ё қатъ карда шавад, мо кӯшиши самимона ва мантиқона мекунем, ки шуморо тавассути почтаи электронӣ ё Лавҳаи абзори Rewards огоҳ кунем ва ба шумо имконият диҳем, ки давоми ақаллан 90 рӯз Холҳои ҷамъ кардаатонро истифода баред, ба ҷузъ аз ҳолате, ки агар мо муқаррар кунем, ки чунин бекоркунӣ бояд бинобар сабабҳои ҳуқуқӣ ё амниятӣ дарҳол эътибор гирад.
- xii. Шартҳои дигар. Агар Microsoft боварӣ дошта бошад, ки шумо ягон ба ҷузъи Барномаи Rewards дахолат кардаед, онро сӯистифода кардаед ё ба таври дигар фиреб кардаед ё ин шартҳоро вайрон кардаед, Microsoft ҳуқуқ дорад Ҳисоби Rewards-и шуморо дарҳол бекор кунад, шуморо аз ҳуқуқи иштироки оянда дар Барномаи Rewards маҳрум кунад, ҳама Холҳои дарёфт кардаатонро лағв кунад ва Вариантҳои истифодаи Холҳоеро, ки шумо дар Барномаи Rewards интихоб кардаед, бекор кунад ё боздорад. Илова бар ин, агар Microsoft муқаррар кунад, ки шумо бинобар сабабҳои ҳуқуқӣ (масалан, қонунгузории содиротӣ) барои қабул кардани ин Варианти истифодаи Холҳо мувофиқ намебошед, Microsoft ҳуқуқ дорад дилхоҳ Варианти истифодаи Холҳоро, ки шумо тавассути Барномаи Rewards дастрас кардаед ё барои дастрас кардани он кӯшиш кардаед, бекор кунад ё боздорад. Бо назардошти он, ки Microsoft кӯшиш мекунад, ки ҳама равандҳо дақиқ бошанд, баъзан хатогиҳо рӯй дода метавонанд. Бо вуҷуди ин, Microsoft ҳуқуқ дорад, ки чунин хатогиҳоро, ҳатто агар ин ба Пешниҳодҳои ҷорӣ ё Холҳо ё Мукофотҳои дар навбат буда, дарёфт карда ё истифода бурдаатон таъсир расонад, дар вақти дилхоҳ ислоҳ кунад. Дар ҳоли сар задани номувофиқат ё ихтилофҳо байни ин шартҳои Барномаи Rewards ё дигар изҳороти дар маводҳо ё таблиғоти марбут ифодашуда, ин шартҳо волоият доранд, ба танзим медароранд ва идора мекунанд.
Azure
- m. Azure. Истифодаи хидмати Azure аз ҷониби шумо бо шартҳои созишномаи алоҳидае ба танзим дароварда мешавад, ки шумо хидматҳоро тибқи он дастрас кардаед ва дар саҳифаи Маълумоти ҳуқуқӣ оид ба Microsoft Azure дар https://aka.ms/AA7z67v баён шудааст.
Microsoft Soundscape
- n. Microsoft Soundscape. Шумо эътироф мекунед, ки Microsoft Soundscape (1) ҳамчун дастгоҳи тиббӣ тарҳрезӣ, пешбинӣ ё дастрас карда нашудааст ва (2) ҳамчун ҷойгузини тавсия, ташхис, муолиҷа ё қарори тиббии касбӣ тарҳрезӣ ё пешбинӣ карда нашудааст ва набояд ҳамчун ҷойгузин барои тавсия, ташхис, муолиҷа ё қарори тиббии касбӣ истифода бурда шавад.
Power Platform
- o. Power Platform. Истифодаи "Power Platform" аз ҷониби шумо бо шартҳои созишномаи алоҳидае ба танзим дароварда мешавад, ки шумо хидматҳоро тибқи он дастрас кардаед ва дар саҳифаи Маълумоти ҳуқуқӣ оид ба "Power Platform" дар "Microsoft Power Platform" (https://www.microsoft.com/en-us/power-platform/business-applications/legal) баён шудааст.
Dynamics 365
- p. Dynamics 365. Истифодаи хидмати Dynamics 365 аз ҷониби шумо бо шартҳои созишномаи алоҳидае ба танзим дароварда мешавад, ки тибқи он хидматҳоро дастрас кардаед, ва ин дар саҳифаи Маълумоти ҳуқуқӣ оид ба Dynamics 365 дар Microsoft Dynamics 365 (https://www.microsoft.com/en-us/dynamics-365/business-applications/legal) ботафсил шарҳ дода шудааст.
Имконитяҳои Copilot AI
- q. Имкониятҳои Copilot AI. Истифодаи шумо аз Таҷрибаҳои Copilot AI (ба истиснои Copilot бо ҳифзи маълумоти тиҷоратӣ) аз ҷониби шартҳо ва шартҳои иловагӣ, ки дар асоси он шумо ин хидматҳоро, тавре дар Copilot - Шартҳои истифода (bing.com) (https://www.bing.com/new/termsofuse#content-policy) муфассал оварда шудаанд, дар якҷоягӣ бо ин Шартҳо ба даст овардаед. Агар шумо корбари Microsoft Copilot бо ҳифзи маълумоти тиҷоратӣ бошед, лутфан, ба ин саҳифа гузашта, шартҳои истифодаро, ки нисбати шумо татбиқ карда мешаванд, дар якҷоягӣ бо ин Шартҳо баррасӣ кунед. https://aka.ms/BCETermsOfUse.
Хизматрасониҳои ЗС
- r. Хизматрасониҳои ЗС. "Хидматҳои ЗС" ин хидматҳо ё хусусиятҳои онҳо мебошанд, ки технологияҳои Зеҳни сунъӣ (ЗС)-ро истифода мебаранд, аз ҷумла ҳама гуна хидматҳои генеративии ЗС.
- i. Машварати касбӣ нест. Хизматрасониҳои ЗС барои ҳамчун ҷойгузини тавсияи касбӣ тарҳрезӣ, пешбинӣ ё истифода бурда намешаванд.
- ii. Азнавсозии барнома. Шумо наметавонед хидматҳои ЗС-ро барои кашф кардани ягон гуна қисмати таркибии моделҳо, алгоритмҳо ва системаҳо истифода баред. Масалан, шумо наметавонед кӯшиш карда, вазнҳои моделҳоро муқаррар ё нест кунед ё аз дастгоҳи худ ягон қисмати хизматрасониҳои ЗС-ро бароред.
- iii. Истихроҷи иттилоот. Агар возеҳ иҷозат нашуда бошад, шумо набояд усулҳои веб-скрейпинг, веб-харвестинг ё истихроҷи иттилооти интернетиро барои истихроҷ кардани иттилоот аз хидматҳои зеҳни сунъӣ истифода баред.
- iv. Маҳдудиятҳо нисбати истифодаи иттилооти аз хидматҳои зеҳни сунъӣ гирифташуда. Шумо наметавонед хидматҳои зеҳни сунъиро ё иттилооти аз хидматҳои зеҳни сунъӣ гирифташударо барои (бевосита ва бавосита) эҷод кардан, омӯзондан ё беҳтар кардани дигар технологияи зеҳни сунъӣ истифода баред.
- v. Истифодаи муҳтавои шумо. Дар чорчӯбаи пешниҳоди хидматҳои ЗС, Microsoft вурудҳои шумо дар хидмати мазкурро, ва инчунин баровардҳои хидматро, барои мақсадҳои назорат ва пешгирии истифода ё баровардҳои бадқасдона ё зараровари хидмат коркард ва нигоҳ медорад.
- vi. Соҳибмулкии муҳтаво. Microsoft иддаои соҳибмулкии ягон муҳтавоеро намекунад, ки шумо ба хизматрасониҳои ЗС пешниҳод мекунед, нашр менамоед, ворид мекунед ё мефиристед ё аз онҳо мегиред (аз ҷумла фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳо). Шумо бояд мустақилона дар бораи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнии худ нисбат ба муҳтавои эҷодкарда ва имкони истифодаи он, бо назардошти сенарияҳои истифодаи худ ва қонунҳои қаламрави дахлдор, муайян кунед. Шумо кафолат медиҳед ва изҳор медоред, ки шумо соҳиби ҳама ҳуқуқҳо ба муҳтавои худ мебошед, ки дар ин Шартҳо тавсиф шудаанд ё ба таври дигар назорат мекунед, аз ҷумла, бе маҳдудият, ҳама ҳуқуқҳои зарурӣ барои пешниҳод, интишор, боргузорӣ, ворид кардан ё фиристодани муҳтаво.
- vii. Маълумоти корбари муҳтаво. Вақте ки шумо хидматҳои ЗС-ро барои тавлиди муҳтаво истифода мебаред, Microsoft метавонад маълумотро дар бораи муҳтаво нигоҳ дорад ва ин маълумот ва муҳтаворо бо маълумоти воридшавии муҳтаво пайваст кунад. Шумо набояд хидматҳои ЗС-ро бо мақсади нест кардан, тағйир додан, норавшан кардан ё пинҳон кардани маълумоти воридшавии муҳтаво ё дигар усулҳо, нишонаҳо ё сигналҳои муайянкунии манбаъ истифода баред ё муҳтаво эҷод кунед, ё ба таври дигар хидматҳои ЗС-ро барои тавлиди муҳтаво бо мақсади гумроҳ кардани дигарон дар бораи он, ки оё муҳтаво бо истифода аз хидматҳои ЗС тавлид шудааст, истифода баред.
- viii. Даъвоҳои тарафҳои сеюм. Барои тибқи қонунгузории татбиқшаванда посух додан ба ҳама гуна даъвоҳои тарафҳои сеюм оид ба истифодаи хизматрасониҳои ЗС (аз ҷумла, дар бобати масъалаҳои марбут ба нақзи ҳуқуқи муаллиф ва дигар даъвоҳои марбут ба бароварди муҳтаво дар давоми истифодаи хизматрасониҳои ЗС аз ҷониби шумо) танҳо шумо шахсан масъул мебошед.
- ix. Маҳдудиятҳои истифодабарӣ. Илова бар риояи 'Қоидаи рафтори' дар боло зикршуда, шумо розӣ мешавед, ки хидматҳои ЗС-ро, аз ҷумла онҳое, ки мустақилона ё бо сатҳҳои гуногуни дахолати инсон қарор қабул мекунанд ё амал мекунанд, истифода нахоҳед кард:
- 1. Барои қабули қарорҳо ё андешидани чораҳо бе назорати дахлдори инсонӣ, ки метавонанд ба мавқеи ҳуқуқӣ, вазъи молиявӣ, имкониятҳои ҳаётӣ, имкониятҳои шуғл ё ҳуқуқи инсони ягон шахс таъсири назаррас дошта бошанд, ё боиси расонидани зарари ҷисмонӣ ё равонӣ ба шахс ё гурӯҳи шахсон гарданд;
- 2. Барои фиреб додан ё қасдан гумроҳ кардан (масалан, рекламаи бардурӯғ), ё истифодаи усулҳои зери шуур (масалан, сигналҳои визуалӣ, шунавоӣ ё дигар сигналҳое, ки берун аз доираи дарки шахси одӣ мебошанд) бо мақсади идора кардан ё таҳриф кардани рафтори шахс ба тарзе, ки боиси зарар мегардад;
- 3. Барои истисмор кардани ягон осебпазирии шахс бинобар синну сол, маъюбият ё вазъияти мушаххаси иҷтимоӣ ё иқтисодии онҳо, бо мақсад ё таъсири ба таври ҷиддӣ таҳриф кардани рафтори он шахс ё шахси ба он гурӯҳ тааллуқдошта ба тарзе, ки боиси расонидани зарари назаррас ба он шахс ё шахси дигар мегардад ё эҳтимолан боиси он мегардад;
- 4. Барои баҳодиҳии иҷтимоӣ ё таҳияи профили пешгӯикунанда, ки ба муносибати табъизӣ, ноодилона, ғаразнок, зараровар, номусоид ё зарарнок нисбат ба шахсон ё гурӯҳҳои муайяни шахсон оварда мерасонад;
- 5. Барои арзёбии хатари ҷинояткории шахсони воқеӣ, ки танҳо дар асоси таҳияи профили шахси воқеӣ ё дар арзёбии хислатҳо ва хусусиятҳои шахсияти онҳо асос ёфтааст. Ин манъкунӣ ба хидматҳои ЗС, ки барои дастгирии арзёбии аз ҷониби инсон гузаронидашавандаи иштироки шахс дар фаъолияти ҷиноятӣ истифода мешаванд ва ин арзёбӣ аллакай дар асоси далелҳои объективӣ ва тафтишшаванда, ки мустақиман ба фаъолияти ҷиноятӣ алоқаманданд, асос ёфтааст, татбиқ намегардад;
- 6. Дар асоси маълумоти биометрии онҳо, барои гурӯҳбандии одамон ё хулосабарорӣ кардан ё тахмин кардани нажод, ақидаҳои сиёсӣ, узвият дар иттифоқҳои касаба, эътиқодҳои динӣ ё фалсафӣ, ё ҳаёти ҷинсӣ ё майли ҷинсии онҳо, ба истиснои ҳама гуна нишонгузорӣ ё филтркунии маҷмӯи маълумоти биометрии ба таври қонунӣ бадастомада, ба монанди тасвирҳо, дар асоси маълумоти биометрӣ ё гурӯҳбандии маълумоти биометрӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ;
- 7. Барои эҷод кардан ё васеъ кардани махзанҳои иттилоотии шинохти чеҳра тавассути ҷамъоварии ғайримақсадноки тасвирҳои чеҳра аз интернет ё сабтҳои камераҳои назорати видеоӣ;
- 8. Барои ҳар гуна технологияи шинохти чеҳра дар вақти воқеӣ дар камераҳои мобилӣ, ки аз ҷониби ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар саросари ҷаҳон барои кӯшиши муайян кардани шахсият дар муҳитҳои беназорат, "дар шароити воқеӣ" истифода мешавад, ки дар бар мегирад (вале бо ин маҳдуд намешавад) кормандони полисро ҳангоми посбонӣ, ки камераҳои ба бадан насбшуда ё ба мошин насбшударо бо истифода аз технологияи шинохти чеҳра барои кӯшиши муайян кардани шахсияти афроде, ки дар махзанҳои иттилотии гумонбарон ё маҳбусони собиқ мавҷуданд, истифода мебаранд; ё
- 9. Барои кӯшиши хулосабарорӣ кардан дар бораи ҳолатҳои эҳсосии одамон аз рӯи хусусиятҳои ҷисмонӣ, физиологӣ ё рафтории онҳо (масалан, ифодаи чеҳра, ҳаракатҳои чеҳра ё намунаҳои нутқ), аз ҷумла хулосабарории эҳсосоте ба монанди хашм, нафрат, хушбахтӣ, ғамгинӣ, ҳайрат, тарс ё дигар истилоҳоте, ки одатан барои тавсифи ҳолати эҳсосии шахс истифода мешаванд;
Хизматрасониҳои алоқа
- s. Хизматрасониҳои алоқа. Хизматрасониҳое, ки алоқаи байни шахсонро имконпазир месозанд, аз ҷумла Skype, Teams, Outlook ва GroupMe, тибқи шартҳои иловагии истифода, ки дар https://aka.ms/useterms ҷойгиранд, дар якҷоягӣ бо ин Шартҳо, танзим мешаванд.
Муқаррароти гуногун
14. Муқаррароти гуногун. Ин қисм ва қисмҳои 1, 9 (барои маблағҳое, ки пеш аз хотимаи ин Шартҳо ба харҷ карда шудаанд), 10, 11, 12, 15, 17 ва онҳое, ки тибқи муқаррароти худ пас ин Шартҳо татбиқ карда машаванд, пас аз қатъ шудани амал ё бекор карда шудани ин Шартҳо амал мекунанд. То дараҷаи бо қонунгузории дахлдор муқарраршуда, мо ҳақ дорем дар вақти дилхоҳ, бе огоҳ кардани шумо. пурра ё қисман ин Шартҳоро интиқол диҳем, нисбати уҳдадориҳои худ тибқи ин Шартҳо шартномаи фаръӣ бандем ё иҷозатномаи фаръӣ диҳем. Шумо ҳақ надоред, ки ин Шартҳоро интиқол диҳед ё ягон ҳуқуқи истифоа Хидматҳоро боздиҳед. Ин созишномаи пурра байни шумо ва Microsoft оид ба истифодаи Хидматҳо мебошад. Он аз ҳамагуна созишҳои қаблӣ байни шумо ва Microsoft дар мавриди истифодаи Хидматҳо бартарӣ дорад. Ҳангоми бастани ин Шартҳо, шумо ба ягон изҳорот, баёния, кафолат, фаҳмиш, уҳдадорӣ, ваъда ё итминон, ба ҷуз аз онҳое, ки мустақиман дар ин Шартҳо муқаррар карда шудаанд, такя накардаед. Ҳамаи қисмҳои ин Шартҳо то ҳадди иҷозатдодаи қонунҳои дахлдор татбиқ мешаванд. Агар ягон суд ё суди ҳакамӣ қарор содир кунад, ки мо ҳаққи амалӣ намудани ягон қисми ин Шартҳоро тавре ки навишта шудааст надорем, мо метавонем он шартҳоро бо шартҳои шабеҳ то ҳадди амалишавӣ тибқи қонуни дахлдор иваз кунем, аммо қисми боқимондаи Шартҳо тағйир намеёбад. Ин Шартҳо бидуни истисно ба манфиати шумо ва мо ҳастанд. Ин Шартҳо ба манфиати ягон шахси дигар, ба ҷуз аз ворисон ва таъиншудагнои Microsoft нестанд. Сарлавҳаҳои қисмҳо танҳо барои маълумот буда, ягон қувваи қонунӣ надоранд.
15. Даъвоҳо бояд дар муддати як сол пешниҳод карда шаванд. Ҳамагуна даъвои марбут ба ин шартҳо ё Хидматҳо бояд дар муддати як сол аз санае, ки шумо даъво пешниҳод карда метавонистед, ба суд (ё суди ҳакамӣ, дар сурати татбиқ шудани қисми 10.d) пешниҳод карда шаванд, ба шарте ки қонуни маҳаллии шумо барои пешниҳоди даъво давраи дарозтареро талаб накунад. Дар сурати дар ин муддат пешниҳод накардан, он бебозгашт беэътибор мешавад.
16. Қонунҳои содирот. Шумо бояд ҳамаи қонунҳо ва қоидаҳои содироти ватанӣ ва байналмилалиро, ки нисбати нармафзор ва/ё Хидматҳо татбиқ мешаванд, риоя намоед, аз ҷумла маҳдудиятҳо оид ба макони таъинот, корбарони ниҳоӣ ва истифодаи нииҳоӣ. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ оид ба маҳдудиятҳои ҷуғрофӣ ва содиротӣ, аз https://www.microsoft.com/exporting дидан кунед.
17. Нигоҳдории ҳуқуқҳо ва изҳори назар. Ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ин Шартҳо нишон дода шудаанд, Microsoft ба шумо иҷозатнома ё ҳар гуна дигар ҳуқуқро зери ҳар гуна патентҳо, ноу-хау, ҳуқуқҳои муаллифӣ, асрорҳои тиҷоратӣ, тамғаҳои савдо ё дигар моликияти интеллектуалии Microsoft ё аз ҷониби он идорашаванда ё ҳар гуна ниҳоди дахлдор намедиҳад, аз ҷумла вале бо ин маҳдуд нашуда, ҳар гуна ном, баста, тамға ё ҳаммонанди онҳоро. Агар шумо ба Microsoft ҳар гуна идея, пешниҳод, таклиф ё изҳори назар пешниҳод кунед, аз ҷумла бе маҳдуд идеяҳо барои маҳсулоти нав, технологияҳо, ташвиқу тарғиб, номҳои маҳсулот, изҳори назари маҳсулот ва такмилҳои маҳсулот ("Изҳори назар"), пас шумо ба Microsoft, бе рӯёнидани маблағ, подошпулӣ ё дигар уҳдадорӣ ба шумо, ҳуқуқи эҷод кардани асарҳои фаръӣ, истифода, мубодила ва фурӯши Изҳори назари худро бо ҳар роҳ ва сабаб медиҳед. Шумо ба Microsoft Изҳори назаре намедиҳед, ки таҳти иҷозатнома қарор дошта бошад ва аз Microsoft талаб намояд, то ки барои нармафзор, технологияҳо ё ҳуҷҷатгузорӣ ба тарафҳои сеюм иҷозатнома диҳад, зеро Microsoft Изҳори назари шуморо ба онҳо дохил мекунад.
ОГОҲИҲО
Огоҳиҳо ва тартиби пешниҳоди даъво оид ба вайронкунии моликияти зеҳнӣ. Microsoft ҳуқуқи моликияти зеҳнии шахсони сеюмро эҳтиром мекунад. Агар бихоҳед оид ба нақзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ огоҳӣ фиристед, аз ҷумла оид ба нақзи ҳуқуқи муаллиф, тартиби моро доир ба пешниҳоди Огоҳиҳо оид ба ҳуқуқвайронкунӣ (https://www.microsoft.com/en-us/legal/intellectualproperty/infringement) истифода баред, ки тартиби ин амалиёт қисми ин Шартҳо мебошад. ТАНҲО БА ДАРХОСТҲОИ БА ИН ТАРТИБ МУВОФИҚ ПОСУХ ДОДА МЕШАВАД.
Ҳангоми вокуниш ба огоҳиҳо оид ба нақзи ҳуқуқи муаллиф, Microsoft равандҳоеро истифода мебарад, ки дар Боби 17-и Кодекси ИМА, Қисми 512, ва куҷое, мувофиқ бошад Боби III-и Низомномаи (ИА) 2022/2065 муқаррар шудаанд. Дар ҳолатҳои мувофиқи мақсад, Microsoft инчунин метавонад ҳисобҳои корбарони хидматҳои Microsoft-ро, ки такроран вайрон мекунанд, қатъ ё ғайрифаъол кунад. Илова бар ин, дар ҳолатҳои мувофиқ, Microsoft метавонад коркарди огоҳиҳои он одамон ё созмонҳоро ба таваққуф гузорад, ки мунтазам огоҳиҳои беасос пешниҳод мекунанд. Тавсифи иловагии тартибҳо барои Хидматҳои алоҳида, аз ҷумла воситаҳои эҳтимолии ҷуброни зарар бинобар қарорҳои аз ҷониби Microsoft дар чорчӯбаи ин тартибҳо баровардашуда, дар Огоҳиҳо оид ба нақз (https://www.microsoft.com/legal/intellectualproperty/infringement) дастрас аст.
Огоҳиҳо ва тартибҳои марбут ба масъалаҳои ҳуқуқи муаллиф дар таблиғот. Доир ба масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи муаллиф дар шабакаи таблиғотии мо дар Дастурҳо оид ба моликияти зеҳнӣ (https://go.microsoft.com/fwlink/?LinkId=243207) маълумот оварда шудааст.
Огоҳиҳо оид ба ҳуқуқи муаллифӣ ва тамғаи тиҷорӣ. Хидматҳо таҳти ҳуқуқи муаллифии ©Microsoft Corporation ва/ё таҳвилгарони он, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, U.S.A. қарор доранд. Ҳама ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Шартҳои мазкур Дастурҳо оид ба тамғаҳои тиҷорӣ ва брендҳоро (https://www.microsoft.com/en-us/legal/intellectualproperty/trademarks) (бо назардошти тағйиру иловаҳои даврӣ) дар бар мегиранд. Microsoft ва номҳо, аломатҳои молӣ ва нишонаҳои ҳамаи маҳсулот, нармафзор ва хидматҳои Microsoft метавонанд тамғаҳои тиҷории қайднашуда ё қайдшудаи гуруҳи ширкатҳои Microsoft дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва/ё юрисдиксияҳои дигар бошанд. Дар поён номгӯи нопурраи тамғаҳои тиҷории қайдшудаи Microsoft, ки дар https://cdn-dynmedia-1.microsoft.com/is/content/microsoftcorp/microsoft/mscle/documents/presentations/TrademarksListFY25Q3.pdf номбар шудаанд, оварда шудааст. Номи ширкатҳо ва маҳсулоти воқеӣ метавонанд тамғаҳои тиҷории моликони мувофиқи онҳо бошанд. Ҳамаи ҳуқуқҳое, ки дар ин Шартҳо мустақиман боздода нашудаанд, ҳифз шудаанд. Баъзе нармафзоре, ки дар баъзе серверҳои вебсайтҳои Microsoft истифода мешаванд, қисман ба кори Independent JPEG Group асос ёфтаанд. Ҳуқуи муаллиф © 1991-1996 Thomas G. Lane. Ҳама ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Нармафзори “gnuplot”, ки дар серверҳои муайяни вебсайти Microsoft истифода мешавад, бо ҳуқуқи муаллиф муҳофизат шудааст © 1986‑1993 Томас Уиллиямс, Колин Келли. Ҳама ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.
Огоҳии тиббӣ. Microsoft ҳеҷгуна машварати тиббӣ ё машварати тандурустӣ, ташхис ё табобат пешниҳод намекунад. Оид ба ҳамагуна саволҳои марбут ба ҳолати тиббӣ, парҳез, саломатӣ ё барномаи беҳдоштӣ ҳамеша бо табиби худ ё мутахассиси тиббии босалоҳият машварат кунед. Ҳеҷ гоҳ дар асоси маълумоти тавассути Хидматҳо гирифтаатон машварати тиббии касбиро сарфи назар накунед ё дар гирифтани он таъхир накунед.
Котировкаи саҳмияҳо ва маълумоти индекс (аз ҷумла қимати индексҳо). Маълумоти молиявие, ки тавассути Хидматҳо пешниҳод карда мешавад, танҳо барои истифодаи шахсии ғайритиҷории шумо мебошад. Шумо наметавонед ҳеҷ кадом аз иттилооти молиявӣ ё қайдҳои дилхоҳ иҷозатдиҳандаи тарафи сеюмро дар робита бо барориш, эҷод, сарпарастӣ, савдо, маркетинг ё таблиғи ҳамагуна воситаҳои молиявӣ ё маҳсулоти сармоягузорӣ (масалан, индексҳо, ҳосилаҳо, маҳсулоти сохторнок, фондҳои сармоягузорӣ, фондҳои дар биржа гардишкунанда, портфелҳои сармоягузорӣ ва ғайра, ки дар он ҷо нарх, фоида ва/ё самаранокии восита ё маҳсулоти сармоягузорӣ, ки ба пайгирии дилхоҳ иттилооти молиявӣ асос ёфтаанд, марбутанд ё тааллуқ доранд) бе розигии хаттии алоҳида бо иҷозатдиҳандаи тарафи сеюм истифода баред.
Огоҳии молиявӣ. Microsoft брокер/дилер ё мушовири сармоягузории қайдшуда тибқи қонунҳои федералии иёлоти Муттаҳида оид ба коғазҳои қиматнок ё қонунҳои юрисдиксияҳои дигар дар бораи коғазҳои қиматнок нест ва ба шахсони алоҳида оид ба қобили маслиҳат будани сармоягузорӣ. харид ё фурӯши коғазҳои қиматнок ё маҳсулот ё хидматҳои молиявӣ машаварат намедиҳад. Ҳеҷ як чизи дар ин Хидаматҳо шомилшуда пешниҳод ё таҳрик оиди хариди коғазҳои қиматнок нест. На Microsoft ва на иҷозатномадорони котировкаи саҳмияҳо ё иттилооти индекси он, ягон маҳсулот ё хидматҳои молиявии мушаххасро тасвиб намекунанда ё тавсия намедиҳанд. Ҳеҷ чиз дар хизматрасониҳо таъйин нашудааст, ки тавсияи касбӣ бошад, аз ҷумла бе маҳдуд, тавсияи сармоягузорӣ ё андоз.
Огоҳӣ дар бораи стандартҳои видеои H.264/AVC ва VC-1. Нармафзор метавонад дорои технологияи кодеки H.264/AVC, ва/ё VC-1 бошад. ки барояш MPEG LA, L.L.C. иҷозатнома додааст. Ин технология формати фишурдани иттилоот барои маълумоти видеоӣ мебошад. MPEG LA, L.L.C. огоҳии зеринро талаб мекунад:
БА ИН МАҲСУЛОТ ТИБҚИ ИҶОЗАТНОМАҲОИ ПОРТФЕЛИ ПАТЕНТ H.264/AVC ВА VC-1 БАРОИ ИСТИФОДАИ ШАХСӢ ВА ҒАЙРИТИҶОРӢ АЗ ҶОНИБИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДА БАРОИ (A) РАМЗ ГУЗОШТАНИ ВИДЕО МУТОБИҚИ СТАНДАРТҲО («СТАНДАРТҲОИ ВИДЕО») ВА/Ё (B) БЕРАМЗСОЗИИ ВИДЕОИ H.264/AVC, MPEG-4 VISUAL ВА VC-1, КИ АЗ ҶОНИБИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАЕ, КИ БА ФАЪОЛИЯТ БО ИСТИФОДАИ ШАХСӢ ВА ҒАЙРИТИҶОРӢ МАШҒУЛ АСТ Ё АЗ ПРОВАЙДЕРИ ВИДЕОИ ДОРОИ ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ПЕШНИҲОДИ ЧУНИН ВИДЕО ИФОЗАТНОМА ДОДА ШУДААСТ. БАРОИ ҲАМАГУНА ИСТИФОДА БА ТАВРИ ДИГАР ИҶОЗАТНОМА ДОДА НАМЕШАВАД. МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГИРО АЗ MPEG LA, L.L.C. ГИРИФТАН МУМКИН АСТ. БА ВЕБСАЙТИ MPEG LA (https://www.mpegla.com) НИГАРЕД.
Танҳо бо мақсади равшаниандозӣ, ин огоҳӣ истифодаи нармафзори тибқи ин Шартҳо пешниҳодшударо барои мақсадҳои тиҷории муқаррарӣ, ки барои он корхона шахсӣ ҳисоб мешаванд ва (i) аз нав паҳн кардани нармафзор ба шахсони сеюм ё (ii) эҷод кардани мавод бо технологияҳои мутобиқ бо СТАНДАРТҲОИ ВИДЕО барои аз нав паҳн кардани нармафзор ба шахсони сеюм пешбинӣ намекунанд, маҳдуд ё манъ намекунад.
Огоҳӣ дар бораи стандартҳои видеои H.265/HEVC. Ин нармафзор метавонад дорои технологияи рамзгузории H.265/HEVC бошад. Access Advance LLC огоҳии зеринро талаб мекунад:
АГАР ДАР БАР ГИРАД, ТЕХНОЛОГИЯИ H.265/HEVC ДАР ИН НАРМАФЗОР АЗ ҶОНИБИ ЯК Ё ЯКЧАНД ДАЪВОИ ПАТЕНТИ HEVC, КИ ДАР ИН ҶО НОМБАР ШУДААНД, ФАРО ГИРИФТА ШУДААСТ: PATENTLIST.ACCESSADVANCE.COM. ВОБАСТА БА ОН, КИ ШУМО ЧӢ ТАВР НАРМАФЗОРРО БА ДАСТ ОВАРДАЕД, ИН МАҲСУЛ МЕТАВОНАД ТИБҚИ ПОРТФЕЛИ ПАТЕНТИИ ПЕШАКИИ HEVC ИҶОЗАТНОМА ДОДА ШАВАД.
Агар ин нармафзор дар дастгоҳи Microsoft насб карда шавад, маълумоти иловагӣ дар бораи иҷозатномадиҳӣ дар ин ҷо пайдо карда мешавад: aka.ms/HEVCVirtualPatentMarking.
ШАРТҲОИ ИҶОЗАТНОМАИ СТАНДАРТИИ БАРНОМА
ШАРТҲОИ ИҶОЗАТНОМАИ СТАНДАРТИИ БАРНОМА
MICROSOFT STORE, MICROSOFT STORE ДАР WINDOWS ВА MICROSOFT STORE ДАР XBOX
Ин шартҳои иҷозатнома созишнома байни шумо ва ношири барнома ҳастанд. Луфтан, онҳоро хонед. Онҳо нисбат ба барномаҳои нармафзорие, ки шумо аз Дӯкони Microsoft, Дӯкони Microsoft дар Windows ё Дӯкони Microsoft дар Xbox боргирӣ менамоед (ҳар яке аз он дар ин шартҳои иҷозатнома ҳамчун "Дӯкон" номида мешавад) татбиқ карда мешаванд, аз ҷумла нисбат ба навсозиҳо ё изофаҳо барои барнома, агар барнома бо шартҳои алоҳида дастрас карда нашавад, пас дар ин ҳолат он шартҳо татбиқ карда мешаванд.
БО БОРГИРӢ КАРДАН Ё ИСТИФОДА БУРДАНИ БАРНОМА Ё КӮШИШИ ИҶРО КАРДАНИ ЯКЕ АЗ ИН ДУ АМАЛ, ШУМО ШАРТҲОРО ҚАБУЛ МЕКУНЕД. АГАР ШУМО ОНҲОРО ҚАБУЛ НАКУНЕД, ШУМО БА БАРНОМА ЯГОН ҲУҚУҚ НАДОРЕД ВА НАБОЯД ОНРО БОРГИРӢ КУНЕД Ё ИСТИФОДА БАРЕД.
Тавре, ки дар Дӯкон муайян карда шудааст, ношири барнома маънои шахси ҳуқуқии иҷозатномадиҳандаи барнома барои шуморо дорад.
Агар шумо ин шартҳои иҷозатномаро риоя кунед, шумо ҳуқуҳои зеринро доред.
- 1. ҲУҚУҚҲОИ НАСБ ВА ИСТИФОДА. АНҶОМИ МУҲЛАТ. Шумо метавонед барномаро дар дастгоҳҳои Windows ё консолҳои Xbox тавре, ки дар Қоидаҳои истифодабарии Microsoft шарҳ дода шудааст, насб кунед ва истифода баред (https://go.microsoft.com/fwlink/p/?LinkId=723143). Microsoft ҳуқуқ дорад, ки Қоидаҳои истифодаи Microsoft-ро дар вақти дилхоҳ тағйир диҳад (https://go.microsoft.com/fwlink/p/?LinkId=723143).
- 2. ХИДМАТҲОИ ИНТЕРНЕТӢ.
- a. Розигӣ бо хидматҳои интернетӣ ё бесим. Агар барнома тавассути Интернет бо системаҳои компютерӣ пайваст шавад, ки метавонад шабакаи бесимро дарбар гирад, он гоҳ истифодаи барнома маънои розигии шуморо бо интиқоли маълумоти стандартии дастгоҳ (аз ҷумла, вале номаҳдуд бо маълумоти техникӣ дар бораи дастгоҳи шумо, нармафзори система ва барнома ва таҷҳизоти периферӣ) барои хидамтҳои интернетӣ ва бесим дорад. Агар дар робита бо истифодаи хидматҳои бо ёрии барнома дастрасшуда аз ҷониби шумо шартҳои дигар пешниҳод шаванд, он шартҳо амал мекунанд.
- b. Сӯиистифода хидматҳои интернетӣ. Шумо ҳақ надоред, ки хидмати интернетиро тарзе истифода баред, ки ба истифодаи он ё шабакаи бесим аз ҷониби каси дигаре зиён ё халал расонад. Шумо ҳақ надоред, ки хидматро барои ба даст овардани дастрасии беиҷозат ба ягон хидмат, иттилоот, ҳисоб ё шабака истифода баред.
- 3. ПРЕДМЕТИ ИҶОЗАТНОМА. Барнома тибқи иҷозатнома дода мешавад, он фурӯхта намешавад. Ин шартнома ба шумо танҳо баъзе ҳуқуқҳои истифодаи барномаро медиҳад. Агар Microsoft қобилияти истифодаи барномаҳо дар дастгоҳи шуморо тибқи шартномаи шумо бо Microsoft ғайрифаъол кунад, ҳамагуна ҳуқуқҳои алоқаманд қатъ мегарданд. Ношири барномаҳо ҳамаи ҳуқуқҳои дигарро нигоҳ медорад. Агар қонуни татбиқшаванда, ба ин маҳдудият нигоҳ накарда, ба шумо ҳуқуқҳои бештар диҳад, шумо метавонед барномаро танҳо ба таври мустақиман дар ин шартнома иҷозатшуда истифода бурда метавонед. Дар ин ҳангом, шумо бояд ҳама маҳдудиятҳои техникиеро, ки ба шумо истифодаи барномаро танҳо бо тарзҳои муайян иҷозат медиҳанд, риоя намоед. Шумо ҳақ надоред, ки:
- a. Ягон маҳдудияти техникии барномаро бартараф кунед.
- b. Барномаро аз нав созед, аз нав таҳия кунед, ба қисмҳо ҷудо кунед, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонуни татбиқшаванда бо вуҷуди ин маҳдудият мустақиман иҷозат медиҳад.
- c. Аз миқдори дар ин шартнома нишондодашуда ё бо вуҷуди ин маҳдудият, аз ҷониби қонуни татбиқшаванда иҷозатшуд зиёдтар нусхаҳои барномаро гиред.
- d. барномаро нашр кунед ё ба таври дигар барои нусхабардорӣ аз ҷониби дигарон дастрас созед.
- e. Барномаро ба иҷора, лизинг ё қарз диҳед.
- f. Интиқол додани барнома ё ин шартнома ба ҳар гуна тарафи сеюм.
- 4. ҲУҶҶАТҲО. Агар бо ҳамроҳии барнома ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда шаванд, шумо метавонед ҳуҷҷатҳоро нусха бардоред ва барои мақсадҳои маълумотии шахсӣ истифода баред.
- 5. МАҲДУДИЯТҲОИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА СОДИРОТ. Барнома метавонад таҳти амали қонунҳо ва меъёрҳои назорати технологӣ ё содиротии Иёлоти Муттаҳида ё байналмилалӣ бошад. Шумо бояд ҳамаи қонунҳо ва қоидаҳои содироти ватанӣ ва байналмилалиро, ки нисбати технологияҳи дар барнома истифодашуда ё дастгиришаванда татбиқ мешаванд, риоя намоед. Ин қонунҳо маҳдудиятҳо нисбати маконҳои таъинот, корбарони ниҳоӣ ва истифодаи ниҳоиро дарбар мегиранд. Барои гирифтани маълумот дар бораи маҳсулоти брендии Microsoft, ба вебсайти содироти Microsoft (https://go.microsoft.com/fwlink/?linkid=868967) гузаред.
- 6. ХИДМАТҲОИ ЁРИРАСОН. Бо ношири барнома тамос гирифта, муайян намоед, ки кадом хидматҳои дастгирӣ мавҷуданд. Microsoft, истеҳсолкунандаи сахтафзори шумо ва барандаи шабакаи бесими шумо (ба шарте ки яке аз онҳо ношири барнома набошад) барои пешниҳод намудани хидматҳои дастгирӣ масъул нестанд.
- 7. СОЗИШИ ФАРОГИР. Ин шартнома, ҳама сиёсатҳои дахлдори махфият, ҳама гуна шартҳои иловагии ҳамроҳи барнома ва шартҳои иловаҳо ва навсозиҳо тамоми шартномаи иҷозатнома байни шумо ва ношири барнома барои барнома мебошанд.
- 8. ҲУҚУҚИ ТАТБИҚШАВАНДА.
- a. Иёлоти Муттаҳида ва Канада. Агар шумо барномаро дар Иёлоти Муттаҳида ё Канада ба даст оварда бошед, тафсири ин шартномаро қонунҳои иёлат ё музфоте, ки шумо дар онҷо истиқомат мекунед (ё, агар корхона бошед, ҷое, ки макони асосии фаъолиятататон дар онҷо ҷойгир аст) танзим мекунад ва дар мавриди, даъвоҳо оид ба вайронкунии он ва ҳама даъвоҳои дигар (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ), новобаста аз принсипи ихтилофи қонунҳо татбиқ карда мешавад.
- b. Берун аз Иёлоти Муттаҳида ва Канада. Агар шумо барномаро дар кишвари дилхоҳи дигар ба даст оварда бошед, қонунҳои он кишвар амал мекунанд.
- 9. ҚУВВАИ ҲУҚУҚӢ. Ин шартнома ҳуқуқҳои қонунии муайянро тавсиф мекунад. Шояд шумо тибқи қонунҳои иёлат ё кишвари худ ҳуқуқҳои дигар дошта бошед. Ин шартнома ҳуқуқҳои шуморо тибқи қонунҳои иёлат ё кишвари шумо тағйир намедиҳад, агар қонунҳои иёлат ё кишвари шумо инро иҷозат надиҳанд.
- 10. ДАСТ КАШИДАН АЗ КАФОЛАТ. Агар дар қонунгузорӣ баръакс пешбинӣ нашуда бошад, ба ин барнома ба тариқи "тавре ки ҳаст", "бо ҳамаи нуқсонҳо" ва "тавре ки дастрас аст" иҷозатнома дода мешавад. Шумо ҳамаи хавфҳои истифодаи онро ба зимма доред. Ношири барнома, аз номи худ, Microsoft (агар Microsoft ношири барнома набошад), барандаи бесим, ки тавассути шабакаи он барнома пешниҳод карда мешавад ва ҳар яке аз шарикон, мизоҷон, агентҳо ва таъминкунандагон («Тарафҳои фарогирифташуда»), ҳеҷгуна кафолатҳо, замонатҳо ё шартҳои мустақим нисбати барнома намедиҳанд. Тамоми хавфи марбут ба сифат, бехатарӣ, қулайӣ ва кори барнома бар зимми шумост. Агар барнома ноқис бошад, шумо ҳамаи хароҷоти зарурии нигоҳубин ё таъмирро бар дӯш мегиред. Шумо метавонед тибқи қонунҳои маҳаллии худ ҳуқуқҳои истеъмолкунандаи иловагӣ дошта бошед, ки ин шартнома онҳоро тағйир дода наметавонад. То дараҷаи бо қонунгузории маҳаллии шумо муқарраршуда, мо ҳама гуна кафолат ва шартҳои ғайримустақим, аз ҷумла қобилияти ба фурӯш рафтан, мувофиқат ба мақсади муайян, бехатарӣ, қуллайӣ ва вайрон накарданро истисно менамоем.
- 11. МАҲДУДСОЗӢ ВА ИСТИСНОИ ҶУБРОНҲО ВА ХИСОРОТ. Ба ҳадде, ки қонун манъ накардааст, агар шумо барои барқарор кардани хисорот асосе дошта бошед, шумо метавонед аз ношири барнома танҳо хисороти мустақимро то маблағи барои барнома пардохткардаатон ё USD$1,00 гиред, кадоме ки калонтар бошад. Агар дар қонунгузорӣ баръакс пешбинӣ нашуда бошад, шумо кӯшиш намекунед, ки аз ношири барнома барои ягон гуна зарар, аз ҷумла зарари бавосита, фоидаи аз даст додашуда, зарари махсус, ғайримустақим ё тасодуфӣ ҷуброн гиред ва аз ҳуқуқи талаб кардани он дасткашӣ мекунед. Агар бо вуҷуди пешбинӣ нашудани гарав ё кафолат дар ин шартҳо қонунгузории маҳаллии шумо таъмини онҳоро талаб кунад, бо назардошти қонунгузорӣ, давомнокии он ба 90 рӯз аз санаи боргирии барнома маҳдуд карда мешавад.
Ин маҳдудият дар ин ҳолатҳо татбиқ мешавад:
- Ҳама чиҳое, ки бо барнома ё хидматҳо тавассути барнома дастрасшуда марбут ҳастанд; ва
- Даъвоҳо оид ба вайронкунии шарӣнома, кафолат, замонат ё шарт; масъулият, хунукназарии қатъӣ ё деликти дигар; вайронкунии оиннома ё низомнома; ё тибқи ягон назария; ҳамааш то ҳадди иҷозатдодаи қонуни татбиқшаванда.
Он инчунин татбиқ мешавад, агар:
- Ин ҷуброн зиёнҳои шуморо пурра барқарор накунад; ё
- Ношири барнома дар бораи иамконияти хисорот медонист ё бояд медонист.
Хидматҳои фарогирифташуда
Маҳсулот, барномаҳо ва хидматҳои зерин бо Шартномаи хидматҳои Microsoft фаро гирифта шудаанд, аммо метавонанд дар бозори шумо дастрас набошанд.
- Account.microsoft.com
- Bing Image and News (iOS)
- Bing Search APIs/SDKs
- Bing Translator
- Bing Webmaster
- Bing.com
- Bingplaces.com
- Clipchamp
- Cortana skills by Microsoft
- Cortana
- Default Homepage and New Tab Page on Microsoft Edge
- Dev Center App
- Device Health App
- Dictate
- education.minecraft.net
- Face Swap
- Feedback Intake Tool for Azure Maps (aka “Azure Maps Feedback”)
- Forms.microsoft.com
- forzamotorsport.net
- Groove Music Pass
- Groove
- GroupMe
- Image Creator from Microsoft Designer
- LineBack
- Link to Windows
- Microsoft 365 Business Standard, Microsoft 365 Business Basic, Microsoft 365 Apps, Microsoft 365 app, Microsoft 365 Copilot, Microsoft 365 Copilot app, and Microsoft 365 Copilot Chat*
- *Until a commercial domain is established for use of these services, at which time separate Microsoft commercial terms will govern instead.
- Microsoft 365 Consumer
- Microsoft 365 Family
- Microsoft 365 Personal
- Microsoft 365 барои интернет
- Microsoft 365 таҷрибаҳои пайвастаи ихтиёрӣ
- Microsoft Academic
- Microsoft Add-Ins for Skype
- Microsoft Bots
- Microsoft Copilot
- Microsoft Defender барои шахсони инфиродӣ
- Microsoft Educator Community
- Microsoft Health
- Microsoft Launcher
- Microsoft Loop
- Microsoft Pay
- Microsoft Pix
- Microsoft Reading Coach
- Microsoft Research Interactive Science
- Microsoft Research Open Data
- Microsoft Rewards
- Microsoft Soundscape
- Microsoft Sway
- Microsoft Teams
- Microsoft Translator
- Minecraft Realms Plus and Minecraft Realms
- Mixer
- MSN (қаблан Microsoft Start)
- MSN Dial Up
- MSN Explorer
- MSN Premium
- MSN Ахбор
- MSN Варзиш
- MSN Молия
- MSN Обуҳаво
- MSN Саёҳат
- MSN Тандурустӣ
- MSN Хӯрок ва нӯшокиҳо
- MSN.com
- Office Store
- OneDrive.com
- OneDrive
- OneNote.com
- Outlook.com
- Paint 3D
- Phone Link
- Presentation Translator
- rise4fun
- Seeing AI
- Send
- Skype in the Classroom
- Skype Manager
- Skype.com
- Skype
- Smart Search
- Snip Insights
- Spreadsheet Keyboard
- Support and Recovery Assistant барои Office 365 аз Microsoft
- Sway.com
- to-do.microsoft.com
- Translator for Microsoft Edge
- Translator Live
- Universal Human Relevance System (UHRS)
- UrWeather
- ux.microsoft.com
- Video Breakdown
- Visio Online
- Web Translator
- Xbox Game Pass
- Xbox Live Gold
- Xbox Live
- Xbox Music
- Xbox Store
- whiteboard.office.com
- Барномаи танзимгари SMS
- Барномаи харитаҳо
- Барномаҳо ва хидматҳои ба Microsoft 365 Basic ҳамроҳшуда
- Барномаҳо ва хидматҳои ба Microsoft 365 Family ҳамроҳшуда
- Барномаҳо ва хидматҳои ба Microsoft 365 Personal ҳамроҳшуда
- Барномаҳо ва хидматҳои ба обунаҳои истеъмолии Microsoft 365 ҳамроҳшуда
- Барномаҳои Bing
- Бозиҳо, барномаҳо ва вебсайтҳои Windows, ки аз ҷониби Microsoft нашр карда шудаанд
- Бозиҳо, барномаҳо ва всайтҳои Xbox Game Studios
- Бозиҳои Minecraft
- Версияи ройгони Microsoft 365
- Галереяи суратҳои Windows
- Дастгирии Microsoft барои истеъмолкунандагон
- Дӯкон
- Дӯкони Windows
- Луғати Bing
- Маҷмуаҳо
- Маҷмуаҳои Microsoft
- Нависандаи Windows Live
- Оилаи Microsoft
- Почтаи Windows Live
- Саҳифаҳои Bing
- Тасвири заминаи Microsoft
- Тахфифи Bing
- Филмсози Windows
- Филмҳо ва ТВ-и Microsoft
- Харитаҳои Bing
- Экрани қулфи навбатӣ
- Ҳалкунандам риёзии Microsoft
- Ҳисоби Microsoft
- Ҷустуҷӯи Microsoft дар Bing
- Ҷустуҷӯи барномаҳои Bing